ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

30 сентябр 2026, Чоршанбе
0


27-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот, мулоқоту суҳбат бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои идонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ, ташриф оварданд.
Бояд таъкид намуд, ки ин ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин парвози ҳавопаймои нави тамғаи L – 410 NG аз ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси «Шоҳин Эйрлайнз» ба шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Ин, ҳамчунин, нахустин парвоз бо хатсайри нави ҳавоии Душанбе – Хоруғ аст, ки бо он алоқаи мунтазами ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ бозкушоӣ мегардад. Аз ин рӯз ба баъд миёни Душанбею Хоруғ бо ин ҳавопаймо, ки онро «Бадахшон» ном гузоштанд, мунтазам парвозҳои мусофирбарӣ анҷом дода мешаванд.
Иттилоъ бояд дод, ки L – 410 NG ҳавопаймои дорои 2 муҳаррики турбовинтӣ аз тавлидоти ширкати Aircraft Industries-и Ҷумҳурии Чехия буда, бо ғунҷоиши 19 мусофир ва 2 сарнишин барои парвозҳои нисбатан кӯтоҳ, то 2100 км, пешбинӣ мегардад. Ин ҳавопаймо метавонад бо истифода аз хатти нишасту парвози кӯтоҳи беш аз 600 м фаъолият кунад, ки барои фурудгоҳҳои маҳаллии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон басо муносиб аст. Бо назардошти ин ва дигар афзалиятҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи ин ҳавопаймо, ширкати ватании ҳавопаймоии навтаъсиси «Шоҳин Эйрлайнз» тасмим дорад, ки миёни шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар парвозҳои дохилӣ ба роҳ андозад. То имрӯз парки ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз чархболҳо иборат буд ва ворид гардидани L – 410 NG иқдоми нахустини ширкат дар самти рушди интиқолот ба тариқи ҳавопаймоҳо мебошад.
Дар фурудгоҳи Хоруғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо руҳу илҳоми баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббати беандоза гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ руҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум ба Пешвои миллат гардид. Аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, пешниҳод намуданд.
Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири таърих барои миллати сарбаланди тоҷик аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таҳким меёбад. Ҳар як сафари Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон муҳтавои амиқ дошта, боиси рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таконбахши раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гӯшаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Тоҷикистони азиз мегардад.
Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Сарвари давлатро дар дил мепарваранд, дар кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани Парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассумгар шуданд. Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, роҳнамоии сокинони кишвар ба сӯи ояндаи неку боз ҳам дурахшону пешрафта қадамҳои устувор мегузорад. Истиқболи гарму самимии Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз иродаи устувори мардум дар пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад.


