ҲАБИБИ ВАТАН

25 сентябр 2026, Ҷумъа
16


Ба Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон


Маҳбуби ҷаҳонию ҳабиби ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби ватанӣ...


ФАРЗОНА, Шоири халқии Тоҷикистон


НОМАИ СУЛҲУ МУҲАББАТРО ДАБИРӢ, ПЕШВО!


Рӯзи дидор аст, дидори мунири Пешво,
Офтобӣ дидаам роҳи ҳарири Пешво.
Ин қадар оинаҳо хушбахт аз дидори Шамс
Сад чаман оина гулзори замири Пешво.
Миллати тоҷик садҳо сол дар ёде набуд,
Кард машҳури ҷаҳон номи шаҳири Пешво.
Ӯ наҷоти миллат, оре, Қаҳрамони миллат аст,
Безаволӣ бод бахти беназири Пешво.
Бо дуои модари ғамхор бо арзи адаб,
Кибриёӣ шуҳрати олампазири Пешво.
Рӯзи ид омад чу тафсир аст бар иди ҳама,
Офтоб аз бахти ин миллат сафири Пешво.
Хатми ғам хоҳам намуду хатми андуҳи гарон,
Шукри дидори азизу беназири Пешво
Баски бо рафтору гуфтораш ҳама зебоӣ аст,
Қалби халқи оламе дидам асири Пешво.
Офтобимартабат, яктои олисалтанат
Номаи сулҳу муҳаббатро дабирӣ, Пешво.
Тифл дар гаҳвора мехобад ҳама осуда аст,
Пеши роҳи ҷангро мардона гирӣ, Пешво.
Ҳар ятимеро падар, бар ҳар ҷавоне сарпараст,
Баъди Эзад тоҷиконро дастгирӣ Пешво.
Халқро шаҳномахон кардӣ, ба ирфони худат,
То нависӣ бахти миллат, хома гирӣ Пешво.
Бо паёми хоҳарона бо дуои модарон,
Нашр кардам ашки шодӣ, беназирӣ Пешво.


Адибаи ХУҶАНДӢ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ


ҒАМХОРИ ВАТАН
Чашматон равшан, чинористони бедори Ватан,
Навбаҳоре мерасад пазмони дидори Ватан.
Боз Хуршеди каёнӣ парчамафшон омада,
Рӯи боми қасрҳои кӯҳдевори Ватан.
Нам-нами борони раҳмат мерасад аз осмон,
Чун дуои боғбон бар боғи пурбори Ватан.
Навниҳолон дасти гул бо ҳам диҳанд аз хуррамӣ
Ошиқона дар раҳи ёрони ғамхори Ватан.
Ид омад, Иди Наврӯзи пур аз нуру сафо,
Бар дари ҳар хонаву ҳар кӯю бозори Ватан.
Даштҳо пироҳани атлас ба бар доранд боз,
Бо чаканпӯшони гул шайдову саршори Ватан.
Тоҷи Ҷамшед аз ҷилои меҳр рахшон гаштааст,
Маснадаш тахти баланди бахтосори Ватан.
Андалебонро зи нав ишқи сурудан мерасад,
Ҳамнавои шоирони шаҳдгуфтори Ватан.
Ҳеҷ иде инчунин зебову нотакрор нест,
Мисли оҳанги Ҳумоюн дар чаманзори Ватан!


ОЗАРАХШ, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 24.09.2026 №: 186