ВАССОФИ СУЛҲ. СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ РӮЗГОРИ ШОИР ФАЙЗИИ ДАКАНӢ

28 сентябр 2026, Душанбе
11


Шайх Абулфайз ибни Муборак, маъруф ба Файзии Даканӣ, соли 1547 дар шаҳри Аграи Ҳиндустон таваллуд шудааст. Гузаштагонаш аз Яман. Падараш марди донишманд будааст. Ӯ аз хурдӣ ба омӯхтани илму дониш мепардозад ва бо ёрии падар аз илмҳои замонаш, аз ҷумла забон ва адабиёти порсии тоҷикӣ, арабӣ, ҳиндӣ, фалсафа, ҳайат, тиб, нуҷум ва улуми динӣ, бархӯрдор мегардад.


Файзии Даканӣ, ки шоиру олими рӯшанфикр буд, ба туҳмату буҳтони мутаассибони динӣ рӯ ба рӯ мешавад, хории зиёд мебинад. Хурофотгарон ӯро ба рофизӣ, даҳригӣ ва куфру бединӣ муттаҳам месозанд, аммо туҳматҳояшон, ки бепоя буданд, натавонистанд ба мақсад бирасанд. Шоҳ Акбар ба дониш, илму маърифат ва ақли гирои ҳаким Файзӣ ва падари ӯ Ибни Муборак эътимод дошт ва онҳоро ба дарбори худ хонд. Файзӣ тавассути хираду донишаш шоҳро аз чанголи мутаассибону муллоён, ки дар дарбор нуфузи зиёд доштанд, раҳо менамояд ва таъсири онҳоро дар идораи мамлакат коҳиш медиҳад. Ӯ бад-ин тартиб сулҳро дар байни эътиқодмандони дину оинҳои мухталиф тарғиб намуда, мустақилияти шоҳро дар давлатдорӣ таъмин менамояд. Вай баъд аз шуҳрату мақом пайдо кардан дар дарбор, соли 1581 сафорати Дуоб ва се вилояти дигарро ба уҳда мегирад. Ҳамзамон, таълиму тарбияи шоҳзодагон низ ба дӯши ӯ гузошта мешавад.
Файзии Даканӣ, раҳбари гурӯҳи тарҷумонҳо (аз забони ҳиндӣ ба тоҷикӣ), марде китобдӯсту пурмутолаа буд, ба китобат низ шавқ дошт. Ӯ аз адибони пуркори адабиёти порсизабони Ҳиндустон маҳсуб мешавад. Ба ин осори зиёди илмӣ ва адабӣ, ки ӯ офаридааст, далел шуда метавонанд. Тибқи маълумоти донишмандон, назмаш 50 ҳазор байтро фаро мегирад. Девони шоир аз ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра иборат аст. Файзӣ бо хоҳиши Акбар ба «Хамса»-и Низомӣ низ ҷавоб гуфтааст, аммо он нотамом мондааст. «Хамса»-и нотамоми ӯ аз асарҳои «Маркази адвор», «Нал ва Даман», «Сулаймон ва Билқис», «Ҳафт кишвар», «Акбарнома» иборат мебошад. Файзӣ асарҳои насрӣ ҳам дорад. Онҳо ба забони форсӣ ва арабӣ навишта шудаанд.
Осори Файзӣ дар замони зиндагиаш аз доираи ватанаш берун баромада, дар Эрону Мовароуннаҳру Хуросону Туркия паҳн шудааанд. Ӯ соли 1595 дар Агра вафот кардааст. Бинобар ин, бо номи Файзии Аграӣ низ ёд мешавад. Асарҳои ӯ мавзуи ишқу ошиқӣ, танқиди замон, ҳасби ҳол, интиқоди намояндагони дин, хурофот, таассуб, ваҳдати қавму миллатҳо, адён, дӯстӣ, тафоҳум, сулҳу оштӣ, тасвири табиат, васфи Наврӯз ва ғайраро фаро мегиранд. Вай яке аз тарғибгарони сулҳ буда, қариб дар тамоми нигоштаҳояш дӯстии байни ҳиндуҳо ва мусулмононро тараннум кардааст. Файзӣ на танҳо аз тарроҳони ислоҳот, балки яке аз фаъолтарин чеҳраҳои илмиву адабии ин давр низ буд, ки дар ашъораш дунёгароӣ ва афкори пешқадамро тарғиб мекард ва хурофоту таассуб ва расму оинҳои иртиҷоии динию мазҳабиро мавриди интиқод қарор медод.
Мо дар девони шоир ба ашъори зиёди зиддихурофотӣ, зиддиклерикиалӣ (динӣ) рӯ ба рӯ мешавем. Воқеан, ӯ ақлро адабомӯз, донишдеҳ, чароғи равшангар медонад ва ҷойгоҳи бузурги онро дар ҳаёти инсон таъкид менамояд:
Ақл бузург асту бузургидеҳ аст,
Бар сари мо тоҷи бузургинеҳ аст.
Файзӣ ситоишгари моҳири сулҳ аст. Ӯ ҳам дар осори назмиаш ва ҳам насриаш ин сиёсати мутараққии замонашро мавриди баррасию тарғиб қарор медиҳад ва моҳияти инсондӯстонаи онро мефаҳмонад. Ин намунаҳо, ки шоир ҳамраъйи худро бо он эълом медорад, гуфтаҳои моро собит менамоянд:
Сулҳи кул дар рақами носия дорӣ, Файзӣ,
Ки салиби ту дар ин буткада меҳробе буд.
***
Бо халқи ҷаҳон бар сари сулҳему мадоро,
Сарбозии мардони дағоро нашиносем.
***
Аз он ҷо, ки бо куфру дин сулҳ дорад,
Ба пешаш чи кофар, чи муғ, чи мусулмон.