Ба истифода додани корхонаҳои бастубанди мева, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ
27-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ се корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд.
Фаъолияти иншооти нав дар асоси технологияи муосир ба коркарди меваҷоту сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ равона карда шудааст. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қоим» аз сабзавоту меваҷот баъди коркард афшураю мураббо ва хамираи помидор истеҳсол мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкор Мурод Қоимдодзода сохта шуда, дар он 12 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардид. Маҳсулоти корхона бо тамғаи «Самари кӯҳсор» ба бозор пешниҳод мегардад.
Масъулони корхонаи «Самари кӯҳсор» азм гирифтаанд, ки бо хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи меваю сабзавот шартномаҳои дуҷониба баста, дар тавлиди ашёи хом барои коркард саҳм мегузоранд. Минбаъд маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои коркард харид мегардад, ки беҳтарин васила барои пешгирӣ аз талафёбии самараи меҳнати деҳқонон, даромади бештари иқтисодӣ барои хоҷагиҳо ва имконият барои истеҳсоли маҳсулоти босифати табиӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳи масъулони сохторҳои дахлдор ва коргарону мутахассисонро ба истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиати кӯҳистон, бастани шартнома бо хоҷагидорон, омӯзиши талаботи истеъмолкунанда, афзоиши истеҳсолоти рақобатпазири саноатӣ ва қонеъгардонии талаботи бозор ҷалб намуданд.
Оянда дар ҶДММ «Қоим» бо истифодаи имкониятҳои иловагии технологияи воридшуда, коркарди ангат ва истеҳсоли равғану шарбати он ва бо ҷалби мутахассисони ҷавон консервакунонии сабзавот ба роҳ монда хоҳад шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ, ҳамчунин, бо фаъолияти ҶДММ «Помир экомебел» шинос гаштанд. Дар корхонаи барои истеҳсоли мебел шаш дастгоҳи муосир насб гардида, идоракунии он тавассути технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷевон ва мизу курсӣ мувофиқ ба дархости мизоҷон бо шаклу андозаҳои гуногун барои ошхона ва ҳуҷраи корию хоб истеҳсол мешавад. Дар корхонаи мебел 10 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шуда, вобаста ба зиёд шудани талабот ба маҳсулот, теъдоди кормандон меафзояд.
Таҷрибаи ғании дуредгарӣ, фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аз ҷониби соҳибкор Шогунбеки Акимбек бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли маҳсулот тибқи таҷрибаи муосир ба роҳ монда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ, ҳамчунин, корхонаи масолеҳи сохтмониро ба истифода доданд.
Дар корхона бо назардошти талабот дару тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол мегардад. Тавлиди маҳсулот тавассути чор дастгоҳи муосир анҷом меёбад. Оянда вобаста ба талаботи бозор, воридкунии ду дастгоҳи дигар ва ба роҳ мондани истеҳсоли меху дастпӯшҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби соҳибкор Воҳиди Искандар бунёд ёфт.
Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, яъне давоми 5 соли охир, дар шаҳри Хоруғ 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи нави кор эъмор гардида, теъдоди умумии корхонаҳо ба 72 расид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷмуъ, ифтитоҳи 7 корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Хоруғ собитгари ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, масъулони сохторҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, воридсозии технологияи муосир, бунёду барқароркунии корхонаҳои саноатӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.


Муаррифии лоиҳаҳои шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии ДБССТ
27-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуда, ба сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Хоруғ идомаи тадбирҳои созанда дар самти рушди низоми маориф, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демографии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъсиси муассисаҳои таълимии замонавӣ дар минтақаҳои кишвар барои рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими иқтидори иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти беандоза дорад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ дар шаҳри Хоруғ аз 7 ошёна иборат буда, барои фарогирии 2500 донишҷӯ пешбинӣ мегардад. Тибқи нақша, сохтмони он то соли 2030 ба анҷом мерасад. Дар бинои мазкур барои ташкили раванди муосири таълимӣ 48 синфхона, аз ҷумла 20-то барои машғулиятҳои амалӣ, 4 синфхонаи маърузавӣ ва 4 лабораторияи компютерӣ ҷойгир мешаванд.
Бо мақсади ба роҳ мондани таълими амалӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, 10 лабораторияи соҳавӣ ташкил мешавад. Аз ҷумла, лабораторияҳои саёҳат ва меҳмондорӣ, сайёҳии кӯҳӣ, иқтисоди минтақаҳои кӯҳӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат, «иқтисоди сабз» ва рушди устувор, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, инчунин, рушди оқилонаи минтақаҳои кӯҳӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ду маркази махсуси омӯзиши забонҳо ташкил мешавад, ки ба баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат хоҳад кард.
Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи чоруми бино толори асосии маърузавӣ бо 1000 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, як толори конфронсӣ барои 150-200 нафар ва толори бисёрфунксионалии варзишию фарҳангӣ сохта мешаванд.
Дар муассисаи нав ба рушди захираҳои таълимӣ ва илмӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Барои ин китобхона ва маркази байналмилалии захираҳои таълимӣ бо масоҳати тақрибан 500 метри мураббаъ ташкил шуда, дорои толори хониш барои 150 нафар, китобхонаи рақамӣ, утоқҳои кории гурӯҳӣ ва инфиродӣ, маркази таҳқиқотӣ ва фазои омӯзиши электронӣ хоҳад буд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию маишӣ барои донишҷӯён ошхона ва кафетерия бо 250 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ин қисмати бино анборҳои маҳсулоти хушк ва хунук, ҳуҷраҳои махсуси шустушӯйи зарфҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мешаванд.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имконият барои фаъолияти беруназсинфии донишҷӯён толорҳои варзишу фитнес, ҳуҷраҳои либосовезӣ ва ҳаммом низ пешбинӣ гардидаанд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаи оянда ба рушди илм ва таҳқиқоти соҳавӣ вобаста хоҳад буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои табиӣ ва иқлимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассиса маркази илмӣ-таҳқиқотии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъсис дода шавад.
Фаъолияти марказ ба омӯзиши иқтисоди кӯҳӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва табиӣ, рушди «иқтисоди сабз», сайёҳии устувор ва истифодаи технологияҳои рақамӣ равона хоҳад гардид.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди биноҳои нав дар шаҳрҳои Хоруғу Истаравшан ва ноҳияи Восеъ санги асос гузоштанд.


