ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИСТИҚЛОЛ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

21 сентябр 2026, Душанбе
0


Давлат ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоиву таърихӣ на танҳо сохтори сиёсиву ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари амиқи шуури миллӣ ва хиради ҷамъиятии ҳар як халқ мебошад. Кӯшиши бунёди давлат, пеш аз ҳама, решаи маърифатӣ дошта, аз шинохти халқ, таърих, забон, фарҳанг ва ҷойгоҳи таърихӣ сарчашма мегирад. Ба ибораи дигар, давлатсозии миллӣ маҳсули табиии раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, баъди дарк кардани ҳувияти таърихии худ устувор мемонад.
Барои расидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр рамзу рукнҳои миллӣ унсури бисёр арзишманд буда, дар ташаккули тафаккури ҷомеа ва устувор кардани пояҳои давлатдории миллӣ нақши муассир мегузоранд. Ҳамзамон, онҳо чун унсурҳои ҳувиятсоз ба мафкураи миллӣ таъсир мерасонанд ва ҷиҳати устувор гардидан ва шакл гирифтани давлати соҳибихтиёр мусоидат менамоянд. Аз нигоҳи назарӣ ва фалсафӣ, робитаи мустақим миёни се падидаи ба ҳам вобаста – шуури таърихӣ, худшиносии миллӣ, давлатдории устувор занҷираи мантиқии ин равандро ташкил медиҳад.
Барои дарки амиқтари масъала миллат нақши калидӣ бозида, бо муштаракоти забон, сарзамин, ҳаёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои равонию фарҳангии муштарак пояи устувор мегирад. Ҳувияти миллӣ бошад, маҷмуи тасаввурот, арзишҳо ва рамзҳоест, ки ҷомеаро ба як миллати муайян мансуб мегардонад. Дар илми ҷомеашиносии муосир ду равиши асосӣ дар масъалаи миллат вуҷуд дорад: равиши бунёдгаро (примордиалистӣ), ки миллатро падидаи табиӣ ва деринаи таърихӣ медонад ва равиши созишгаро (конструктивистӣ), ки миллатро натиҷаи раванди огоҳонаи ташаккули шуури ҷамъиятӣ мешуморад. Таҷрибаи давлатсозии тоҷикон нишон медиҳад, ки ин ду равиш якдигарро истисно намекунанд. Миллати тоҷик решаи амиқи таърихӣ дошта, баҳри эҳёи хотираи таърихӣ огоҳона талош мекунад ва тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди давлатсозиро амалӣ мегардонад. Решаҳои таърихи халқи тоҷик аз давраи Пешдодиёну Каёниён ва тамаддуни ориёӣ сарчашма гирифта, минбаъд дар давраи Сомониён ташаккул меёбад ва дар давраҳои баъдӣ шакл гирифта, дар аввали садаи бистум ба ҷумҳурии мустақил табдил ёфт. Дар давраи истиқлол бошад, тоҷикон соҳиби рамзҳои давлатӣ гашта, мустақилона ҳамчун давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, барои мо эҳёи хотираи таърихӣ омили муттаҳидсоз ва давлатсоз ба шумор рафта, дар ташаккули худшиносии мардум таъсири босазо мерасонад.
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои тобеи он ҳар кадом худро давлати мустақил ва соҳибихтиёр эълон намуда, бо роҳи осоишта пояҳои давлатдориашонро устувор гардонданд ва баҳри бартараф сохтани мушкилоти иқтисодиву сиёсии мавҷуда талош варзиданд. Аммо Тоҷикистон бинобар сабабҳои субъективӣ, таъсис ёфтани ҳизбу ҳаракату созмонҳои беҳисоб, ки иддае аз онҳо, минҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҳамон оғози фаъолияташон зиёдаравиву тундравиро пеша карда буданд, дахолати бевоситаву бавоситаи баъзе доираҳои манфиатҷӯйи хориҷӣ ва аз ҳама асосиаш, заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ натавонист ин зинаи гузаришро орому босубот тай намояд ва аввал ба буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва пасон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.
