ВАРЗИШ. ТАВСИЯИ ДУХТУРИ ДАРАҶАИ ОЛӢ
Имрӯз шикоят аз дарди миён, гардан, китфу пой ва дигар узвҳои такяву ҳаракат ба яке аз мушкилоти маъмули саломатӣ табдил ёфтааст. Махсусан, миёни шахсоне, ки соатҳои зиёд дар назди компютер менишинанд, кори нишастаро анҷом медиҳанд, ронандагӣ мекунанд ё фаъолияти ҷисмонии кам доранд, чунин мушкилот бештар ба назар мерасад. Тарзи ҳаёти камҳаракат метавонад ба пайдоиш ё шиддат гирифтани дардҳои мушаку сутунмуҳра мусоидат кунад. Дар баробари ин, тағйироти вобаста ба синну сол, вазни зиёдатӣ, осебҳо, омилҳои ирсӣ ва баъзе бемориҳо низ нақши муҳим доранд.
Дар бораи сабабҳои пайдоиш, нишона ва пешгирии бемориҳои ортопедӣ бо табиби захму осебшинос ва ортопеди Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифо», духтури дараҷаи олӣ Хуршед Тошпӯлодов суҳбат намудем, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.
– Нахуст, бигӯед, ки имрӯз кадом бемориҳои ортопедӣ бештар маъмуланд?
– Дар байни бемориҳои маъмул артроз, бемориҳои сутунмуҳра, сколиоз, кафи ҳамвор, бурсит, осеби менискҳо, пайҳо ва бандҳои буғумҳо ҷой доранд. Дар калонсолон бемориҳои дегенеративии буғумҳо, аз ҷумла артрози зону ва буғуми косу рон, бештар мушоҳида мешаванд.
Дар кӯдакон бошад, бемориҳои модарзодӣ ва ихтилоли ташаккули низоми такяву ҳаракат аҳамияти махсус доранд. Масалан, дисплазияи буғуми косу рон, каҷшавии сутунмуҳра, кафи ҳамвор, пойи каҷ ва дигар деформатсияҳо метавонанд дар давраи инкишофи кӯдак ба вуҷуд оянд.
Варзишгарон низ гурӯҳи алоҳидае мебошанд, ки дар онҳо осеби мениск, бандҳо, пайҳо, китф ва дигар ҷароҳатҳои вобаста ба фаъолияти варзишӣ бештар ба қайд гирифта мешаванд.
– Солҳои охир зиёд шудани шикоятҳо аз дарди гардану миён ва бемориҳои сутунмуҳра зиёд мешунавем. Тарзи зиндагии имрӯзаро то кадом андоза метавон яке аз омилҳои ин мушкилот донист?
– Тарзи зиндагӣ, воқеан, аҳамияти калон дорад. Имрӯз бисёр одамон қисми зиёди вақти худро нишаста мегузаронанд: дар назди компютер, бо телефон, дар нақлиёт ё ҳангоми иҷрои кори идорӣ. Ронандагон низ муддати дароз дар як ҳолат мемонанд. Ба ин камҳаракатӣ ва норасоии фаъолияти ҷисмонӣ илова мешавад.
Нишастани тулонӣ метавонад ба мушакҳои пушту гардан ва ҳолати сутунмуҳра таъсири номусоид расонад. Агар ҳолати нишаст нодуруст бошад ва танаффусҳои ҳаракатӣ риоя нашаванд, эҳтимоли пайдо ё шиддат гирифтани баъзе дардҳои мушаку сутунмуҳра зиёд мешавад. Аммо бояд як нуктаро таъкид намоям: дарди миён ё гардан танҳо бо нишастани зиёд шарҳ дода намешавад. Тағйироти вобаста ба синну сол, осебҳо, вазни зиёдатӣ, хусусиятҳои анатомӣ ва дигар омилҳо низ метавонанд сабаб бошанд.
Бо вуҷуди ин, инсонҳо бояд камҳаракат набошанд. Агар кори инсон бо нишастани тулонӣ вобаста бошад, дар давоми рӯз бояд танаффусҳои кӯтоҳи ҳаракатӣ дошта бошад. Ҳолати дурусти нишаст, ҷойгиршавии мувофиқи мизу курсӣ ва монитор низ муҳим аст.
Фаъолияти ҷисмонии мунтазам, машқҳои мувофиқ ба синну сол ва ҳолати саломатӣ, роҳгардӣ ва назорати вазн низ аҳамият доранд.
Ронандагон низ бояд ҳангоми имконият танаффус намуда, баъд аз муддати дароз нишастан ҳаракат кунанд. Албатта, машқҳо бояд ба ҳолати саломатии шахс мувофиқ бошанд.
Барои одамоне, ки кори нишастаро анҷом медиҳанд, 20 дақиқа ҳаракати фаъол метавонад як имконияти хуб барои аз ҳолати якнавохти нишаст берун шудан бошад. Роҳгардӣ, машқҳои сабуки умумӣ, ҳаракатҳои мувофиқ барои мушакҳои гардан, китф, пушт ва пойҳо метавонанд ба фаъол нигоҳ доштани мушакҳо ва беҳтар шудани ҳаракатнокии бадан мусоидат кунанд.
Аз нигоҳи ортопедӣ як масъалаи муҳим ин аст, ки инсон муддати дароз беҳаракат намонад. Низоми такяву ҳаракат барои ҳаракат сохта шудааст. Вақте ки мо соатҳои зиёд менишинем ва фаъолияти ҷисмонӣ хеле кам мешавад, мушакҳо камфаъол мегарданд ва ин метавонад ба пайдо ё шиддат гирифтани баъзе мушкилоти мушаку сутунмуҳра мусоидат кунад.
– Яъне, барои корманди идорае, ки тамоми рӯз дар назди компютер менишинад, 20 дақиқа машқи ҳаррӯза метавонад як қадами аввал бошад?
– Бале. Аммо ман тавсия медиҳам, ки инсон танҳо ба ҳамин 20 дақиқа маҳдуд нашавад. Агар тамоми рӯзи корӣ нишаста гузарад, дар байни кор низ бояд имкони ҳаракат фароҳам оварда шавад. Баъзан чанд дақиқа аз ҷой хестан, каме роҳ рафтан ва тағйир додани ҳолати бадан низ муҳим аст.
Мо бояд ба ҳаракат ҳамчун як қисми тарзи ҳаёт муносибат кунем, на танҳо ҳамчун машқи ҳатмии рӯзона. Агар ҳаракат ба одати ҳаррӯза табдил ёбад, манфиати он бештар хоҳад буд.
Ба ибораи дигар, 20 дақиқа метавонад оғози хуб бошад, аммо саломатии низоми такяву ҳаракат ба тарзи ҳаёти фаъоли инсон дар тамоми рӯз вобаста аст.
Албатта. Фаъолияти ҷисмонӣ ба саломатии умумии организм таъсири мусбат дорад. Ҳангоми ҳаракат мушакҳо фаъол мешаванд, буғумҳо ҳаракат мекунанд ва организм аз ҳолати беҳаракатӣ мебарояд.
Фаъолияти мунтазам, инчунин, барои нигоҳ доштани вазни солим муҳим аст. Вазни зиёдатӣ метавонад ба буғумҳои зону ва косу рон фишори бештар расонад. Аз ин рӯ, ҳаракат ва назорати вазн аз омилҳои муҳими пешгирии баъзе бемориҳои ортопедӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
