РАШТ. БУНЁДИ ОСОРХОНАИ БА НОМИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ТАЪРИХИСТ

Дар арафаи Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нави фарҳангӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми соҳибкорон бунёд гардида, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи фосилавӣ ифтитоҳ шуд.
Бунёди чунин осорхона дар соли Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти махсус дорад. Истиқлол барои миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки саҳифаҳои таърихи миллӣ аз дидгоҳи нав омӯхта шуда, хизматҳои фарзандони баруманди миллат ба давлату ҷомеа мавриди арҷгузорӣ қарор гиранд.
Нусратулло Махсум аз ҷумлаи шахсиятҳои намоёни сиёсиву давлатии нимаи аввали асри ХХ мебошад, ки фаъолияти ӯ бо марҳалаи муҳими ташаккули сохторҳои давлатии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, таъсиси Осорхонаи ӯ на танҳо гиромидошти хотираи як арбоби давлатӣ, балки арҷгузорӣ ба як давраи муҳими таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.
Омода намудани экспозитсияи Осорхона зери назорати вазири фарҳанг аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент» амалӣ гардид. Ҳангоми таҳияи намоиш кӯшиш карда шуд, ки ҳаёт ва фаъолияти Нусратулло Махсум тавассути ҳуҷҷатҳои таърихӣ, аксҳо ва дигар маводи осорхонавӣ ба таври пай дар пай ва мантиқӣ инъикос гардад.
Яке аз бахшҳои муҳимтарини экспозитсияро ҳуҷҷатҳои таърихии марбут ба Нусратулло Махсум ташкил медиҳанд. Ин маҷмуа аз нусхаҳои ҳуҷҷатҳои аслӣ иборат буда, ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ ва ҷамъиятии ӯро инъикос менамояд.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби пажӯҳишгар Абдуллоҳи Раҳнамо, сармуҳаррири ҳафтаномаи адабию фарҳангии «Адабиёт ва санъат», ҷамъоварӣ гардида, барои муаррифӣ дар экспозитсияи Осорхона пешниҳод шуданд.
Дар экспозитсия ба гиромидошти Нусратулло Махсум дар даврони соҳибистиқлолӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст: фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва шаҳодатномаи №5 оид ба сарфароз гардондани Нусратулло Махсум бо ин унвони олӣ.
Суратҳо аз иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи нимпайкараи Нусратулло Махсум дар ноҳияи Рашт дар соли 2006 ва лаҳзаи супурдани Ситораи Қаҳрамони Тоҷикистон ба духтари ӯ Хосият Махсумова низ қисми муҳими экспозитсияро ташкил медиҳад.
Аз ҷумлаи маводи навтарини намоиш аксҳои марбут ба иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ дар соли 2026 мебошанд.
Бо чунин тартиб, экспозитсияи Осорхона ҳаёт ва фаъолияти Нусратулло Махсумро дар робита бо равандҳои муҳими таърихи сиёсӣ ва давлатдории Тоҷикистон муаррифӣ менамояд.
Осорхонаи Нусратулло Махсум метавонад минбаъд ба яке аз марказҳои муҳими маърифатӣ ва таърихии минтақа табдил ёфта, барои омӯзиш ва муаррифии ҳаёт ва фаъолияти ин арбоби давлатӣ, инчунин, тарғиби арзишҳои давлатдорӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ хидмат намояд.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии
шаҳри Панҷакент
