ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07 сентябр 2026, Душанбе
16




7-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори мардуми Тоҷикистон, минбаъд низ вазифаҳои худро содиқона, бо масъулияти баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро хоҳанд кард.
Баҳри иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар, бо руҳияи ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат дар майдони Истиқлоли пойтахт, саф ороста буданд.
Ҳайати шахсии ин гузашти тантанавори ҳарбӣ бо арзи эҳтиром ва тибқи қоидаҳои низомӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ пазироӣ намуданд.
Аз омодагии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар гарнизони Душанбе ва иштироки онҳо дар ин гузашти низомӣ вазири мудофиа, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати 35-умин солгарди Ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфтанд.
Гузашти низомӣ бо амри фармондеҳи паради ҳарбӣ, сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Ҳусейн Шокирзода оғоз гардид.
Дар оғози гузашти низомии ин паради бузурги ҳарбӣ дар таърихи давлатдории мустақили миллӣ, парчамбардорони ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиа бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ба майдони Паради ҳарбӣ рамзи соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ворид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ҳангоми қабул гардидани он ва бо эҳтироми хосса арҷ гузоштани Сарвари давлат ба ин муқаддасоти давлатӣ оғоз гардидааст. Он ифодагари таърихи пуршараф, имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқат ба Ватанро бедор менамояд. Сипас, зери навои мусиқии тантанавии оркестри муттаҳидаи ҳарбӣ ва бо роҳбаладии парчамбардорон гузашти мутантани низомӣ оғоз ёфт. Қадамҳои далеронаву ҷасуронаи афсарону сарбозон, маҳорати баланди сафороиву қадамзанӣ ва омодагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои иштирокдор дар майдони гузашти низомӣ аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ шаҳодат медиҳанд.
Паради ҳарбӣ, ки бо тантанаву шукӯҳи хоси ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир шуд, таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиёни мо ба марзу буми аҷдодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин чорабинии пуршукӯҳ бори дигар нишон дод, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти қудратӣ ба шумор меравад.
Дар чорабинии муҳими сиёсии гузашти паради ҳарбӣ роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Ташкил ва дар сатҳи баланди омодагии низомӣ доир намудани паради ҳарбӣ ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам собит месозад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси ҷомеа барои ҳимоя аз Ватан, ҳифзи суботу оромии кишвар, дастовардҳои истиқлол ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум дар ин сарзамини биҳиштманзар доимо омода мебошанд. Онҳо савганди садоқату вафодории хешро ҳамеша ба халқу Ватан ва Пешвои миллат пос медоранд.

Санаи нашр: 07.09.2026 №: 175