ТАБРИКОТИ роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 сентябр 2026, Ҷумъа
4

Дар иртибот ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарони давлатҳо ва шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон эҳтиром ва таманниёти нек изҳор мешаванд.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин:
– Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимонатарини маро ба муносибати Иди миллӣ – Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ноил гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Муносибатҳои байни Москва ва Душанбе дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба таври афзоянда рушд мекунанд, ки инро мулоқоти чанде пеши мо дар Бишкек ба таври комил тасдиқ намуд.
Мо, бешубҳа, муколамаи созандаву пурмазмун ва кори муштараки зичро ҷиҳати боз ҳам афзун намудани тамоми маҷмуи робитаҳои мутаносибан судманди Россияву Тоҷикистон ба нафъи халқҳои ба ҳам дӯсти мо ва манфиати таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин, ба тамоми ҳамватанони Шумо хушбахтиву шукуфоӣ хоҳонам.


Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин:
– Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Шарафмандам, ки ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям.
Тули 35 сол Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар эъмори давлатдорӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҷониби Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ин дастовардҳо сидқан шод аст.
Моҳи майи соли ҷорӣ мо мулоқот кардем ва якҷоя Шартнома дар бораи ҳусни ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, инчунин, Изҳороти муштараки Чин ва Тоҷикистонро дар бораи амиқсозии муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар давраи нав имзо намуда, нақшаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаро тарҳрезӣ кардем.
Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо барои пешбурди раванди ташаккули ҷомеаи дорои тақдири муштараки Чин ва Тоҷикистон баҳри ба даст овардани манфиатҳои бештар барои мардуми ду кишвар кӯшиш ба харҷ диҳам.
Ба Тоҷикистон шукуфоиву ободӣ ва ба мардуми тоҷик хушбахтиву саломатӣ таманно дорам.


Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп:
– Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Барои ман боиси ғояти хушнудӣ аст, ки ба Шумо ва мардуми шарифи Шумо дар таҷлили марҳалаи муҳим дар таърихи ғании Тоҷикистон – 35-умин солгарди Истиқлолият ҳамроҳ шавам.
Решаҳои нерумандии Тоҷикистон аз мардум ва зебоии табиати он маншаъ мегирад.
Аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани соҳибихтиёрии миллӣ, пайвандҳои иҷтимоӣ ва сиёсии Шумо пайваста мустаҳкам шудаанд, ки ин боис ба густариши ҳамкориҳои стратегӣ ва иқтисодӣ бо Иёлоти Муттаҳида гардид.
Ман ҷонибдории устувори Шуморо аз сулҳу субот ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар тамоми ҷаҳон қадр мекунам ва бесаброна интизори идомаи муколамае ҳастам, ки ба он моҳи ноябри соли гузашта дар Кохи Сафед ҳусни оғоз бахшида будем.
Бонуи аввал низ ба ман ҳамроҳ шуда, таманниёти неки худро ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон мерасонад.


Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш:
– Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ба Шумо самимонатарин табрикоти худро изҳор менамоям.
Рӯзҳои миллӣ барои бознигарии роҳи тайкардаи кишвар, саҳми он дар ҷомеаи байналмилалӣ ва ормонҳое, ки ояндаи онро муайян мекунанд, фурсати муҳим мебошанд. Онҳо, ҳамчунин, ба мо арзиши муколама ва ҳамбастагиро дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ хотиррасон менамоянд.
Ҷаҳони имрӯз бо имтиҳони таъхирнопазир рӯ ба рӯст: хотима додан ба ҷангҳо ва пешгирӣ аз сар задани ҷангҳои нав; муқовимат ба буҳрони иқлимӣ; коҳиш додани нобаробарӣ; таъмини истифодаи масъулонаи технологияҳои пешрафта.
Ҳалли ин ва дигар мушкилот тақозо менамояд, ки тааҳҳудоти худро аз нав тақвият бахшем ва ба ҳамкориҳои бисёрҷониба содиқ бимонем, то сулҳу амният таъмин гардида, ба пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намоем ва ҳуқуқи инсонро ҳифз кунем.
Бори дигар, бо камоли хушнудӣ ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати ин Рӯзи фархунда беҳтарин орзуҳои худро мерасонам.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти олии маро қабул фармоед.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев:
– Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шарафёбам, ки аз самими қалб Шумо ва мардуми кишвари дӯсти Шуморо ба муносибати Иди миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таманниёти неки худро изҳор намоям.
Дар ин давраи таърихӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо мардуми дӯсти Тоҷикистон ин Ҷашни бузурги худро бо ба даст овардани натиҷаҳои баланд ва комёбиҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо пешвоз мегирад.
Мехостам, махсусан ислоҳоти густурда ва корҳои созандаеро, ки дар кишвари Шумо дар роҳи баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди устувор амалӣ мешаванд, инчунин, таҳкими ҳамаҷонибаи обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намоям.
Солҳои охир пайвандҳои бисёрасраи бародарӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии халқҳои ӯзбеку тоҷик – дӯстони азалӣ ва ҳамсоягони наздик, ки ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунанд, ба таври бесобиқа рушд ёфтанд.
Дар натиҷаи муколамаи пурмазмун ва гуфтушунидҳои созанда, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Ӯзбекистон моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифтанд, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамаҷониба, дарозмуддат ва мутаносибан судманди мо минбаъд низ ба хотири шукуфоии умумии халқҳоямон пайваста таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, саломатии комил, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳои бузург, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда орзумандам.


Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров:
– Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Қирғизистон ва аз номи худам Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлол аз таҳти дил табрик мегӯям.
Зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо Тоҷикистон ислоҳоти васеъмиқёсро бомуваффақият амалӣ намуда, тамоюлҳои устувори рушди иқтисодиро таъмин мекунад ва дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Ба шарофати кӯшишҳои муштараки мо, муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон имрӯз ба сатҳи баланди шарикӣ расидаанд. Бо хушнудӣ мавҷудияти ҳамдигарфаҳмиро байни кишварҳоямон дар тамоми самтҳои муҳим қайд мекунам.
Дар натиҷаи иқдомҳо ва амалҳои муштараки мо, масъалаҳои сарҳади давлатӣ ҳалли худро ёфтанд ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Бар он боварам, ки ҳамаи ин натиҷаи наздикии таърихӣ ва маънавии ду халқ, инчунин, сатҳи баланди эътимод байни ду давлати бародар мебошад.
Омодагии худро барои идомаи фаъолияти муштараки минбаъда ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ баҳри рушди давлатҳоямон ва ояндаи дурахшони халқҳоямон изҳор менамоям.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон муваффақиятҳо, ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзумандам.


Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов:
– Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, инчунин, аз номи худам сарфарозам ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти кишваратон ирсол намоям.
Солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Туркманистон ба густариш ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳад.
Бо қаноатмандӣ метавон қайд кард, ки кишварҳои мо дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию башардӯстӣ ва дигар самтҳо ҳамкориҳоро бомуваффақият ҳамоҳанг месозанд.
Ман комилан итминон дорам, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо талошҳои муштараки мо ба нафъи халқҳоямон минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва шукуфоӣ, ба аҳли оилаи Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва ободӣ орзумандам!


Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев:
– Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мехоҳам аз номи худам ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуматон табрикоти самимӣ ва беҳтарин орзуҳоямро иброз намоям.
Тули сию панҷ соли охир, таҳти роҳбарии дурбинона ва қатъии Шумо, Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлат, барқарорсозии суботи дохилӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, обрӯ ва мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам кардааст. Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳамаи дастовардҳои он бо номи Шумо алоқаманданд.
Хурсандибахш аст, ки дӯстӣ ва бародарии байни халқҳои мо, ки бо решаҳои муштараки фарҳангиву маънавӣ ва таърихӣ пайванд хӯрдаанд, рӯз ба рӯз мустаҳкамтар шуда, бо мундариҷаи нав ғанитар мегарданд. Бешубҳа, муколамаи фаъол дар сатҳи олӣ, тамосҳои мунтазам ва ҳамкории наздик шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими минбаъдаи ин равобит фароҳам меоранд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои Озарбойҷону Тоҷикистон ва шарикии стратегӣ, ки бар асоси эътимод ба ҳамдигар ва дастгирӣ бунёд ёфтаанд, дар оянда тавассути кӯшишҳои муштараки мо рушд ва тақвият хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳи пойдор, шукуфоӣ ва неъмати зиндагии осоишта таманно дорам.


Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён:
– Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум!
Фарорасии сию панҷумин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки таҷассумгари ҳокимияти миллӣ ва оғози дигаргуниҳои бунёдӣ дар роҳи рушду нумуи он кишвар мебошад, ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамтабори Тоҷикистон самимона табрик мегӯем.
Ин рӯйдоди фархунда ёдовари иродаи қавӣ ва ҳиммати волои мардуми Тоҷикистон дар роҳи истиқлол, иззат ва сарбаландӣ мебошад ва бешубҳа, ин дастоварди бузург мояи ғуруру ифтихори ҳамаи дӯстдорони фарҳангу тамаддуни муштараки мо дар ҷаҳон аст.
Пайвандҳои деринаи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва умумиятҳои тамаддунии ду кишвар ҳамвора сармояи бузурге барои таъмиқу густариши муносибатҳои бародарона будаанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода, бар азми хеш барои тақвияти ҳарчи бештари ин равобит, пешбурди манфиатҳои мутақобил, таъмини суботу амнияти минтақа ва рушди фарҳангу адаби муштарак таъкид менамояд.
Инҷониб зимни таҷдиди табрикоти самимона ва истифода аз фурсат, барои Ҷаноби Олӣ аз даргоҳи Худованди бузург умри бобаракату иззат, тандурустӣ ва комёбиҳои рӯзафзун ва барои мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон саодат, ободӣ ва некрӯзии ҳамешагӣ орзумандам.


Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф:
– Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин, аз номи худам ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.
Покистон ва Тоҷикистон аз муносибатҳои наздик ва бародарона бархӯрдоранд, ки бар пояи таърихи муштарак, ҳамбастагии амиқи фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила асос меёбанд.
Боиси қаноатмандии зиёд аст, ки шарикии стратегии ду кишвар пайваста рушд ёфта, ҷонибҳо дар самти татбиқи ташаббусҳои муштарак, бахусус дар соҳаҳои таҳкими робитаҳои минтақавӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, мудофиа, энергетика ва табодули мардумӣ, ҳамкории зич доранд.
Ҳамзамон, мехоҳам даъвати самимӣ ва деринаи худро ба Ҷаноби Олӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Покистон бори дигар такрор намоям.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, хушбахтӣ ва комёбиҳо, инчунин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтиром ва эътимоди олии маро қабул фармоед.


Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус:
– Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам Шуморо бо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Халқи тоҷик ба ин санаи таърихӣ бо натиҷаҳои назаррас наздик шуд: соҳибихтиёрӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар мустаҳкам мегардад, иқтисодиёт рушд меёбад, шароити зиндагӣ ва меҳнати созандаи аҳолӣ беҳтар мешавад.
Дурандешии сиёсии Шумо ва муносибати ғамхоронаатон ба мероси таърихию фарҳангӣ кафолати рушди босуръати давлат гардиданд.
Ман дӯстӣ ва эътимоди байни худамонро, ки ҳамеша ҳамчун такягоҳ барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Беларус ва Тоҷикистон, инчунин, таҳкурсии шарикии мустаҳками стратегӣ хизмат мекунанд ва ба манфиатҳои Минску Душанбе комилан ҷавобгӯ мебошанд, баланд арзёбӣ мекунам.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатӣ ва хушбахтӣ, ба сокинони Тоҷикистон бошад, сулҳу осоиш ва шукуфоӣ хоҳонам.


Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян:
– Ҷаноби Олӣ!
Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлол сидқан табрик мегӯям.
Итминони комил дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни Арманистон ва Тоҷикистон, ки бар эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтаанд, дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба нафъи халқҳоямон минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред.


Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян:
– Ҷаноби Олӣ!
Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлол самимона табрик мегӯям.
Иқдомҳои пайвастае, ки таҳти роҳбарии Шумо амалӣ мешаванд, барои таҳкими давлатдории Тоҷикистон, рушди иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандони он аҳамияти калон доранд.
Изҳори умед менамоям, ки риштаҳои дӯстӣ ва анъанаҳои устувори эҳтироми ҳамдигарии мардумони арман ва тоҷик минбаъд низ ба пешбурди пайваста ва муттаҳидсозии кӯшишҳо ба нафъи рушди муколамаи сиёсии сатҳи баланд ва ғанӣ гардондани ҳамкориҳои дуҷониба бо барномаҳои ояндадор дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг ва илмиву гуманитарӣ мусоидат хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо саломатии комил, неруи беинтиҳо ва дастовардҳои навин дар татбиқи ҳамаи ташаббусҳоятон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон бошад, сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, эҳтироми амиқи маро бипазиред.


Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд:
– Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон! Худо ҳифзашон кунад!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудист, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли кишварашон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистони бародар пешрафт ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.
Дуруд ва қадрдонии маро лутфан бипазиред.


Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта:
– Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи Иттиҳоди Аврупо ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин табрикоти худро иброз менамоям.
Ин санаи муҳим фурсати муносибест барои ёдоварӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон ва орзуву ҳадафҳои мардуми он. Махсусан, нақши муҳими Тоҷикистонро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои об, энергетика ва пайвастагии минтақавӣ баланд арзёбӣ менамоям.
Таҳти роҳбарии Шумо ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя таҳким ёфта, аҳамияти дипломатияи об ва иқдомҳои марбут ба иқлим дар рӯзномаи байналмилалӣ бештар шудааст. Ҳамчунин, саҳми созандаи Тоҷикистонро дар таҳкими суботи минтақавӣ ва талошҳои он ҷиҳати пешбурди амният ва таҳкими устуворӣ, аз ҷумла дар робита ба вазъ дар Афғонистон, баланд арзёбӣ менамоям.
Иттиҳоди Аврупо омода аст шарикии худро бо Тоҷикистон боз ҳам амиқтар намояд, аз ҷумла тавассути Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта, ки ҳоло мавриди музокирот қарор дорад, инчунин дар доираи ташаббуси «Global Gateway» дар самтҳои иттисоли минтақавӣ, об, энергетика, иқлим ва рақамикунонӣ.
Умедворам, ки ҳамкории зичи худро бо Шумо идома дода, барои пешбурди дидгоҳи муштараки мо оид ба Осиёи Марказии сулҳомез, ба ҳам пайваста, шукуфон ва устувор саҳм хоҳем гузошт.
Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед ва беҳтарин таманниёти маро барои сулҳу шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон бипазиред.
Президенти федеролии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен:
– Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Бо камоли хушнудӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро мерасонам.
Тамосҳои сатҳи баланд, ки соли гузашта баргузор шуданд, ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни кишварҳои мо саҳми назаррас гузоштанд.
Дар пешманзари узвияти Австрия дар Шурои амнияти СММ, мо, махсусан, ба ҳамкории зич дар арсаи бисёрҷониба умедворем.
Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам шахсан ба Шумо тамоми хушиҳои рӯзгор ва ба мардуми Тоҷикистон ояндаи хушбахтонаро орзу намоям.


Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай
Нурлан Ермекбаев:
– Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Табрикоти самимии маро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тули солҳои соҳиб-истиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар роҳи такмил ва навсозии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ, таҳкими обрӯю эътибори кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин, таҳкими нақши хоси Душанбе ҳамчун пешбари ташаббусҳои муҳими глобалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Сиёсати хориҷии пайгиронаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Шумо муайян мешавад, боиси он гардид, ки кишвар тавонист бо аксари давлатҳои ҷаҳон дар асоси баробарӣ, манфиати дуҷониба ва эҳтироми якдигар муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстона барқарор намояд.
Саҳми Шумо дар ташаккул ва рушди институтсионалии Созмони ҳамкории Шанхай хеле назаррас аст. Мехоҳам барои таваҷҷуҳи доимии Шумо ба фаъолияти ин Созмон миннатдории самимӣ изҳор намоям. Бовар дорам, ки талошҳои бисёрсолаи Шумо дар роҳи густариши ҳамкориҳо дар паҳнои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби наслҳои зиёд ба таври шоиста арзёбӣ хоҳанд шуд.
Дар ин рӯзи саид ба Шумо – муҳтарам Ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоии бештар орзумандам.


Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев:
– Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шумо ва тамоми мардуми бародари тоҷикро бо санаи фархунда – 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям!
Дар солҳои рушди соҳибихтиёрӣ кишвари Шумо таҳти роҳбарии обрӯмандона ва оқилонаи Шумо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи давлатдорӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ноил гардид.
Ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони муосир барҳақ бо номи Шумо рабт мегиранд. Шумо дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳ ва ризояти миллӣ саҳми таърихӣ гузошта, барои пешрафти пайваста ва дарозмуддати давлати Тоҷикистон заминаи устувор гузоштед.
Итминон дорам, ки Тоҷикистони бародар бо пайравӣ аз раванди стратегии Пешвои миллат ҳаракати устувори худро ба сӯйи қуллаҳои нави рушду шукуфоӣ идома хоҳад дод.
Дар Қазоқистон дастовардҳои кишвари Шуморо бо хушнудии самимӣ мепазиранд ва мо муносибатҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарро баланд арзёбӣ менамоем. Бовар дорам, ки бо талошҳои якҷоя шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Қазоқистону Тоҷикистон минбаъд низ ба нафъи ду кишвар ва халқҳои бародар таҳким хоҳад ёфт.
Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо – Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, неруи бепоён ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон дастовардҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволию шукуфоӣ хоҳонам.


Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон:
– Ҷаноби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Барои табрикоти самимие, ки ба муносибати ҷашни миллии мо ирсол намудед, ба Шумо изҳори сипос менамоям.
Иҷозат фармоед, дар навбати худ, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол намуда, ба мардуми тоҷик шукуфоӣ орзу намоям.
Ман низ, мисли Шумо, ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаамон, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисод, маорифу илм ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти хосса медиҳам.
Дар шароити кунунии минтақа идомаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории мо дар соҳаи амният аҳамияти махсус дорад. Илова бар ин, дар соли ҷорӣ ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумониямон низ фаъол гардид, ки ба таҳкими робитаҳо байни кишварҳоямон мусоидат мекунад. Ман аз ин самимона хушҳолам. Изҳори умед менамоям, ки мо минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаи худро дар руҳияи эътимод ва эҳтироми мутақобила ба манфиати давлатҳоямон рушд хоҳем дод. Ҷаноби Президент, лутфан, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед.
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер:
– Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро мефиристам.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои моро муносибатҳои хуб ва дӯстона бо ҳам мепайванданд. Ҳамчунин, дар доираи шарики стратегии минтақавии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои мо пайваста густариш меёбанд.
Олмон минбаъд низ ҳамчун шарики боэътимод дар паҳлуи кишвари Шумо хоҳад буд ва аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард, то Тоҷикистонро дар рушди минбаъдаи сохторҳои демократӣ ва волоияти қонун, инчунин, ташаккули низоми иқтисоди бозорӣ дастгирӣ намояд.
Ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон тамоми хушиҳо ва ояндаи амну осуда, озодӣ ва шукуфоиро таманно дорам.


Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла:
– 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон барои ман имконияти хушу муносибро фароҳам меорад, ки ба Шумо – Ҷаноби Президент ва мардуми дӯсти Тоҷикистон аз номи Ҷумҳурии Италия табрикоти ниҳоят самимиро арз намоям.
Муносибатҳои байни кишварҳои мо бар пояи пайвандҳои устувори дӯстӣ ва ҳамкорӣ асос ёфта, аз наздикшавии рӯзафзун оид ба масъалаҳои сершумори мавриди таваҷҷуҳи мутақобил неру гирифта, ба тавсеаи минбаъдаи онҳо равона шудаанд.
Солҳои охир ҳамкориҳо дар сатҳи минтақавӣ ба рушди ин равандҳои мусбат саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин робита, ба мулоқотҳои дарпешистода дар доираи қолаби «Италия – Осиёи Марказӣ», ки фазои афзалиятнок барои амиқсозии муколамаи дуҷониба ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои нави муштарак ба шумор меравад, комёбиҳои ҳамаҷониба орзу менамоям.
Италия, ҳамчунин, рушди муносибатҳои боз ҳам наздиктар ва судмандтари байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро бо қаноатмандӣ истиқбол менамояд ва мутмаин аст, ки ин муносибатҳо ба таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар тамоми минтақа мусоидат мекунанд.
Дар чунин руҳия, ба Шумо – Президент ва ҳамаи ҳамватанони Шумо ба муносибати таҷлили Ҷашни имрӯза бори дигар беҳтарин таманниёти худро иброз менамоям.


Президенти Амороти
Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин
Зоид оли Наҳаён:
– Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Иҷозат фармоед ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо беҳтарин таманниёт ва табрикоти самимии худро баён намуда, бароятон саломатии комилу саодатмандӣ, инчунин, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти тоҷик рушди минбаъда ва шукуфоӣ орзу намоям.


Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган:
– Муҳтарам Президент, бародари азизам!
Аз номи миллатам ва аз номи худам ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрикоти гарму самимии худро мерасонам.
Муносибатҳои Туркия бо Тоҷикистон дар асоси робитаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангии байни мардумонамон асос ёфта аст ва мо бо ифтихор пешрафтҳои бадастовардаи Тоҷикистонро тули 35 сол аз замони истиқлолияташ дар ҳамаи соҳаҳо бо ифтихор пайгирӣ менамоем.
Ман самимона боварӣ дорам, робитаҳои дӯстонаи наздики худро, ки аз арзишҳои муштаракамон неру мегирад, тавассути талошҳои якҷояамон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба, боз ҳам амиқтар хоҳем кард.
Бад – ин васила, бори дигар ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон рифоҳу шукуфоӣ таманно дорам.


Президенти Украина Володимир Зеленский:
– Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии маро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Украина ба муносибатҳо бо Тоҷикистон қадр мегузорад ва ба рушди онҳо дар асоси ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамдигарӣ манфиатдор аст. Ман итминон дорам, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба некуаҳволӣ ва шукуфоии давлатҳо ва мардумони мо мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсати гуворо, ба Шумо – Ҷаноби Президент, саломатии бардавом, неруи бепоён ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳои нав ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.


Президенти Ҷумҳурии Чехия Петр Павел:
– Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Ман бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати мутақобилаи мо густариш хоҳанд ёфт.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои бештарро дар бунёди як кишвари шукуфон ва амн таманно дорам.


Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн Ҳамад ибни
Исо – оли Халифа:
– Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Бо камоли масаррат Шуморо аз номи худ, мардум ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатии кишвари ба мо бародар, самимона табрику таҳният гуфта, таманниёти гарми инҷонибро ба муносибати ин Иди миллӣ арз мекунам.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, шахсан ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, саломативу саодатмандӣ ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро орзу менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, дуруду эҳтироми самимии моро бипазиред.


