ФУТБОЛ

17 август 2026, Душанбе
9

ФУТБОЛ

«Регар-ТадАЗ» дар Лигаи даъвати КФО-2026/27 ширкат мекунад

 

Соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2025, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии интихобӣ бар тими «Мазия»-и Малдив пирӯз шуда, роҳхати марҳалаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27-ро ба даст овард.

Дар бозии даври муқаддамотӣ, ки дар Малдив баргузор шуд, «Регар-ТадАЗ» тими «Мазия»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳоро Озодбек Панҷиев, Шерзод Маҳамадиев ва Амирҷон Сафаров ба самар расонданд.

Ҳамин тавр, дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 Тоҷикистонро ду бошгоҳ – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода намояндагӣ хоҳанд кард. Ҳарифони дастаҳои мо дар марҳалаи гурӯҳӣ 20-уми август дар қуръакашии мусобиқа маълум мешаванд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”