Муаррифии лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ
27-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.
Маркази агрологистикӣ дар ҳудуди минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва омодасозии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ мегардад. Иқтидори Марказ имкон медиҳад, ки дар як вақт то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ қабул ва коркард шавад. Тибқи лоиҳа, дар Марказ се хатти муосири технологӣ насб гардида, маҳсулоти кишоварзӣ аз марҳалаҳои ҷудокунии навъҳо, тозакунӣ, санҷиши сифат, тамғагузорӣ ва бастабандӣ гузашта, мутобиқ ба талаботи бозори дохилӣ ва стандартҳои байналмилалӣ омода мешавад. Дар натиҷа, 64 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис хоҳад ёфт. Дар Маркази агрологистикӣ меваю сабзавоти дар шароити кӯҳистони Бадахшон истеҳсолшаванда коркард ва бастабандӣ мегарданд. Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди ин Марказ пешгирии талафёбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдории дарозмуддати маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо истифода аз имкониятҳои муосири нигоҳдорӣ ва коркард, маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд ба бозор пешниҳод гардида, барои афзоиши даромади кишоварзон ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Вазорати кишоварзӣ, олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор сохтанд, ки корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти технологиро бо сифати баланд ба роҳ монда, ҳангоми бунёди иншоот таҷрибаи пешрафтаи технологиро ба таври васеъ истифода баранд. Ҳамчунин, ба масъулон дастур доданд, ки барои нигоҳдорӣ, коркард ва омодасозии маҳсулоти кишоварзӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, ба сифати маҳсулот ва мутобиқати он ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Дар маҷмуъ, бунёди Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа, таъсиси 5 маркази агрологистикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараю Ҷалолиддини Балхӣ ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи чунин иқдомҳо ба рушди инфрасохтори аграрӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми коркарду нигоҳдории маҳсулот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави содиротӣ мусоидат хоҳад кард.


Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»
27-уми сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шуд.
Боғи фарҳангию фароғатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа бунёд гардидааст. Гузоштани муҷассамаи модар дар ин мавзеъ ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин муқаддасоти инсонӣ маҳсуб меёбад.
Боғи навбунёду зебо дар мавзеи хушманзараи маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷойгир мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи ноябри соли 2025 оғоз ёфта, лоиҳакашии он аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии ноҳияи Шуғнон ва корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони ҶДММ «Амирҳамза» ба анҷом расид.
Дар раванди бунёди Боғ ба ободонӣ ва сабзкории он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ҳудуди он чор суҳбаткада сохта шуд, ки барои истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр шароити муносиб фароҳам меорад. Гулҳои рангоранги ороишӣ ба муҳити Боғ таровати хос бахшида, сабзазор ва ороиши зебои мавзеъ симои онро боз ҳам дилрабо гардонидааст.
Ҳудуди Боғ пурра чароғон гардида, шабонгоҳ ба макони зебои истироҳатӣ табдил меёбад. Равшании чароғҳо, дар баробари зебоии муҳити атроф, ҳамзамон, барои сайругашт ва фароғати сокинон фазои мусоид фароҳам меорад.
Бунёди чунин маконҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат менамояд.


Ба истифода додани бинои нави МТМУ №6
27-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро барои 1048 хонанда дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил аз ҳисоби буҷети давлатӣ бунёд ёфт. Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо, риояи меъёрҳои муосир ва истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сохтмони Муассисаи муосири таълимӣ аз моҳи сентябри соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда бо риояи талаботи меъёрҳои муосир анҷом дода шуд. Дар раванди бунёди иншоот 150 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гашт.
Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 ҳуҷраи корӣ, китобхонаи электронӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳо барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам аст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардид. Дар Муассиса ҳоло 40 омӯзгор, ки 95 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва худогоҳу хештаншинос нақши муассир мебозанд. Муассиса, ҳамчунин, дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзиш ва маҷлисгоҳ бо 170 курсӣ мебошад.
Толори варзиш дорои таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни солимгардонӣ буда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва омӯзгорон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талоши бештар намоянд.


