ИСТИҚЛОЛ ВА КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ

28 сентябр 2026, Душанбе
20


Имрӯз забондонӣ дар радифи фазилати фарҳангӣ ва нишонаи ҷаҳондидагии инсон, сармояи зеҳнӣ, василаи дастрасӣ ба илми муосир, калиди вуруд ба фазои ҷаҳонии дониш, заминаи ҳамкории иқтисодӣ, абзори дипломатия ва яке аз омилҳои муассири ҳифзу пешбурди манофеи миллӣ мебошад. Метавон гуфт, ки яке аз муҳимтарин таҳаввулоти маърифативу фарҳангии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳамин дигаршавии маъно ва ҷойгоҳи забондонӣ иртибот дорад, зеро дар фосилаи сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ бо сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи забон аз доираи ҳифзи як мероси таърихӣ фаротар рафта, омӯзиши забони давлатӣ, фарогирии забонҳои хориҷӣ, тарҷума, фарҳангнигорӣ, омодасозии мутахассисони забондон, тавсеаи муҳити илмӣ, аз нусхаи асл таҳқиқ намудани мероси бозмонда, рӯ овардан ба омӯзиши хатти ниёгон, ворид сохтани забони тоҷикӣ ба фазои рақамӣ ва ба воситаи забон муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан ҷузъҳои як низоми пайвастаи рушд дар давлати тозабунёд гардидаанд.
Дар ҷавҳари ин низом як таносуби бисёр ҳакимона ва ба табиати давлатдории миллӣ созгор ҷой гирифтааст, яъне, хештаншиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ. Инсон нахуст бояд бидонад, ки кист, ба кадом мероси маънавӣ тааллуқ дорад, бо кадом забон андеша иброз медорад ва ҷаҳонро аз кадом манзари фарҳангӣ мебинад, сипас, бо ҳамин асолат, бо ҳамин пуштвонаи маънавӣ ва бо ҳамин худогоҳӣ ба ҷаҳони дигарон бояд ворид гардад, забони онҳоро омӯзад, аз таҷрибаи онҳо баҳра барад ва ҳамзамон андешаву фарҳанги хешро барои дигарон муаррифӣ намояд, то дигарон, яъне, ҷаҳониён ҳам бидонанд, омӯзанд, ки халқи тоҷик – вориси ориёиён, воқеан, тамаддунофаранд ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузоранд. Чунин тарзи маърифати воқеият ба ҳамон фарҳанги ҳамзистие пайванд дорад, ки шинохти хешро аз шинохти дигарон ҷудо намедонад ва иттисоли маънавию фарҳангиро яке аз зарурати зиндагии миллати худшинос дар ҷаҳони муосир мешуморад.
Аз ин ҷост, ки дар сиёсати забонгустарии Пешвои миллат ҳифзу таҳкими забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳар ду аз як маншаъ об мехӯранд ва ба як мақсад мерасанд, зеро забони тоҷикӣ барои миллати мо ҷавҳари ҳувият, ганҷинаи хотираи таърихӣ, василаи пайванди наслҳо ва забони давлатдории миллӣ аст, забонҳои хориҷӣ равзанаҳое ҳастанд, ки ба рӯйи ҷаҳони дониш, илму фановарӣ, фарҳанг, иқтисод ва дипломатия боз мешаванд.
Аз ин нигоҳ, агар ба таърихи сиёсати забономӯзии даврони Истиқлол назар афканем, 14 ҷилд «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ-русӣ» бо теъдоди 56 ҳазор нусха, яъне, ҳар ҷилд чор ҳазор нусха, нашр гардидааст ва ин иқдом нишон медиҳад, ки забономӯзӣ бо таъмини фарҳанг, истилоҳ, маводи методӣ ва абзори мустақили кор бо забон тақвият меёбад.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисиро дар тамоми зинаҳои таҳсилот масъалагузорӣ намуда, супориш доданд, ки он аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ таҳлилу баррасӣ гардад ва хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шавад. Дар ҳамин марҳала, ба назари мо, замони он фаро расида, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот низоми ягонаи миллии муайян намудани натиҷаи забондонӣ ҷорӣ шавад, то маълум бошад, хонанда дар поёни синфи муайян, хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёна ва донишҷӯйи донишгоҳ дар анҷоми таҳсил бояд ба кадом сатҳи воқеии забондонӣ расида бошад.