Президенти Давлати Фаластин, Раиси Кумитаи иҷроияи Созмони озодибахши Фаластин Маҳмуд Аббос:
– Ба Ҷаноби Олӣ, бародари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудии ман аст, ки ба муносибати сию панҷумин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Давлат ва мардуми Фаластин ва шахсан аз номи худам самимонатарин табрикоту беҳтарин орзуҳоро ба Ҷаноби Олӣ иброз намоям.
Аз даргоҳи Худованди мутаол дархост менамоям, ки ин Ҷашни гиромӣ ҳамасола дар ҳоле ба Шумо бозгардад, ки аз сиҳатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои доимӣ бархӯрдор бошед ва ба кишвару мардуми Шумо пешрафт, сарбаландӣ ва шукуфоии ҳарчи бештар насиб гардад.
Дар ин муносибати бошукӯҳи миллӣ мо бори дигар азми худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои муштарак байни кишварҳоямон дар соҳаҳои гуногун, ба манзури таъмини манфиатҳои муштарак, таъкид менамоем. Ҳамчунин, мо мавқеи Тоҷикистонро дар дастгирии ҳуқуқи мардуми Фаластин ва ҳуқуқҳои қонунии миллии он барои озодӣ ва истиқлолият баланд арзёбӣ менамоем.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиром ва қадрдонии амиқи маро бипазиред.


Президенти Ҷумҳурии Исломии Мавритания Муҳаммад валади Шайх ал-Ғазвонӣ:
– Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз!
Ба муносибати таҷлили Рӯзи миллии кишваратон бо камоли хушнудӣ ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки худро иброз дошта, ба халқи бародари тоҷикамон пешрафт ва шукуфоии беназир таманно менамоям.
Инчунин, изҳори омодагии ҷониби хешро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои ҷорӣ миёни ду кишвар, ки бо инобати манфиати тарафайн ба нафъи халқҳоямон равона гардидааст, баён менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред.


Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ:
– Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва аз номи худам, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, ба муносибати фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии худро ирсол менамоям.
Покистон ба робитаҳои таърихӣ ва бародаронаи худ бо Тоҷикистон, ки бар эътиқоди муштарак, наздикии фарҳангӣ, мероси умумӣ ва эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, аҳамияти бузург медиҳад. Мо густариши устувори ҳамкориҳои дуҷонибаи худро дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, ҳамгироӣ ва робитаҳои байни мардумӣ хеле арзишманд меҳисобем.
Мутмаинам, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо – Ҷаноби Олӣ, шарикии бародаронаи мо минбаъд низ амиқтар гардида, ба сулҳу субот, рушди иртибот ва шукуфоии минтақа мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Ҷаноби Олӣ орзуҳои беҳтарини худро барои саломатии бардавом ва муваффақият, инчунин, баҳри сулҳу суботи минбаъда, пешрафт ва некуаҳволии мардуми бародари Тоҷикистон иброз менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред.


Подшоҳи Испания Фелипе:
– Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман ҳамроҳ бо Ҳукумат ва мардуми Испания мехоҳам ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимона ва гарми худро иброз намоям.
Дар ин робита, Ҷаноби Президент, ба Шумо беҳтарин орзуҳои саодату некрӯзӣ ва ба мардуми азизи Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно дорам.
Лутфан, Ҷаноби Президент, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед.


Подшоҳи Малайзия Султон Иброҳим:
– Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти гарму самимии худро ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 2026 таҷлил мегардад, ирсол менамоям.
Малайзия ва Тоҷикистонро дӯстии наздик, ки бар эҳтироми мутақобила ва ормонҳои муштарак баҳри некуаҳволии мардумонамон асос ёфтааст, ба ҳам мепайвандад.
Ба густариши минбаъдаи ҳамкориамон, бахусус дар самти рушди робитаҳои иқтисодӣ ва иртиботи байни мардумони ду кишвар, изҳори умед менамоям. Бигзор талошҳои муштараки мо натиҷаҳои судманд оварда, барои кишварҳоямон ояндаи боз ҳам устувортар ва шукуфонтарро фароҳам созанд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти самимонаи маро барои саломатӣ ва некуаҳволии бардавоми Шумо, инчунин, сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва шукуфоии пайвастаро ба Тоҷикистон қабул фармоед.


Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим:
– Ҷаноби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Малайзия ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарму самимии худро ирсол менамоям.
Риштаҳои бародарии миёни Малайзия ва Тоҷикистон, ки бар эҳтироми мутақобила ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, пайваста таҳким меёбанд. Изҳори умед менамоям, ки ҳамёрии зичи минбаъдаи мо ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат хоҳад кард. Ҳарчанд сафари пешбинишудаи Шумо ба Малайзия дар моҳи июл сурат нагирифт, самимона умедворам, ки дар фурсати барои ҳар ду ҷониб муносиб имкони пазироии Шуморо дар Малайзия хоҳам дошт.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед.


Президенти Маҷористон Андраш Бака:
– Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед, ба Шумо барои табрикот ва таманниёти неке, ки ба муносибати интихоб гардиданам ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Маҷористон ирсол намудед, изҳори сипос намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Маҷористон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ниятҳои неки Шуморо ҷиҳати минбаъд рушд додани ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманд миёни ду кишвар баланд арзёбӣ менамоям.
Ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Маҷористон Шуморо бовар мекунонам, ки таҳким ва таъмиқи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳоямонро муҳим мешуморам.
Лутфан, эҳтироми амиқ ва самимонаи маро бипазиред.


Президенти Ҷумҳурии Булғористон Илияна Йотова:
– Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Аз номи мардуми Булғористон ва аз номи худам ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон самимонатарин табрикот ва таманниёти неки сулҳу субот ва некуаҳволӣ ирсол менамоям.
Ҷумҳурии Булғористон муносибатҳои созандаро бо Тоҷикистон ва саҳми кишвари Шуморо дар таҳкими амнияту субот, ҳусни ҳамҷаворӣ ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ менамояд.
Мутмаинам, ки иродаи қавии сиёсӣ ҷиҳати ба сатҳи шарикии стратегӣ расондани муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин, парафгузории нави Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки иқтидори мавҷудаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари мо уфуқҳои нав мекушоянд.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ барору комёбиҳо орзу карда, эҳтироми амиқи худро иброз менамоям.


Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу:
– Ҷаноби Олӣ!
Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Мехоҳам ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон самимона табрикоти гарми худро ба муносибати Рӯзи Истиқлол расонам.
Дар мулоқоти мо, ки рӯзи 21-уми майи соли 2026 дар Душанбе баргузор шуд, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки чӣ гуна таҳти роҳбарии Шумо, Тоҷикистон ба як намунаи равшани он, ки, дипломатия, ҳамкории амалӣ ва эътимоди мутақобила метавонанд якдигарро тақвият бахшанд, табдил ёфтааст.
Созмони мо аз ҷониби худ, ҳамчунон, содиқона дастгирии Тоҷикистон ва минтақаи васеътарро, бахусус дар самти густариши муколамаи фарогири сиёсӣ ва коҳиши хатарҳо, идома медиҳад.
Ман аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистон бо САҲА самимона миннатдорам ва умедворам, ки ҳамкории наздики мо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми баланди маро бипазиред.


***
Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, Президенти Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Ринкевич, Президенти Ҷумҳурии Юнон Константинос Тасулас, Президенти Ҷумҳурии Федеративии Сомалӣ Ҳасан Шайх Маҳмуд ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Таалатбек Масадиков ва Дабири кулли механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” Сун Вэйдун, ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид оли Мактум ва Мансур бин Зойид оли Наҳаён, ноиби Президент – муовини Сарвазир, вазир оид ба корҳои Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, ҳамчунин, аз номи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ворид гардиданд.

Санаи нашр: 10.09.2026 №: 177-178