ТОҶИКИСТОН. АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ТАҲКИМИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

17 сентябр 2026, Панҷшанбе
0


Таҳлили роҳи тайкардаи иқтисоди миллӣ нишон медиҳад, ки кишвари мо дар сею ним даҳсола аз марҳалаи барқарорсозии иқтисоди буҳронзада ба ташаккули заминаҳои нави истеҳсолӣ, энергетикӣ ва инфрасохторӣ расидааст. Вале марҳалаи нави рушд имрӯз дар назди иқтисоди миллӣ масъалаи муҳимтареро мегузорад: чӣ гуна рушди босуръатро ба рушди сифатнок, фарогир ва устувор табдил додан мумкин аст?


АЗ ИҚТИСОДИ БУҲРОНӢ ТО ИҚТИСОДИ РӮ БА РУШД
Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо оғози марҳалаи нави сиёсӣ, балки заминаи ташаккули иқтисоди мустақили миллӣ гардид. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо коҳиши истеҳсолот, заъфи инфрасохтор ва мушкилоти ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамроҳ буданд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи давлат барқарор намудани низоми иқтисодӣ, таъмини суботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъда буд.
Давоми солҳои 2021 – 2025 рушди миёнасолонаи иқтисоди кишвар дар сатҳи 8,5 фоиз таъмин шуда, дар 25 соли охир ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна зиёда аз 7,7 фоизро ташкил дод. Дар панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ду, кишоварзӣ 1,9, гардиши савдои дохилӣ 2,3 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ду баробар афзоиш ёфт. Ин нишондиҳандаҳо аз фаъолшавии бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва тағйироти тадриҷии сохторӣ шаҳодат медиҳанд.


САНОАТ – МЕҲВАРИ ИҚТИСОДИ ОЯНДА
Ҳукумати мамлакат рушди саноатро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян карда, барои истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ташаккули иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
Корхонаҳои нав, рушди истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди саноати сабук дар ташаккули иқтидори истеҳсолии миллӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан ба маблағи беш аз 20 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 36,2 фоиз афзуд. Дар саноати коркард низ рушди 10,5-фоиза ба қайд гирифта шуд.
Бо татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар дар рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, металлургия, истихроҷ ва коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти кимиёӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд шуданд. Аз ин рӯ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 то ба 66,7 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2000-ум қариб 49 баробар зиёд гардид.


ЭНЕРГЕТИКА – САРМОЯГУЗОРӢ БА МУСТАҚИЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ
Энергетика яке аз самтҳои калидии рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар имкон медиҳад, ки неруи барқ на танҳо манбаи таъмини талаботи дохилӣ, балки омили рушди саноат ва афзоиши иқтидори содиротӣ низ гардад.
Сохтмони НБО «Роғун» аз ҷумлаи муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии кишвар мебошад. Аҳамияти иқтисодии чунин лоиҳаҳо танҳо бо истеҳсоли неруи барқ маҳдуд намешавад. Онҳо метавонанд барои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва афзоиши имкониятҳои содиротӣ замина фароҳам оваранд.
Имрӯз кишвар ба марҳалаи нави таъмини энергетикӣ расида, таъминоти аҳолӣ ва иқтисодиёт бо неруи барқ тадриҷан беҳтар мегардад. Ин раванд ба рушди истеҳсолот, беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои нави иқтисодӣ мусоидат мекунад.


КИШОВАРЗӢ ВА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Кишоварзӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Қисми зиёди қувваи кории кишвар дар ин соҳа фаъолият намуда, ҳиссаи кишоварзӣ дар ММД 21,9 фоизро ташкил медиҳад.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ муайян гардид. Барои расидан ба ин ҳадаф ислоҳоти соҳа амалӣ шуда, шаклҳои фаъолияти хоҷагидорӣ таҷдид гардиданд, истифодаи самараноки замин ва кишти такрорӣ роҳандозӣ шуда, боғу токзорҳо васеъ гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ истеҳсоли зироатҳои асосӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Бахусус, истеҳсоли гандум, картошка, сабзавот, полизӣ, мева ва ангур, сол ба сол рушд намуда, минтақаҳои гуногуни кишвар вобаста ба иқтидори истеҳсолии худ ба парвариши намудҳои муайяни маҳсулот бештар мутобиқ гардиданд.
Дар ин давра таҷрибаи истифодаи самараноки замин густариш ёфта, кишти такрорӣ васеъ ҷорӣ шуд. Ҳар сол дар кишвар дар майдони тақрибан 200 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳо анҷом дода мешавад. Истифодаи самараноки замин имкон дод, ки истеҳсоли ғалла 6, картошка 12,6, сабзавот 10,5 ва меваҷот 5,4 баробар зиёд гардад.


35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ – НУҚТАИ ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВ
Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ натиҷаи асосии рушди иқтисодиро метавон чунин ҷамъбаст кард: кишвари мо дар сею ним даҳсола заминаҳои муҳими иқтисоди мустақили миллиро бунёд намуд, инфрасохтори стратегиро рушд дод, иқтидори энергетикиро афзоиш бахшид, саноатро тақвият ва сатҳи камбизоатиро ба таври назаррас коҳиш дод. Бо ин дастовардҳо имрӯз кишвари мо ба марҳалае ворид мешавад, ки дар он сифати рушди иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Даҳсолаи оянда бояд давраи гузариш ба иқтисоде бошад, ки бештар ба истеҳсолоти рақобатпазир, соҳибкорӣ, технология, сармояи инсонӣ ва содироти маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда асос меёбад. Маҳз ҳамин масъала – гузариш аз иқтисоди рӯ ба рушд ба иқтисоди рақобатпазир ва истеҳсолӣ метавонад вазифаи асосии марҳалаи нави рушди Тоҷикистон бошад.
Ҳадафи стратегии иқтисоди миллӣ низ зиёд намудани даромади воқеии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои кор, рушди соҳибкории хусусӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, коркарди амиқи ашёи хом ва коҳиши вобастагӣ аз омилҳои беруна мебошад. Ба ҳамин маънӣ, 35 соли истиқлолро метавон на танҳо ҷамъбасти роҳи тайшуда, балки нуқтаи оғози марҳалаи нави рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.09.2026 №: 181