Аз ҳамин рӯ, ибтикори дигари муҳим он аст, ки омӯзиши зина ба зинаи забонҳо аз муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ бо методикаи мутобиқ ба синну сол боз ҳам густариш ёфтааст, зеро кӯдак забонро дар он марҳала, пеш аз ҳама, аз муҳит, шунидан ва муоширати зинда меомӯзад ва ҳар қадар ин муҳит табиӣ, завқовар бошад, ҳамон андоза заминаи омӯзиш қавитар мегардад.
Таҷрибаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳамин росто қобили таваҷҷуҳ аст, ки талош намудааст силсилаи пайвастаеро аз кӯдакӣ то таҳсилоти олӣ ва аз таҳсилоти олӣ то такмили ихтисоси омӯзгор ба вуҷуд оварад. Дар ин силсила Маркази рушди кӯдак зинаи нахустин буда, муҳити тарбиявии он ба рушди нутқ, ташаккули малакаҳои ибтидоии муошират ва ошноии тадриҷӣ бо забон нигаронида шудааст. Давоми мантиқии ҳамин муҳит Гимназияи назди Донишгоҳ мебошад, ки таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бар ин асос, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода вобаста ба самти фаъолияти худ дар сифати таълим, теъдоди забонҳои омӯзишӣ, робитаҳои академӣ, таҳқиқоти забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва муаррифии забону фарҳанги тоҷик дар хориҷ аз кишвар ҷойгоҳи хоси худро пайдо кард.
Имрӯз ин рисолат дар чанд самт таҷассум меёбад. Дар Донишгоҳ омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, кореягӣ, ҷопонӣ, арабӣ, дар умум 14 забон роҳандозӣ гардида, марказҳои забономӯзӣ ва Маркази байналмилалии арзёбии забони англисии Linguaskill фаъолият доранд, робитаҳои академӣ бо муассисаҳои хориҷӣ густариш ёфта, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва барномаҳои муштарак муҳити воқеии истифодаи забонро фарох месозанд.
Рисолати дигари Донишгоҳ он аст, ки дар баробари омӯзондани забонҳои ҷаҳон ба фарзандони Тоҷикистон, барои ҷаҳон роҳи омӯхтани забони тоҷикӣ низ бояд кушода шавад. Аз ҳамин манзар таҳияи Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯйи сатҳҳои A1-C2 аҳамияти стратегӣ дорад, зеро забоне, ки мехоҳад дар муҳити байналмилалии таълимӣ мақоми худро густариш диҳад, бояд дорои барномаи сатҳбандӣ, меъёрҳои санҷиш, маводи методӣ, омӯзгори омода ва низоми эътирофшавандаи арзёбӣ бошад.
Бар пояи ҳамин низом метавон шабакаи омӯзиши забони тоҷикиро барои хориҷиён густариш дод, курсҳои фосилавӣ ва рақамӣ таҳия намуд, китобҳои сатҳбандии A1-C2, маводи аудиоиву видеоӣ ва барномаҳои махсуси омӯзгорӣ омода кард, мактаби тобистонаи байналмилалиро, ки дар Донишгоҳ барои омӯзиши забони тоҷикӣ бо хатти ниёгон таъсис ёфтааст, ба барномаи мавсимии доимӣ табдил гардонд ва дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ҳамкор марказ ё гӯшаҳои омӯзиши забони тоҷикӣ таъсис дод.
Дар ҳамин нуқта тарҷума мақоми тамоман нав пайдо мекунад. Тарҷума пайванди ду ҷаҳони маънавӣ, интиқоли маъно аз як низоми фарҳангӣ ба низоми дигар ва яке аз муассиртарин шаклҳои дипломатияи фарҳангист. Сарвари давлат соли 2022 зарурати таъсиси Маркази миллии тарҷумаро ба миён гузошта, ҳадафро аз як тараф, дастрас намудани адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ ба хонандаи тоҷик ва аз ҷониби дигар, бо забонҳои хориҷӣ муаррифӣ намудани таърих ва фарҳанги миллати тоҷик арзёбӣ кардаанд.
