РАҲМОНОБОД. ДЕҲАЕ, КИ БА ИФТИХОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НОМГУЗОРӢ ШУДААСТ
Ин деҳаи навбунёди зебоманзара дар доманаи кӯҳҳои ноҳияи Шуғнон ҷой гирифтааст. Қаблан дар ин ҷо гоҳе сарбозон машқи тирпаронӣ мекарданду сокинони деҳоти атроф чорвояшонро мечаронданд. Касе гумон надошт, ки замоне ин мавзеъ сабзу хуррам мешавад. Ҳамагӣ даҳ сол пеш дар ин ҷо аввалин манзилҳои истиқоматӣ қомат афрохтанд. Дар байни қатори манзилҳои истиқоматӣ роҳҳои мошингард сохта шуданд. Бо хонаю боғчаҳои зебдодашуда Раҳмонобод бӯстонсароеро мемонад. Дар даромадгоҳи деҳа корхонаи хишт, дар миёнаи деҳа бинои хуштарҳи муассисаи таълимӣ, болотар нуқтаи фурӯши ҷамъияти матлуботи вилоят, маркази саломатӣ, ҳаммом, нуқтаи савдои молҳои омехта дар хидмати мардум қарор доранд. Кас бовар намекунад, ки чунин шаҳрак ҳамагӣ дар давоми ду моҳ бунёд гардидааст.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шуғнон Комил Шоисматуллозода, 16-уми июли соли 2015 бар асари якбора гарм шудани ҳаво аз рӯди кӯҳии Барсем сели калон ҷорӣ шуд ва рустоҳои Барсем, Бердибекобод ва Колхозобод қисман зери селоба монда, хонаҳои истиқоматии сокинон харобу валангор гардиданд. Тибқи ҳисоби мутахассисон, бар асари офати табиӣ ба иқтисодиёти ноҳия ба маблағи 62 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба 82 манзили истиқоматии сокинони деҳоти мазкур ба маблағи умумии беш аз 15 миллион сомонӣ зарар расид.
Худи ҳамон рӯз бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои масъули Ҳукумати ҷумҳурӣ бо тамоми иқтидори техникӣ ба мавзеи офати табиӣ сафарбар шуданд. Зарардидагон ба таври фаврӣ ба маҳали бехавф интиқол дода шуда, барои онҳо дар дашти васеъ шаҳраки хаймагӣ бунёд гардид. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба назди зарардидагон омада, ёрии пулии Президенти кишварро расонд. Аз тарафи Сарвари давлат ба ҳар кадоми 56 хоҷагӣ, ки манзили истиқоматиашон пурра хароб гардида буд, 10 ҳазор сомонӣ ва хоҷагиҳое, ки қисман зарар дида буданд, 6 ҳазор сомонӣ кумаки яквақта расонда шуд. Дигар ташкилоту идораҳо низ ёрӣ расонданд.
Ба ҳамаи ин қонеъ нашуда, худи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ҳодиса омаданд. Ӯ гирду атрофи деҳаи осебдидаро давр зада, дар шаҳраки хаймагӣ бо зарардидагон мулоқот намуданд. Президенти кишвар гуфтанд: «Ман шуморо танҳо намегузорам ва то охирин ашёи рӯзгор – риштаву сӯзан таъмин хоҳед шуд».
Дастгириву ғамхории падаронаи Пешвои миллат буд, ки вазъи руҳиву равонии одамони ҷабрдида дар он рӯзҳои сиёҳу пуртаҳлука то андозае беҳтар ва дарду аламашон сабуктар гардид. Бо ибтикор ва саъю талошҳои Президенти кишвар дар навбати аввал барои осебдидагон сохтмони биноҳои истиқоматӣ ба нақша гирифта шуд ва лоиҳаи бунёд намудани шаҳраки замонавӣ баррасӣ гардид. Тамоми вазорату кумита ва идораҳои ҷумҳуриявӣ ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои 82 оила шуруъ намуданд. Ҳамагӣ баъд аз 2 моҳ тамоми хонаводаҳои зарардида соҳиби манзилҳои нави зист – хонаҳои урфӣ дар тарҳи замонавӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор, аз компютер сар карда, то риштаву сӯзан гардиданд. Дар баробари ин, тамоми сокинони деҳаи навбунёд барои 6 моҳ пурра бо маводи озуқа таъмин шуданд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои сохтмони хонаҳои харобшуда ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ 24 миллион сомонӣ хароҷот гардид.
Рӯзи супурдани калиди хонаҳо, 21-уми сентябри соли 2015, сокинони деҳа пешниҳод намуданд, ки шаҳраки навбунёд ҳамчун рамзи сипосгузорӣ ва миннатдорӣ нисбат ба ғамхориҳои Сарвари давлат Раҳмонобод номгузорӣ шавад. Ҳамин тавр, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз 3-юми марти соли 2016 деҳаи нав дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо номи Раҳмонобод таъсис шуд.
– Дастгирию ғамхориҳои Президенти кишвар нисбат ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон бемислу монанд буданд, – мегӯяд Комил Шоисматуллозода. – Дар муддати кӯтоҳ бунёд кардани деҳаи нав аз неруи созанда ва зарфияти муқтадири давлат, сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дили фарох ва пур аз меҳру шафқати Пешвои миллат бо бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои осебдидагон осуда нашуд. Бо супориши Роҳбари давлат дар деҳа сохтмони бинои дуошёнаи муассисаи таълимӣ оғоз ёфт ва он дар давоми ним сол бо харҷи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қомат афрохтани маркази саломатӣ бо харҷи 354 ҳазор сомонӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти омехтаи «Тоҷикматлубот» бо 244 ҳазор сомонӣ низ бо дастури Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд. Таъмини деҳа бо оби ошомиданӣ ва полизӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт, ки низ бо супориши Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро пайдо намуд. Агентии захираҳои моддии давлатӣ тариқи кандани чоҳҳои амудӣ бо чуқурии 40 – 50 метр бошандагони деҳаро бо оби тозаи нӯшоӣ таъмин кард. 26-уми августи соли 2016 бошад, хатти оби полизӣ дар масофаи 6,3 км бо харҷи 940 ҳазор сомонӣ кашида шуд.
Чанде пеш, дар пешорӯйи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бо иштироки раиси ноҳия Комил Шоисматуллозода ва муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода дар Раҳмонобод майдончаи варзиш ва бинои дуошёнаи боғчаи бачагон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Имрӯз сокинони деҳа, ки бештар ба шаҳраки замонавӣ шабоҳат дорад, ба чизе ниёз надоранд ва фақат шукри давлат, шукри истиқлол, шукри Сарвари ботадбири онро мекунанд.
Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