Ифтитоҳи фосилавии 90 иншоот дар ВМКБ
Дар шаҳри Хоруғ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз қабили корхонаи коркард ва бастубанди партовҳои сахти маишии ҶДММ «Атрофи тоза» бо 10 ҷойи кор, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Панасея» бо 6 ҷойи кори доимӣ ва 80 мавсимӣ, корхонаи бетони ҶДММ «Сомони давр» бо 10 ҷойи кор, Кӯдакистони хусусии «Ширинҷон» барои 100 таълимгиранда, Кӯдакистони хусусии «Дилноза» барои 60 кӯдак бо 6 ҷойи кор, Муассисаи таҳсилоти томактабии «Рисолат» барои 60 кӯдак бо 12 ҷойи кор ва маҷмааи муосири варзиш бо 20 ҷойи кор ифтитоҳ гардида, 6 лоиҳаи бунёд, навсозӣ ва мумфаршсозии роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ шуд.
Дар ноҳияи Дарвоз 11 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки бо бунёди онҳо ба ҳусни ноҳия зинати тоза зам гардид. Аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнагишикани ҶДММ «Дарвоз аква» бо 30 ҷойи кор, Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Курговади деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60 кӯдак, корхонаи истеҳсолии обҳои ташнагишикани ҶДММ Парки иноватсионии саноатию технологӣ бо 6 ҷойи кор, меҳмонхонаи «Помир Роҳи абрешим» барои 30 меҳмон бо 10 ҷойи кор, панҷ меҳмонхонаи муосир дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаихумб барои то 150 меҳмон бо 20 ҷойи корӣ ва ҶДММ «Тоҷ Корея» оид ба парвариш ва бандубасти моҳӣ бо 25 ҷойи кор ифтитоҳ гардид.
Дар ноҳияи Ванҷ 12 иншоот, аз ҷумла бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Садвадг бо 4 ҷойи кор, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси ноҳиявӣ барои 24 корманд, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 барои 100 хонанда дар ду баст, Муассисаи томактабии «Афсона» дар деҳаи Андарбак барои 60 тарбиятгиранда, Муассисаи томактабии «Амина» дар деҳаи Удоб барои 60 кӯдак, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, се маркази хидматрасонӣ бо коргоҳҳои истеҳсолӣ ва меҳмонхона дар маркази ноҳияи Ванҷ бо 14 ҷойи кор, Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшандагон» барои 60 кӯдак дар деҳаи Лугад, Муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Рованд ва Муассисаи таҳсилоти томактабии «Чашмаи дониш» барои 60 кӯдак, ифтитоҳ шуд.
Дар ноҳияи Рӯшон 12 иншоот, аз қабили неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 112 киловатт дар деҳаи Вранҷан, неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 25 киловатт дар деҳаи Биҷрав, неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 15 киловатт дар деҳаи Девлох, варзишгоҳи маркази ноҳияи Рӯшон бо 10 ҷойи кор, корхонаи саноатии бандубасти мева ва тути хушк бо 20 ҷойи кор ва хатти интиқоли барқи 110-киловолта дар масофаи 42 километр, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ноҳияи Роштқалъа 15 иншоот, аз ҷумла Муассисаи давлатии томактабии «Хирадмандон» дар деҳаи Шошбувад барои 60 кӯдак, Муассисаи давлатии томактабии «Чеҳраи фардо» барои 60 кӯдак, Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 барои 144 хонанда дар ду баст, парки саноатӣ бо 9 коргоҳ, гармхонаи муосир барои парвариши сабзавот ва Муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак, ифтитоҳ гардид.
Дар ноҳияи Шуғнон 16 иншоот, аз қабили Муассисаи томактабии рақами 10 бо номи «Ганҷи миллат» барои 60 кӯдак, неругоҳи барқи офтобӣ дар деҳаи Рож бо иқтидори 3 мегаватт, парки саноатии ноҳияи Шуғнон иборат аз 6 коргоҳи саноатӣ бо 40 ҷойи кор, гармхонаи муосир ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пашор, Муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Нишус барои 30 кӯдак, Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшандагон» барои 60 кӯдак, Муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии №2 бо номи «Насли Истиқлол» барои 80 кӯдак ва Муассисаи таҳсилоти томактабии №7 «Меҳри Пешво» барои фарогирии 60 кӯдак, ба истифода дода шуд.
Дар ноҳияи Ишкошим 9 иншоот, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти томактабии №5 барои 60 кӯдак, 4 гармхонаи нави муосир бо 7 ҷойи кор ва парки саноатӣ бо 80 ҷойи кор ва қалъаи таърихии Ямчун баъди навсозӣ, ифтитоҳ гардид.
Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб ба ифтихори Ҷашни Истиқлоли давлатӣ 4 иншоот, аз қабили бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту» барои 60 кӯдак, Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» барои 100 тарбиятгиранда, бинои нави нозироти андози ноҳия ва ду неругоҳи таҷрибавии барқи бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғайр аз 90 иншооти ба тариқи фосилавӣ ифтитоҳшуда, боз 185 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд.