Ҷанги шаҳрвандӣ беш аз панҷ сол, аз соли 1992 то нимаи соли 1997 идома ёфт ва талафоти зиёди моддиву маънавӣ ба бор овард. Дар ин муддат, тибқи арзёбии коршиносони дохиливу хориҷӣ, талафоти ҷонӣ ба даҳҳо ҳазор нафар расида, зиёда аз як миллион нафар тарки кишвар кард. Бештари хонаву манзил, молу ашё ва инфрасохтори иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон, баъзе шаҳру навоҳии водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон валангор ва ё ба нестӣ расида, хисороти иқтисодии ҷанг миллиардҳо доллари амрикоиро ташкил дод. Ин талафоти бесобиқа барои давлати тозаистиқлоли мо ниҳоят гарон омад ва давлату Ҳукумати кишварро ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ намуд.
Сабаб ва решаҳои ин буҳронро дар чанд омили ба ҳам алоқаманд, минҷумла, заиф будани пояҳои мафкураи ягонаи миллӣ ва худшиносии умумидавлатӣ, ноустувору нокоромад гаштани ниҳодҳои давлатӣ, ғалабаи мафкураи маҳалгароӣ ва музофотӣ бар манфиати умумимиллӣ, надоштани таҷрибаи давлатдории мустақил дар даврони муосир, метавон ҷустуҷӯ намуд. Ба ибораи дигар, аҳли ҷомеа дар он айём ба дараҷаи зарурӣ ба камолоти сиёсиву фарҳангӣ нарасида буд ва маҳз ҳамин холигоҳи маънавӣ заминаи бархӯрди манфиатҳои ночизи қишрҳои мухталифи ҷомеа гардида, оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.
Дар ин давраи бисёр мушкили сарнавиштсоз хиради азалии халқи тоҷик, азму талоши фаъолони ҷомеа ва саъю кӯшиши иддае аз вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ҷаҳолат ғолиб омад ва ҷиҳати пешгирии вусъати ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешида шуд. Бо ин мақсад, зарурати баргузор намудани Иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он вақт ягона сохтори давлатии амалкунандаи қонунӣ буд, пеш омад ва аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд (алъон ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин Иҷлосия, ки воқеан барои миллату сарзамини мо тақдирсоз гардид, вазъи сиёсии кишвар мавриди муҳокимаву баррасиҳои ҷиддии вакилони халқ қарор гирифт, рамзҳои давлатӣ – Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, санадҳои дахлдор барои ба эътидол овардани авзои ҷомеа, бозгардондани гурезагон ва авфи умумӣ ба тасвиб расиданд.
Маҳз дар ҳамин Иҷлосия дар таърихи 19-уми ноябри соли 1992 вакилони халқ бо аксарияти овозҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд ва дар чунин айёми басо душвори таърихи навини кишвар амалан сарварии давлат бар уҳдаи эшон афтод. Роҳбари ҷавону дурандеш пеш аз ба минбар баромадан ба нишони садоқату вафодорӣ ба миллату Меҳан дар назди муқаддастарин рамзи давлатӣ – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварда, онро бӯсиданд. Ин нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ ва қасами фидокорӣ дар назди Ватан ва кулли мардуми Тоҷикистон буд. Раиси Шурои Олии тозаинтихоб дар нахустин суханронии худ бо қатъият таъкид намуданд: «Ман барои халқи азизам, барои Тоҷикистон сулҳ меорам ва тамоми қуввату таҷрибаи кориамро баҳри ҳалли буҳрони сиёсӣ ва барқарор кардани ваҳдати комил дар мамлакат сарф менамоям». Ин суханони саршори меҳру самимият, ки аз ниҳоди поку нияти неки Сарвари ҷавони кишвар дарак медоданд, нахустин қадами ҷиддӣ дар роҳи сулҳофаринӣ маҳсуб ёфта, дар дили мардуми азияткашидаи кишвар шуълаи умеду боварро ба фардои рӯшану беҳтари Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд.


Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро аз сулҳофаринӣ оғоз намуданд, дар минтақаҳои ҷангзада оқибатҳои ногувори бесомониҳои дар кишвар баамаломадаро бо чашмони худ мушоҳида карда, ба хулосае омаданд, ки ягона роҳи наҷоти миллату сарзамин ваҳдату ягонагии кулли шаҳрвандони кишвар мебошад. Бад-ин манзур барои дастёбӣ ба сулҳу ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ дар байни намояндагони Ҳукумати қонунӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки дар хориҷи кишвар сукунат доштанд, борҳо бо роҳбарони кишварҳои ҳамсоя, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мулоқот намуданд. Бо вуҷуди нобасомон будани вазъи кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷуръату ҷасорати ба худ хос борҳо ба он кишвар сафар карда, бо роҳбарони Иттиҳоди мухолифини тоҷик рӯ ба рӯ нишаста мулоқот намуданд ва чунин муносибат бовару эътимоди мухолифонро ба ниятҳои неки Сарвари давлати Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ бештар намуд.