Дар ҳақиқат, осори Файзӣ оинаи тамомнамои зиндагии шоир ва асри ӯст, ки мо дар он нақши шоирро дар татбиқи ғояҳои инсонпарваронаи сулҳи кул боздид менамоем. Вақти хондани осори адабиву илмии ӯ бармало мешавад, ки вай ба тасвир ва тарғиби адлу инсоф, интиқод ва ифшои аҳли дину мазҳаб, бархе аз аркони шариати исломӣ ва тавсифи хирад, дониш, фарҳанг, маънавиёт, ишқу ошиқӣ, сулҳу дӯстӣ, ваҳдату инсондӯстӣ, хусусан сулҳи кул байни донишу ақлу дин, адибу донишманде чирадаст буда, гуфтораш дар ин заминаҳо пурарзиш ва мондагор мебошад.
Метавон гуфт, ки дар марказ ва меҳвари осори Файзӣ инсони кӯшо, бедор, воқеъбин, ақлгаро, хирадманд, инсондӯст ва дур аз таассубу хурофот ва бедору худогоҳ қарор дорад. Ин худёбию худшиносӣ, ки Файзӣ дар осораш талқин кардааст, на танҳо барои он рӯзгорон, балки ин рӯзгорон, ки башар бо мушкилоти зиёду мухталиф рӯ ба рӯ аст, низ муфид мебошад.
Арзишу аҳамияти осори шоир дар замони мо он аст, ки ӯ чор аср пеш, дар даврони тираву тори асримиёнагӣ афкору орои мутараққӣ ва ғояҳои наҷиби инсонӣ, аз ҷумла инсондӯстӣ, ёриву бародарӣ, якдилӣ, ваҳдат, ҳамраъйии одамон, динҳо, нажодҳо, фирқаҳо, қавму миллатҳоро ташвиқ карда, рӯйирост бар зидди беадолатӣ, ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофот ва афкори иртиҷоию диниву нажодӣ баромадааст.


Ҷамолиддин САИДЗОДА, адабиётшинос

Санаи нашр: 28.09.2026 №: 187