Муаррифии сохтмони 6 лоиҳаи роҳ дар ҳудуди ВМКБ
27-уми сентябр ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва асфалтпӯш мегарданд, муаррифӣ шуд.
Марҳалаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон – Варшез аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Лоиҳа қисми долони байналмилалии нақлиётии Душанбе – Кулма – сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Роҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
Ҳоло аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ» раванди интихоби ширкатҳои машваратӣ ва паймонкор барои бунёди роҳи Шипад – Пастхуф ҷараён дорад.
Марҳалаи дуюми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон – Варшез аз деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон то деҳаи Турбати ноҳияи Шуғнонро бо дарозии 80 километр дар бар мегирад. Татбиқи марҳалаи якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон – Варшез имкон медиҳад, ки аз шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ роҳҳо мумфарш шуда, бехатарии ҳамлу нақл беҳтар гардад; вақти сафар кӯтоҳ, хароҷот барои интиқоли молу маҳсулот кам шавад; ташаккули тиҷорати минтақавӣ таъмин ва иқтидори транзитии Тоҷикистон дар долони байналмилалии нақлиётӣ афзояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони дахлдори вазорату идораҳо ва коргарону мутахассисонро барои босифат ба анҷом расондани сохтмон, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди қисматҳои дигари роҳ ва оғози сохтмон вазифадор карданд. Мумфаршкунии роҳи қитъаи Шоҳон – Зиғар, маркази ноҳияи Рӯшон ва Хоруғ – Роштқалъа дар доираи татбиқи лоиҳаҳо анҷом дода мешаванд. Қитъаи Шоҳон – Зиғари роҳи Душанбе – Хоруғ – сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дарозии 34 километр мумфарш мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки қитъаи роҳи Шоҳон – Зиғар соли 2011 ба истифода дода шуда буд ва дар муддати 15 соли истифода баъзе аз қисматҳои роҳ осеб диданд. Дар доираи мумфаршкунӣ, бартарафнамоии кӯҳу камари рехта ва барқарорсозии қисматҳои харобгардидаи ин масир низ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳи маркази ноҳияи Рӯшон (бо дарозии 20 километр) навсозӣ шуда, тибқи талабот барои ҳаракат шароит хуб мегардад. Дарозии умумии роҳи Хоруғ – Роштқалъа 37 километрро дар бар гирифта, қад-қади дарёи Шохдара мутобиқ ба талабот барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот шароит фароҳам оварда мешавад. Кандани хок, бартарафсозии кӯҳу камар, бунёди такядеворҳо, мустаҳкамкунии соҳили дарё ва таъмини бехатарии ҳаракат дар доираи амалишавии лоиҳа дар назар аст.
Ҳоло асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии лоиҳаи роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ҷиҳати дар оянда ҷалб кардани сармоя ва анҷом додани сохтмон ҷараён дорад. Тибқи нақшаи пешакӣ, дарозии роҳ 104 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии 12 метр барои нақлиёт сохта мешавад. Роҳи Хоруғ – Ишкошим яке аз масирҳои муҳими стратегӣ ва сайёҳии Бадахшон ба шумор рафта, таҷдиди он пайвастагии нақлиётиро беҳтар, бехатарии ҳаракат ва рушди иқтисодию иҷтимоиро таъмин мекунад.
Дар маҷмуъ, дар доираи 6 лоиҳа, ки ба Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ муаррифӣ шуд, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солҳои наздик бунёд, навсозӣ ва мумфаршкунии 358 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ» ва Вазорати нақлиёт ба анҷом хоҳад расид.
Дар идомаи ҳамин тадбирҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои намунавии супориши Роҳбари давлат, навсозии роҳи водии Язгулом ҷараён дорад. Аллакай, то охирон деҳаи ин водии ноҳияи Ванҷ ба масофаи 34 километр корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сангфаршкунӣ ба анҷом расида, аз ин 16 километр мумфарш шудааст. Мумфаршкунии 16 километри дигар анҷом дода мешавад. Ин роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи Рӯшон сохта мешавад. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ояндаи наздик дар доираи сохтмони роҳи мултимодалии Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо бунёду навсозии 90 километр қитъаи роҳи Мурғоб – Кулма ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қаросу оғоз меёбад.
Бунёди роҳу пул ва нақбҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар долони байналмилалии Душанбе – Хоруғ – сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаракати нақлиёт дар чор фасли сол таъмин гардад, сокинони маҳаллӣ аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар шаванд ва боркашонии байналмилалӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон афзояд.


Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика
27-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин, як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетикаро, ки дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоб бунёд шуда буданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 110/35-киловолтаи Қозидеҳро, ки дар деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бунёд шуд, ба истифода доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи «Барқикунонии вилояти Бадахшон» бунёд ёфта, барои таҳкими шабакаи барқӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи барқи офтобиро дар ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 3 мегаватт-соат неруи барқ ифтитоҳ бахшиданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Неругоҳи барқи офтобии деҳаи Рож дар вилоят яке аз неругоҳҳои калони истеҳсолкунандаи неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда ба шумор меравад. Барои истеҳсоли неруи барқ аз Офтоб дар Неругоҳи мазкур 4 ҳазору 752 панел истифода мегардад.
Ҳамчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори 112 киловатт дар деҳаи Вранҷани ноҳияи Рӯшон ба истифода доданд. Неругоҳи барқи офтобӣ бо мақсади беҳтар сохтани таъминоти аҳолии деҳаи Вранҷан бо неруи барқ бунёд ёфт. Бунёди ин иншооти энергетикӣ дар минтақаҳои кӯҳистон, пеш аз ҳама, ба беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии маҳал мусоидат мекунад.
Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон неругоҳи хурди барқи обиро бо иқтидори 25 киловатт ба истифода доданд. Ба истифода додани неругоҳи хурди барқи обӣ барои сокинони деҳаи Биҷрав рӯйдоди муҳим буда, имконияти дастрасӣ ба неруи барқи доимиро барои беҳтарнамоии шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳа фароҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Девлохи деҳоти Баррӯшони ноҳияи Рӯшон неругоҳи барқи обиро бо иқтидори 15 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни ифтитоҳи иншоот гуфта шуд, ки чунин иншооти энергетикӣ дар самти беҳшавии шароити зиндагии сокинон ва рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори деҳот заминаи мусоид мегузорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Тохтамиши деҳоти Қизилработи ноҳияи Мурғоб ду неругоҳи таҷрибавии барқи бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Неругоҳҳои таҷрибавии барқи бодӣ дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд бунёд гардидаанд.
Дар баробари неругоҳҳои барқи бодӣ, дар ҳамин мавзеъ дар майдони беш аз як гектар панелҳои офтобӣ низ насб шуданд. Иқтидори умумии онҳо 1138 киловаттро ташкил дода, иқтидори захираи энергия дар батареяҳо ба 590 киловатт-соат мерасад. Ин маҷмуаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки 145 хоҷагӣ тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти интиқоли барқи 110-киловолта дар ноҳияи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд. Хатти интиқоли барқи 110-киловолта дар масофаи 42 километр кашида шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави интиқоли барқ дар рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи ноҳияи Рӯшон басо муҳим буда, ба баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии таъминоти неруи барқ мусоидат менамояд.

Санаи нашр: 29.09.2026 №: 188