ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Шоми 11-уми сентябр дар ноҳияи Рашт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми Истиқлол табрику таҳният гуфтанд.
Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди ноҳияҳои водии Рашт барои ободу пешрафта гардондани Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол, минбаъд низ содиқона заҳмат мекашанд.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳу рангини консертӣ пешниҳод гардид.
Устодони санъат ва ҳунармандони водии Рашт аз эҷодиёти шоирон ва оҳангҳои композиторони шинохта дар васфи Ватан, Тоҷикистон, истиқлолу ваҳдат ва Пешвои раҳнамунсоз сурудҳои дилнишин пешкаши меҳмонон намуданд.
Барномаи консертии идона ба ифтихори Ҷашни миллии кишвар бисёр пуршукӯҳу хотирмон ҷараён гирифт.
АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Пас аз анҷоми сафари корӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ дар фурудгоҳ аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо дар корҳои ободонӣ ва таъсиси иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ ёдовар шуда, пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳшавии зиндагии мардумро самараи истиқлоли давлатӣ ва оромии Ватан арзёбӣ карданд.
Намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарияти ноҳия барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои мавҷуда бобати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони баландихтисос, афзалият додан ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди иншооти нав, дастгирии деҳқонон, авлавият додан ба таҷрибаи муосири парвариши зироату ҷамъоварии ҳосил, истифодаи имкониятҳои фаровони табиӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод 69 иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди истифода қарор дода, бо мардум мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд. Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи сатҳи баланди фарҳангӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт иштирок доштанд.