Донишгоҳи мо ҳамин рисолатро дар чанд лоиҳаи бузург амалӣ менамояд. Тарҷумаи ҷилди аввали асари бунёдии Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, кореягӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва фаронсавӣ ва идома ёфтани ин раванд барои дигар забонҳо, инчунин, муаррифии мероси Робиаи Балхӣ ба даҳ забони ҷаҳон дипломатияи забон ва фарҳанги тоҷик гардидаанд.
Дар идомаи ҳамин таҷриба, зарур мешуморем, ки барномаи доимии миллии тарҷумаи осори илмӣ, адабӣ ва фарҳангии тоҷик ба забонҳои ҷаҳонӣ ва баргардони осори бунёдии илму техникаи муосир ба тоҷикӣ густариш дода шавад. Чунин иқдомот бояд ба низоми интихоб, тарҷума, таҳрири илмӣ ва нашри босифат такя кунад, зеро миллате, ки мехоҳад дар фазои маънавии ҷаҳон ҳузури фаъол дошта бошад, бояд ҳам сухани худро ба дигарон расонад ва ҳам сухани беҳтарини дигаронро ба забони худ дарёфт кунад.
Аз ҳамин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳими марҳалаи нав таъсиси Пайкараи (Корпуси) миллии фарогири забони тоҷикӣ бо дастрасии озоди илмӣ ва технологӣ мебошад, ки матни осори классикӣ ва муосир, санадҳои расмӣ, матолиби илмӣ, матбуот, забони гуфтор ва захираи овозиро фаро гирифта, барои забоншиносон, тарҷумонҳо, таҳиягарони нармафзор ва созандагони моделҳои зеҳни сунъӣ як манбаи меъёрӣ мегардад. Дар сурати ба вуҷуд омадани чунин ганҷина, масъалаи тарҷумаи мошинӣ, шинохти овоз, санҷиши имло, тавлиди матни тоҷикӣ ва омӯзондани моделҳои зеҳни сунъӣ ба забони адабии тоҷикӣ аз орзу ба амал наздиктар мешавад.
Ҳамин аст, ки сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро аз сиёсати забондонӣ ҷудо дидан мумкин нест. Дар суханронӣ соли 2022 Пешвои миллат масъаларо боз ҳам дақиқтар гузошта, таъкид намудаанд, ки дастпарварони муассисаҳои таълимӣ бояд ба дараҷае забондон бошанд, ки фарҳангу адабиёти моро «бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд».
Дар ҳамин ҷумла фалсафаи томи сиёсати забономӯзии мо нуҳуфтааст, яъне, аз Тоҷикистон ба ҷаҳон ва аз ҷаҳон ба Тоҷикистон.
Маҳз аз ҳамин манзар мафҳуми мактаби байналмилалии Пешвои миллат маънои амиқ пайдо мекунад. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ яке аз вазифаҳои ҳаётии давлати ҷавони тоҷикон он буд, ки аз гирдоби низои дохилӣ раҳо шавад, сулҳро барқарор намояд, бақои давлатро ҳифз кунад ва симои нави Тоҷикистонро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Тоҷикистон дар он марҳала ба сулҳ, эътимоди байналмилалӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошт, имрӯз, хушбахтона, манзара дигар шудааст ва кишвари мо аз иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ тадриҷан давлати соҳибпешниҳод ва соҳибташаббус гардидааст, ки ин таҳаввул аз муҳимтарин самараҳои камолоти давлатдории даврони Истиқлол маҳсуб меёбад.
Сарманзили мақсуд ин аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонеро бисозем, ки забони худро бо камоли асолат пос медорад, забонҳои ҷаҳонро бо камоли маърифат меомӯзад ва бо қудрати ҳамин ду, яъне, худшиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ дар анҷумани тамаддуни башар сухани шуниданӣ, андешаи пазируфтанӣ ва пешниҳоди созандаи ҷовидонӣ дорад.


Жило ГУЛНАЗАРЗОДА, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор


Санаи нашр: 28.09.2026 №: 187