МАҲСУЛОТ АГАР КОРКАРД ШАВАД...
– Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба ҳадафҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт, тадбирҳои зиёде андешида мешаванд, – иброз дошт Саидбег Идибегзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома.
Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба захираи замин, дастрасӣ ба оби полизӣ ва таъминоти техникаҳои кишоварзӣ нақшаи дурнамои кишти зироатҳоро таҳия ва ба ҳамаи ҷамоатҳои деҳот пешниҳод кардааст. Ба ҳолати 28 апрели соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 769 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳоро гузаронданд, ки 2 гектар аз нақша зиёд мебошад. Ҳамзамон, кишоварзон дар баҳори соли ҷорӣ 636 гектар ғалладонагиҳо, беш аз 300 гектар картошка, 192 гектар зироатҳои техникӣ, 24 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронда, дар майдони 17,52 гектар боғи нав бунёд кардаанд.
– Меҳнаткашони Рашт дар баробари соҳаи рустанипарварӣ ба соҳаи чорводорӣ низ, машғуланд, – гуфт муовини раиси ноҳия. Ба ҳолати 1 апрели соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори ҳайвони калони шохдор 101 ҳазору 636 сарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5347 сар зиёд мебошад.
Саршумори моли майда 253 ҳазору 877 сар буда, нисбат ба соли гузашта 5081 сар зиёд мебошад. Ҳамчунин, хоҷагиҳои ноҳия дар ихтиёри худ 2002 сар асп, 124 ҳазору 195 сар мурғ ва 22 ҳазору 831 оилаи занбӯри асал доранд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 22 миллиону 417 ҳазору 700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба се моҳи соли гузашта 2 миллиону 334 ҳазору 100 сомонӣ зиёд мебошад.
С. Идибегзода, ҳамчунин, тазаккур дод, ки дар ҳудуди ноҳия аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ имкони ташкил кардани фермаҳои хурди чорворо доранд ва тавассути ин имкон даст медиҳад, ки ҳам саршумори чорво зиёд ва ҳам истеҳсоли гӯшту шир то андозае фаровон ва нархи маҳсулоти чорво арзон гардад.
– Мушкили асосии соҳаи чорводорӣ дар набудани нуқтаи замонавии коркарди гӯшту шир мебошад. Аҳолии ноҳия истеҳсолкунандагони асосии ин намуди маҳсулот буда, мардум ширро ба таври суннатӣ каркард ва бо нархи ночиз ба харидорон пешниҳод менамоянд, – иброз дошт муовини раиси ноҳия. Ӯ афзуд, ки дар доираи эълон гаштани Солҳои рушди саноат ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони моро лозим аст, ки вобаста ба имконоти молиявиашон барои таъсис додани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ чораандешӣ намоянд. Агар корхонҳои коркарди маҳсулот бунёд шаванд, онҳо ҳам ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамоянд ва ҳам барои чандин нафар аҳолии ноҳия ҷойҳои кори доимӣ фароҳам меоранд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.06.2023 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)