ДУНЁИ СИРК ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

Бори нахуст дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк – пайвандгари қалбҳо» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Фестивал аз 17 то 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуда, дар он беҳтарин барнома ва намоишҳои сиркӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегардад.
Айни замон Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивал омодагии ҷиддӣ мегирад. Қабули меҳмонони хориҷӣ, баргузории тамринҳои ҳунармандон, омодасозии барномаҳои сиркӣ ва дигар корҳои ташкилӣ идома доранд.
Ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» Бахтиёр Раҳматуллозода, баргузории Фестивали байналмилалии «Дунёи сирк – пайвандгари қалбҳо» дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2023 «Оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои масъулон, дар Фестивал ҳунармандони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ветнам, Венгрия, Муғулистон, Германия, Италия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Яке аз ҳадафҳои асосии Фестивал муаррифии санъати сирк, табодули таҷрибаи ҳунармандон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо мебошад. Иштирокчиён беҳтарин барномаҳои худро пешниҳод намуда, аз рӯйи маҳорати иҷро, навоварӣ, сатҳи касбӣ ва ҷолибияти барномаҳо баҳо мегиранд.
Дар фарҷоми Фестивал беҳтарин ҳунармандон ва барномаҳои сиркӣ муайян гардида, ба ғолибон ҷоизаҳо тақдим мешаванд. Ҳамчунин, барои муайян кардани барандаи Шоҳҷоиза ва ҷоизаи махсуси «Интихоби тамошобин» низ тадбирҳо пешбинӣ шудаанд. Ҷоизаи «Интихоби тамошобин» имкон медиҳад, ки тамошобинон беҳтарин ҳунармандон ва сиркбозони Фестивалро интихоб намоянд.
Баргузории нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи санъати сирк, муаррифии имкониятҳои фарҳангии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг замина фароҳам меорад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
