ВАНҶ. НОҲИЯЕ, КИ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ПЕШТОЗӢ ДОРАД
Ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушд намуда, дар соҳаҳои иқтисодиёт, маънавиёту фарҳанг ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Солҳои аввали истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди инфрасохтори ноҳия 40 миллион сомонӣ ҷудо намуда, корҳои созандагӣ ва бунёдкориро оғоз бахшид.
Дар давроне, ки ҳанӯз нахустин шиҳоби нури истиқлол дар марзи мо танинандоз мегардид, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Язгулом нахустин неругоҳи барқиро бо иқтидори 360 киловат мавриди истифода қарор доданд. Шуруъ аз соли 2008 марҳалаи босуръати корҳои бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо оғоз шуда, 3 иншооти муҳим, аз қабили биноҳои почта, суди ноҳия ва нозироти андоз бунёд гардиданд. Чунин раванди бунёдкорӣ сол ба сол афзуда, дар деҳот низ иншооти соҳаи тибу маориф қомат афрохтанд.
Соли 2010 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои осебдидагони заминларза дар деҳаи Ваҳдат 137 хонаи истиқоматӣ, маркази саломатӣ, маркази савдо ва мактаби нав барои 240 хонанда сохта шуда, дар харитаи ноҳия деҳаи нав бо номи Ваҳдат пайдо шуд, ки яке аз маконҳои зеботарини аҳолинишин ба ҳисоб меравад.
Дар деҳаи Ҷовидон низ барои 320 хонанда дар як баст муассисаи таълимии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, ки дар доираи Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015 бо маблағи 2 миллиону 361 ҳазор сомонӣ бунёд гардид, ба ихтиёри устодону шогирдон супурда шуд.
16-уми августи соли 2011 бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони кишвари ҳамсояи Афғонистон ва мардуми ҳар ду тарафи соҳили дарёи Панҷ дар фазои идона, шодию нишот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пули мошингузар байни ду кишвар ва бозори наздисарҳадӣ бо маблағи 13 миллиону 950 000 сомонӣ ба истифода дода шуд. 8-уми октябри соли 2013 зимни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ванҷ Неругоҳи барқи обии «Ванҷ - 2» ва толори варзишии «Вастан» ифтитоҳ гардид.
Танҳо дар соли соли 2017 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 64 иншоот, ки арзиши харҷномавиашон маблағи 67 627 500 сомониро ташкил медод, таъмин гардид. Сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Потови Ҷамоати деҳоти Ҷовидон, бинои шуъбаи КДАМ, бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо харҷи 8 миллиону 071 ҳазор сомонӣ, бинои қасри фарҳанг бо маблағи 4 миллиону 950 ҳазор сомонӣ, бинои мактаби замонавии типи нав бо харҷи 14 миллиону 971 сомонӣ, сохтмон, чароғон ва асфалтпӯш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия бо маблағи 13 миллион сомонӣ ба иҷро расиданд, ки аз дастовардҳои замони истиқлоланд.
Чанд сол муқаддам Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ корро бо шарикони рушд идома дода, дар давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардидаро бо маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардонад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст. Имрӯз, хушбахтона, корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа бо сифати баланд анҷом ёфтанд.
Аз соли 2020 то соли 2026 дар ноҳия дар ҳама соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, дар бахши саноат корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия соҳаи саноат рушд ёфта, айни замон 22 корхонаи саноатӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолии мавсимӣ фаъолият менамоянд. Давоми соли равон маҷмуи маҳсулоти саноатӣ ба 13 миллиону 043 ҳазору 900 сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 1992 ин нишондод 10,9 баробар афзуда, зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Имкониятҳои ноҳия дар соҳаи саноат хеле зиёданд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунии босуръат – солҳои наздик дар ноҳия амалӣ гашта, барои ғанӣ гардондани буҷети ноҳия бо таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Соли 2026 авҷи баланди сохтмон дар ноҳия ба назар мерасад. Сохтмони боғи фарҳангу фароғат, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти самти иҷтимоӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшанбе ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
