САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ РАШТ
![]()
11-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони шарафманди ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст. Ба ин васила, дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо ба дигар минтақаҳо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд.
Сарвари давлат ба кори бинокорон баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти фурудгоҳ ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи Мактаби президентии ноҳияи Рашт
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11-уми сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Иншоот дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои компютерии пайваст ба шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои муосир мусоидат мекунад.
Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология, физика ва озмоишгоҳҳо бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонда шудаанд, ки ин дар омӯзиши донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир хоҳад гузошт.
Синфхонаҳои таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхонаи барҳаво, толори варзиш, майдончаи варзиш ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаи воқеӣ мегузорад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.
Ҳамчунин, барои таъмини хонандагон бо ҷойи зист аз ноҳияҳои дигари минтақа дар назди муассиса 2 бинои алоҳидаи хобгоҳ барои духтарон ва писарон низ сохта шуд. Хобгоҳҳо дорои шароити муосир буда, барои 350 хонанда пешбинӣ мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулон ва омӯзгорони муассиса, дастур доданд, ки бо истифода аз шароит ва имкониятҳои фароҳамшуда дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, омода намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, барои хонандагону омӯзгорони ноҳияи Рашт туҳфаи арзанда ва нишони ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти донишу тафаккури насли ояндаи миллат арзёбӣ гардид.
Ифтитоҳи 15 иншоот дар ноҳияҳои Рашт,
Нуробод, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод
11-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба таври фосилавӣ 15 иншоотро ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор шинос шуданд.
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои шуъбаи маориф, шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт ва қасри ҷавонон мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 барои 700 хонанда дар ду баст ва маркази савдо ифтитоҳ ёфтанд. Дар деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор бошад, меҳмонхонаи Гармчашмаи Вахё ифтитоҳ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи фосилавӣ бо шароити кору фаъолият дар бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Лахш, маркази адлия, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои шабакаҳои барқ шинос шуданд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 барои 350 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи навбунёди Сабзазор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар деҳаи Полезаки деҳоти Ширинчашма барои 350 хонанда дар ду баст ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи навбунёди Сафедмун барои 600 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар маҷмуъ, бо ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Тоҷикобод 1300 хонанда дар шароити замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллиро дар корҳои ободонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти таъиноти гуногунро барои ба талаботи замони муосир мутобиқ шудани шароити хизматрасонӣ, фарогирии мардум ба ҷойи кор ва васеъшавии имкониятҳои истеҳсолӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт муҳим арзёбӣ карданд.
Раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, таҳким бахшидани созандагиҳо ва ҷамъоварии саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор шуданд.
Умуман, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 404 иншоот, Нуробод 270, Лахш 99, Тоҷикобод 94 ва ноҳияи Сангвор 95 иншоот бунёд ёфт.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор бо дарозии 64,5 километр амалӣ мешавад. Ҳамин сол аз Лабиҷар то деҳаи Кафтаргузар сохтмони роҳ бо дарозии 10 километр, бунёди ду пул бо дарозии умумии 148 метр, 18 лӯлаи обгузар бо андозаҳои гуногун, 21 такядевор ва чароғонсозӣ оғоз мегардад.
Лоиҳаи роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон – Зиғар» амалӣ гардонда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи Лабиҷар – Сангвор масъулони дахлдори соҳаро ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии сохтмон бо назардошти талаботи кӯҳистон, ҷалби бештари сармоя ва тезондани раванди корҳо вазифадор намуданд.
Ифтитоҳи корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати
«Саноати хӯроквории минтақаи Рашт»
11-уми сентябр зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати «Саноати хӯроквории минтақаи Рашт»-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат таъсис ёфт. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии иншоот соли 2023 оғоз гардида, моҳи августи соли 2026 ба анҷом расиданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 30 нафар мутахассис ба кор ҷалб гашт. Баробари ба истифода додани корхона 17 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.
Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбати мева дар зарфҳои шишагии ҳаҷмашон аз 0,5 то 1 литр пешбинӣ мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор литр маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ашёи хом барои истеҳсоли шарбат аз хоҷагиҳои минтақа таъмин шуда, барои таъмини аҳолии ноҳияҳои атроф ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона мешавад. Ҳамзамон, имкониятҳои содироти маҳсулоти корхона ба бозорҳои хориҷӣ низ ба назар гирифта шудааст. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи корхонаро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии он 500 метри мураббаъ буда, ғунҷоишаш 600 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Анбори корхона барои нигоҳдории то 200 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Мавҷудияти чунин иқтидори нигоҳдорӣ барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии талафоти он, фароҳам овардани шароити мусоид барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар назди корхонаи мазкур сохтмони корхонаи нави истеҳсоли меваҳои хушк ба нақша гирифта шуда, дар зарфи як сол ба истифода дода мешавад.
Боздид аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт»
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт» дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, обёрии он пурра қатрагӣ мебошад. Дар боғ 18 навъи дарахти мевагӣ – 8 навъи себ, 6 намуд нок, 2 гуна олу ва 2 хел зардолу – парвариш меёбад. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар боғ ҳосили хуб ба даст омада, ҳаҷми ҷамъоварии мева зиёда аз 100 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.
Бунёди боғҳои интенсивӣ ва истифодаи усулҳои муосири обёрӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозор бо меваю маҳсулоти хушсифати ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар як гӯшаи боғи интенсивии «Пайванди Рашт» намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда буд, ки дар он дастранҷи деҳқонону кишоварзони ноҳия муаррифӣ гашт. Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни меваи тару тоза, аз ҷумла себ, нок, олую зардолу ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дида мешуд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва заминҳои ҳосилхез сол ба сол афзуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ заминаи мусоид фароҳам мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо намунаҳои маҳсулот ва дастовардҳои кишоварзони минтақа шинос шуданд ва барои ривоҷи бештари корҳои кишоварзӣ ва бо истифода аз имкониятҳои фаровони мавҷуда афзун намудани саҳми ноҳияҳои водии Рашт дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва иқтидори содиротии кишвар ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