6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавишти миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва тавассути баргузории интихоботи умумихалқӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Баъди ин рӯйдоди таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи «ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро ҳамчун унсури таҳкими давлатдорӣ ва муттаҳидсозии тамоми минтақаҳои кишвар пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби халқ бо дилгармии афзун пазируфта шуд. Маҳз ғояи мазкур имкон фароҳам овард, ки мардум дар атрофи Сарвари худ муттаҳид шаванд ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф намоянд.
Ҷаҳду талошҳои собитқадамонаи Роҳбари давлат дар роҳи эҳёи сулҳу ваҳдат ниҳоят натиҷаи дилхоҳ дод ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади тақдирсоз на фақат пеши роҳи ҷангу хунрезиро гирифт, балки барои расидан ба сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Бар хилофи иддаои баъзе намояндагони кишварҳои манфиатҷӯ ҳар ду тараф, ки хоҳони сулҳу оштӣ буданд, тавассути гуфтушунид ба мувофиқа расиданд.
Барои дар амал татбиқ намудани бандҳои Созишномаи сулҳ Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд, ки дар он тарафҳои даргир ба таври баробар намоянда доштанд. Тибқи механизми созиш, ба Иттиҳоди мухолифини тоҷик 30 фоизи вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ҷудо гардид ва ба ин васила намояндагони мухолифон ҳам ба сохторҳои давлатӣ ва низомии кишвар шомил гардиданд. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 60 ҳазор гуреза аз хоки кишвари ҳамсоя – Афғонистон ба Ватан баргардонида шуда, яроқу аслиҳае, ки бо роҳҳои мухталиф ба дасти мардум афтода буданд, ҷамъоварӣ гардиданд ва ҳамаи гуноҳҳое, ки намояндагони ҳар ду тараф дар солҳои нобасомонӣ содир карда буданд, бахшида шуданд.
Ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ буд, ки дар он ба ҷойи саркӯбу интиқом роҳи созиш, ҳамдигарбахшӣ ва ҳамгироӣ интихоб гардид. Аз нигоҳи назарӣ, ин таҷриба собит кард, ки ваҳдати миллӣ на як шиори сиёсӣ, балки шарти воқеии бақои давлат ва пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад. Бо ҳамин хотир, Рӯзи ваҳдати миллӣ (27-уми июн) ба рамзи муҳимтарин дастоварди давлатдории навин табдил ёфтааст. Боиси хушнудист, ки дар илми муосири сиёсатшиносӣ ва низоъшиносӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи бунёди сулҳ ва модели беназири ҳалли осоиштаи низоъ эътироф гардида, дар мактабҳои сулҳшиносии ҷаҳон омӯхта мешавад.
Аз нигоҳи назарияи давлат, рукну рамзҳои давлатӣ на танҳо нишонаҳои расмии соҳибихтиёрӣ, балки ҷавҳари ҳувияти миллӣ ба шумор мераванд, ки таърих ва ормонҳои миллиро дар шакли мукаммал ифода мекунанд. Ҳар рамз вазифаи муайяни маърифатӣ ва тарбиявӣ дошта, дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси мансубият ба давлатро қавитар месозад. Аз ин ҷиҳат, рамзҳои давлатӣ ҳамчун иқдоми амиқи ҳувиятсоз дар ташаккули давлати миллӣ нақши бисёр муҳим доранд. Махсусан, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Тоҷикистон ба сифати рамзҳои муҳими давлатӣ барои устувор гардидани ғояи ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишвар нақши калидӣ мебозанд. Дар баробари ин рамзҳои ҳувиятсоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқӣ, забони давлатӣ рукни асосии ҳувияти миллӣ, пули миллӣ (сомонӣ) муҳимтарин омили муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, пойтахт – шаҳри Душанбе маркази сиёсиву фарҳангии кишвар ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амнияту истиқлоли кишвар буда, унсурҳои дигари асосии давлатдории миллӣ мебошанд. Ҳамаи ин унсурҳо, дар маҷмуъ, низоми томи давлатдории миллиро ташкил медиҳанд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала рушду такомул ёфтаанд.
