САФАРИ РАСМӢ БА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
![]()
МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ ДАР ОРОМГОҲИ МИЛЛИИ КОРЕЯ
16-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд.
Дар макони чорабинӣ қаровули фахрӣ саф кашида буд.
Қабл аз гузоштани гулчанбар меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Корея арзи эҳтиром намуданд. Ба хотири руҳи гузаштагон дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд. Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ дастхат гузоштанд.
Дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея ҳамроҳӣ намуданд.
