ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ, КӮДАК ВА МАСЪУЛИЯТИ МАНУ МО

28 сентябр 2026, Душанбе
11


Имрӯзҳо манзараи кӯдаки хурдсоле, ки саргарми бозӣ бо телефони мобилӣ аст, ҳайратовар нест. Аммо тааҷҷубовараш он аст, ки аксарият кӯдакон телефони мобилиро ҳамчун бозича истифода мебаранд. Аз ин рӯ, табиист, ки онҳо соатҳо аз телефон чашм намекананд, албатта, бехабар аз он ки чунин муносибат метавонад оқибатҳои ногувор дар пай дошта бошад.


Вобаста ба ин, табиби асабшиноси кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии «Шифобахш»» Аюбшо Абдуллоев мегӯяд, ки истифодаи аз ҳад зиёди телефон метавонад ба чашм ва рушди кӯдак таъсири манфӣ расонад ва ӯро аз ҷиҳати ҷисмонӣ заиф намояд.
Мутахассис таъкид месозад, ки ҳарчанд телефон сабаби гирифтории аутизм (бемории системаҳои асаб) нашавад ҳам, аммо истифодаи аз ҳад зиёди он метавонад боиси мушкилоти муошират гардад.
Аюбшо Абдуллоев тавсия медиҳад, ки волидон ба фарзандон то синни 16-солагӣ телефон надиҳанд. Баъди 16-солагӣ бошад, истифодаи телефони мобилиро аз ҷониби фарзандон таҳти назорати доимии хеш гиранд.
Тавре равоншиноси кӯдакона Фотима Шоҳзодамуҳаммадова иброз медорад, солҳои аввали ҳаёт барои ташаккули майнаи кӯдак хеле муҳиманд. Дар ин давра кӯдак бештар ба ҳаракат, бозии воқеӣ, муошират ва омӯзиши муҳити атроф ниёз дорад. Аз ин рӯ, волидон бояд диққати кӯдаконашонро ба бозӣ, сайругашт ё суҳбат равона кунанд.
Бояд таъкид кард, ки доир ба ин мавзуъ натиҷаи назарсанҷии ташкилотҳои гуногуни ҷаҳонӣ низ изтиробангезанд. Аз ҷумла, тибқи иттилои сомонаи externat.foxford.ru, Созмони байналмилалии Sapien Labs анкетаи 100 ҳазор ҷавонони аз 18 то 24-соларо омӯхта, ба хулосаи ташвишовар омадааст: 48 фоизи ҷавондухтарон ва 31 дарсади ҷавонписароне, ки дар синни 5-6-солагӣ соҳиби телефони мобилӣ шудаанд, аз зиндагии хеш дилсарданду ба ояндаи нек чандон бовар надоранд.
Ин ҳама гуфтаҳо бозгӯи онанд, ки волидон бояд тамоми кӯшиши хешро ба он равона созанд, ки фарзандонашон аз хурдсолӣ ба телефони мобилӣ одат накунанд, зеро он метавонад боиси ҳолатҳои ногувор гардад. Аз ин рӯ, кӯдаконро боистӣ бо ҳамсолони худ машғули бозиҳои шавқовар шаванд ва ё ба сайру саёҳат бароянд, ё аз тамошои боғи ҳайвоноту албомҳои суратдор руҳи хешро болида созанд, ки барои рушду инкишофи равонӣ, ҷисмӣ ва зеҳнии онҳо бамаротиб судовартар аст.

М. МУҚАДДАМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.09.2026 №: 187