«ЗАРАФШОН». ДАСТИ КУМАКИ КОРХОНАИ МУШТАРАК БА СОКИНОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

15 сентябр 2026, Сешанбе
14

Корхонаи муштараки «Зарафшон», ки маҳз дар даврони истиқлол рушд карда, намунаи боризи ҳамкории гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсуб мешавад, дар рушди саноат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардондани буҷет дар кишвари мо саҳми хеле назаррас дорад.


Роҳбарияти ин корхонаи бузург ба ифтихори Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниёзмандон, аз ҷумла бошандагони хонаи пиронсолон, муаллимону табибон ва собиқадорон дасти ёрӣ дароз кард. Инчунин, ба сокинони деҳоти Косатарош, Шинг ва Моғиёни шаҳри Панҷакент кумаки яквақтаи иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ, мисли орду равған, расонда шуд.
Ҳини супурдани маҳсулот муовини директори генералии КМ ҶДММ «Зарафшон» Ле Лу иштирок намуда, сокинонро бо Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфт.


Исмоил ЗАРИФӢ, шоир ва рӯзноманигор

Санаи нашр: 15.09.2026 №: 180