ИШТИРОК ДАР НАХУСТИН ҲАМОИШИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲО ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ”

17 сентябр 2026, Панҷшанбе
0

16-уми сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши сарварони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Корея ва сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид шуд, ки вусъатёбии ҳамкории мо дар қолаби “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.
Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” тули солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба сатҳи нишасти сарварони давлатҳо расидани ин қолабро таҷассумгари талошҳои ҳадафмандона ба сӯйи таъмини рушди муштарак ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ба хотири сулҳу суботи пойдор дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон номиданд.
Сарвари давлати мо ташаббуси Ҷумҳурии Корея - “Cиёсати нави шимолӣ”-ро василаи муҳими таҳкими пайвастагии технологии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди пешрафтаи Корея арзёбӣ намуданд.
“Дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад”, - изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 нишони эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ҳифзи сулҳу субот ҳамчун арзиши умумибашарӣ номида шуд.
“Ҳамзамон, бар он назарем, ки талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”, - иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Баҳри амиқтар кардани ҳамкории иқтисодӣ ва эҷоди занҷирҳои устувори таъминот миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Зарурати муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои глобалию минтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза, обшавии пиряхҳо, ҳамкории наздиктари кишварҳо таъкид гардид.
Дар фарҷоми сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ин Ҳамоиш саҳифаи наверо дар таърихи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея боз хоҳанд кард.
Дар фароварди Ҳамоиш аз рӯйи натиҷаи кори он Эъломияи Сеул қабул шуд.
Аз рӯйи натиҷаи чорабиниҳои соҳавии саноат ва зеҳни сунъӣ, ҳамчунин, байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷирҳои таъминот миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ва Ташаббуси шарикии ояндаи зеҳни сунъӣ, илм ва технологияи Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

ШИРКАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАМОИШИ ИҚТИСОДИЮ ТИҶОРАТИИ МУШТАРАКИ "ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ"
16-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки "Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея, сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ин кишварҳо иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми сарварони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоид фароҳам месозад.
Гуфта шуд, ки Ҳамоиши “Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ” метавонад барои ояндаи устувор тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ замина фароҳам орад.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қолаби “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея”-ро заминаи муҳими ҳамкорӣ ва ҷавобгӯйи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳо номиданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, тайи солҳои охир барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардид.
Гуфта шуд, ки қонунгузории кишвари мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯйи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад.
Зимни суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи “сабз”, саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, бонкдорӣ ва молияро муаррифӣ намуданд.
Изҳор гардид, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт.
Дар фарҷом, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз доштанд.

Санаи нашр: 17.09.2026 №: 181