НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН

28 сентябр 2026, Душанбе
13


Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъат мегиранд. Дар доираи ин тадбирҳо, дар деҳаҳои ноҳия як қатор иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони дигар иншоот идома дорад.


Аз ҷумла, дар деҳаи Зарнисори деҳоти Сайёд бо ташаббус ва саҳми сокинон муассисаи нави томактабӣ бунёд гардид. Муассиса барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 60 кӯдак пешбинӣ шуда, бо муҳайё намудани шароити зарурӣ барои рушди зеҳнию ҷисмонии кӯдакон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки бунёду навсозии чунин иншооти иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои томактабӣ, яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ ба шумор меравад.
Ба маълумоти ӯ, дар деҳаи Шарифободи деҳоти Хуррамдиёр низ Маркази барвақтии инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд. Бинои мазкур дар назди МТМУ №60 бунёд гардида, аз ду синфхона иборат аст. Марказ барои фарогирии 48 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар деҳаи Пушкин бошад, бо саҳми сокинони маҳал бинои иловагии назди МТМУ №28, ки 8 синфхона дорад, ба истифода дода шуд. Ин иқдом барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим ва фароҳамсозии имкониятҳои иловагӣ барои хонандагон мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, дар назди Муассиса ҷиҳати бунёди муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак ва майдончаи варзиш санги асос гузошта шуд.
Дар баробари соҳаи маорифу иҷтимоиёт, ба беҳтар намудани ҳолати роҳҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Ҳоло корҳои таъмиру асфалтпӯшкунии роҳи мошингарди деҳаи Зафаробод идома доранд. Роҳи мазкур дорои аҳамияти маҳаллӣ буда, 4 километр дарозӣ дорад. Корҳои асфалтпӯшкунӣ бо дастгирии сокинон амалӣ мешаванд.
Самти дигари корҳои ободонӣ ба рушди инфрасохтори тандурустӣ марбут аст. Дар деҳаи Шаҳристони деҳоти Вахшон бинои нави бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт. Барои бунёди он 400 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Бунёди чунин иншоот, пеш аз ҳама, ба дастрасии бештари аҳолӣ ба хидматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии сокинон мусоидат мекунад.
Татбиқи ин гуна иқдомҳо дар деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нишон медиҳад, ки корҳои созандагию ободонӣ тадриҷан тамоми самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии мардум — аз маорифу тандурустӣ то роҳу инфрасохтори маҳаллиро фаро мегиранд. Саҳми фаъолонаи сокинон дар бунёди иншооти иҷтимоӣ низ аз боло рафтани ҳисси масъулият ва ободкорӣ дар маҳал шаҳодат медиҳад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.09.2026 №: 187