БОЗИҲОИ ОСИЁ

28 сентябр 2026, Душанбе
11


Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 5 расид
20-ум даври Бозиҳои Осиё дар шаҳрҳои Айчи ва Нагаяи Ҷопон идома дорад.
Дар рӯзи ҳафтум мусобиқа оид ба кураш шуруъ шуд, ки варзишгари маъруфи кишвар Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг сазовори медали нуқра шуд. Ин панҷум медали ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳо мебошад. Қаблан варзишгарони мо дар намуди санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) ба гирифтани 3 медал – 2 тилло, 1 нуқра – даст ёфтанд. Медалҳои тиллоро Мирзобек Умаров дар вазни 60 кг ва Отабек Раҷабов дар вазни 65 кг сазовор гаштанд. Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни 71 кг медали нуқра гирифт. Дар рӯзи аввал Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи карате-до WKF, дар вазни -55 кг, ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид.
Дар XX Бозиҳои Осиё ҳудуди 11 ҳазор варзишгар аз 45 кумитаи миллии олимпӣ иштирок доранд. Онҳо дар 43 намуди варзиш барои 469 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.
Варзишгарони мо рӯзҳои оянда дар намудҳои бокс, камонварӣ, рақси варзишӣ, ҷиуҷитсу, ҷудо, гӯштӣ, таеквондо, кураш барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд. Воқеан, дар намуди бокс Акмал Убайдов дар вазни -60 кг ба нимфинал роҳ ёфт ва ҳадди ақал медали биринҷӣ мегирад.
Пас аз ҳашт рӯзи Бозиҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин бо 211 медал (122 тилло, 50 нуқра, 39 биринҷӣ) пешсаф аст. Ҷопон бо 160 медал (37 – 63 – 60) дар ҷойи дуюм, Ҷумҳурии Корея бо 85 медал (21 – 23 – 41) дар зинаи сеюм мавқеъ доранд. Тоҷикистон бо 2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи 17-ум аст.
Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиё бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз хоҳанд гашт. Тибқи низомномаи Ҷоиза, ба ғолибони Бозиҳо 150 000 сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон низ эълон кард, ба ҷудочиёне, ки дар Бозиҳои Осиё медал мегиранд, ҷоизапулӣ тақдим мекунад. Барандагони медали тилло 150 000 сомонӣ, нуқра 100 000, биринҷӣ 80 000 сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.


БОКС
Ду медали тиллои муштзанҳои ҷавони кишвар дар Қазоқистон ва Россия
Варзишгари ҷавони кишвар Беҳрӯз Умаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Устоди варзиши ИҶШС Аскар Сатибаев дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар вазни 55 кг ғолиб гардид.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, Беҳрӯз, ҳамчунин беҳтарин муштзани ин мусобиқа эътироф шуд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз 5 давлат иштирок намуданд.
Дар шаҳри Читаи Федератсияи Россия низ Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни варзишгарони ҷавон баргузор гардид. Дастпарвари Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокси шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Камолов дар ин мусобиқа бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ соҳиби медали тилло шуд. Ҷаҳонгир дар панҷ қувваозмоӣ бар рақибонаш дастболо гардид.
Ба варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов камарбанд ва мукофотпулӣ тақдим шуд.


ФУТБОЛ
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони урдунии худ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар доираи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё - 2028 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U - 23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар рӯзҳои ФИФА ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Рӯзҳои 3 ва 6-уми октябр мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Уммон рақобат мекунад. Ҳар ду вохӯрӣ дар шаҳри Масқат доир хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё - 2028 миёни мунтахабҳои то 23-сола аз 7 то 15-уми июни соли оянда ба нақша гирифта шудааст.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.09.2026 №: 187