ПАХТАЧИНӢ. ОҒОЗИ МАВСИМ МАСЪУЛИЯТРО МЕАФЗОЯД

28 сентябр 2026, Душанбе
17


Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардида, то 17-уми сентябр аз нақшаи умумии 119 ҳазор тонна 7 фоиз иҷро шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят нишондиҳандаҳо гуногун мебошанд. Дар ноҳияи Ашт нақшаи пахтасупорӣ 12 ҳазору 530 тонна муайян шуда, иҷрои он то имрӯз 4,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, ки нақша 16 ҳазору 500 тонна пешбинӣ шудааст, 3 фоиз иҷро гардидааст. Дар ноҳияи Мастчоҳ, 15,6 фоизи нақша иҷро шуда, нишондиҳандаи нисбатан баланд сабт гардидааст.
Албатта, рақамҳои мазкур натиҷаи рӯзҳои аввали маърака буда, барои арзёбии натиҷаи ниҳоии ҷамъоварии пахта ҳанӯз барвақт аст. Ҳоло муҳимтарин масъала суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи самараноки рӯзҳои мусоиди обу ҳаво мебошад.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.09.2026 №: 187