Ҷолиби диққат аст, ки бисёре аз ин рамзҳо решаи амиқи таърихӣ доранд ва гузаштаро бо имрӯз пайванд месозанд. Масалан, номгузории пули миллӣ ба «сомонӣ» ва интихоби ҳайкали Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи имтидоди давлатдории миллии тоҷикон на танҳо рамзи миллист, балки аз қудрату матонати тоҷикон дар тули таърих дарак медиҳанд. Ба ин тартиб, рамзҳои давлатӣ вазифаи дугонаро иҷро карда, аз як тараф, соҳибихтиёрии ҳуқуқии давлатро дар арсаи байналмилалӣ таъмин менамоянд, аз ҷониби дигар, ба ҳамгироии дохилии ҷомеа ва мустаҳкам кардани ҳисси ягонагии миллӣ мусоидат мекунанд. Маҳз ба ҳамин сабаб, дар назарияи давлат қабули рамзҳои давлатӣ яке аз нахустин ва муҳимтарин марҳалаҳои ташаккули давлатдорӣ ба шумор меравад.
Дар миёни унсурҳои ҳувиятсоз забон ҷойгоҳи хосса дошта, на танҳо василаи муошират, балки ганҷинаи хотираи таърихӣ ва унсури асосии фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ раванди тулонӣ дошта, чандин марҳаларо тай кардааст. Ҳанӯз 22-юми июли соли 1989 Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи забон» қабул гардид ва забони давлатӣ «забони тоҷикӣ (форсӣ)» номида шуд. Ин таъкид аз ҷиҳати илмӣ басо муҳим буда, ягонагии таърихии забони тоҷикиро бо забони форсӣ эътироф менамояд. Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994, забони тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон эълон гардид. Баъдан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки мақоми забони тоҷикиро ба таври мукаммал танзим менамояд. Дар ин марҳалаи таърихӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи забони тоҷикӣ дар соҳаҳои идора, илм, таълим ва фарҳанг тақвият ёфта, ба забони давлатдорӣ мубаддал гардид. Президенти кишвар дар асари бунёдии худ «Забони миллат– ҳастии миллат» (иборат аз ду ҷилд) забонро на танҳо василаи муошират, балки ҳастӣ ва мояи бақои миллат арзёбӣ намудаанд.
Аз нигоҳи забоншиносӣ забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ се шохаи як забони муқтадир (форсӣ-тоҷикӣ) буда, ба гурӯҳи забонҳои эронии ҷанубу ғарбии оилаи ҳиндуаврупоӣ мансуб мебошанд. Таърихи алифбои забони тоҷикӣ низ ин пайвандро таъйид мекунад. Тоҷикон қарнҳо аз хатти форсӣ-арабӣ истифода мебурданд ва мероси хаттии муштаракро бо форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ дар якҷоягӣ фароҳам овардаанд. Соли 1929 хатти меросии тоҷикон ба лотинӣ ва соли 1940 ба сириллики русӣ иваз карда шуд. Ин дигаргуниҳо ҳарчанд дастрасии бевоситаи мардумро ба сарчашмаҳои классикии хатти арабиасос маҳдуд намуданд, моҳияти забониро тағйир дода натавонистанд. Заминаи муштараки классикии ин се шоха осори ҷовидонаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизу Мавлонои Балхӣ ва садҳо нобиғаи илму адаб мебошанд, ки мероси муштараки мардуми Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, тоҷикону эрониёни Осиёи Марказӣ ва кулли форсизабонҳои дунё ба шумор мераванд. Тафовути асосии онҳо бештар дар алифбо (сириллики русӣ дар Тоҷикистон, форсӣ-арабӣ дар Эрону Афғонистон) ва баъзе вижагиҳои овоиву лаҳҷавӣ буда, дар сохтори бунёдӣ қариб, ки тафовуте надоранд. Лозим ба таъкид аст, ки забони осори классикии форсӣ барои тоҷикон назар ба мардуми кишварҳои дигари ҳамзабон фаҳмотару дастрастар аст. Ин муштаракону ҳампайвандӣ имрӯз заминаи мустаҳками ҳамкории фарҳангии се кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тоҷикони Осиёи Марказиро ба вуҷуд овардааст. Дарки ин ягонагӣ ба тоҷикон имкон медиҳад, ки худро барҳақ вориси яке аз бузургтарин тамаддунҳои забониву адабии ҷаҳон бидонанд.


(Идома дорад)
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академик

Санаи нашр: 21.09.2026 №: 183