ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН АЗ ТАВАҶҶУҲИ ХОСАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТО МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД
![]()
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавриди таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, ба майдони ҳарбу зарби созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ симои худро ба таври куллӣ дигар кардааст.
Нишондиҳандаи асосии рушди вилоят афзоиши маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ буда, он дар соли 2025 ба 3 миллиарду 18,3 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 (1 миллиарду 65 миллион сомонӣ) се маротиба ва нисбат ба соли 2000-ум 9,4 маротиба зиёд мебошад. Ин гувоҳи он аст, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ иқтисодиёти вилоят на танҳо аз лиҳози ҳаҷм рушд намуд, балки такони нави сохтории рушдро соҳиб гардид.
Ҷиҳати рушди саноат дар Барномаи рушди саноати вилоят барои солҳои 2026 – 2030 татбиқи 52 лоиҳа ба маблағи 3368,4 миллион сомонӣ, ки ба истихроҷ ва коркарди масолеҳи маҳаллӣ равона гардидааст, пешбинӣ мешавад. Дар ин замина, таъсиси зиёда аз 1500 ҷойи кори нав дар назар аст.
Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳудуди вилоят 25 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 105 ҷойи нави кор ба истифода дода шуданд ва ин шумораи ниҳоӣ набуда, то рӯзҳои таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз ҳам афзоиш меёбад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят 31 080 кВт иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, қариб 70 неругоҳи барқи обии хурд ва неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 кВт бунёд гардида, 13592 кВт иқтидорҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ шуданд.
Дар маҷмуъ, дар соҳаи энергетикаи ВМКБ даҳҳо лоиҳаҳои хурду миёна ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳамчунин, барои такмилу таҷдиди шабакаҳои барқии вилоят беш аз 300 зеристгоҳи барқӣ ва садҳо километр хатҳои интиқоли барқ насб ва таҷдид шуданд, ки дар натиҷа ҳудуди барқтаъминкунӣ дар вилоят аз 13 фоизи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба 98 фоиз расид. Бо татбиқи якчанд лоиҳаи дигари энергетикӣ вилоят пурра бо барқ таъмин мешавад. Умуман, рушди ин соҳаи муҳим намунаи беҳтарини рушди вилоят дар даврони истиқлол мебошад.
Шаҳру ноҳияҳои Бадахшон солҳои пеш ҷиҳати номусоидии обу ҳаво ва баста гардидани роҳҳо дар зимистон давоми 7 моҳ бо маркази ҷумҳурӣ ва дигар манотиқи кишвар қариб иртиботе надоштанд. Танҳо дар даврони истиқлол шоҳкорие рӯйи кор омад, ки вилоятро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонд. Моҳи ноябри соли 1998 аз тариқи вилоят роҳи автомобилгарди Мурғоб – ағбаи Кулма кушода шуд, ки он роҳҳои Тоҷикистонро ба Чин пайваст. Соли 1999 бошад, роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб ифтитоҳ гардид, ки он на танҳо ду вилояти калонтарини Тоҷикистонро ба ҳам пайваст, балки барои дар тамоми фаслҳои сол таъмин будани иртибот бо Бадахшон шароит фароҳам сохт. Ҳоло аз ин роҳ ҳамарӯза садҳо мошинҳои гаронбору мусофиркаш мегузаранд.
Солҳои минбаъда навсозии шоҳроҳи мазкур ва ба стандарти байналмилалӣ мутобиқсозии он оғоз ёфта, бомаром идома дорад. Дар ин давра дар вилоят бунёду навсозии қариб 400 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 40 пул ба анҷом расида, ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соҳаи кишоварзии вилоят низ рушд ёфтааст, ки он дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Масалан, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят соли 2020 ба 573 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ танҳо дар шашмоҳаи соли равон 299,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум зиёд мебошад.
Солҳои охир дар вилоят боғдорӣ ҳам хеле пешрафт кард. Маҳсулоти боғдорони вилоят на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он ҳам харидорони худро пайдо намудаанд. Аз ин рӯ, майдони боғот сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Ҳатто дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҳам се соли охир боғҳои ангату хуч, қоту қарақот ва дигар буттамеваҳои ба ин шароит тобовар бунёд мегарданд.
Чунин таваҷҷуҳу сармоягузорӣ ба ободонию созандагӣ, пешрафти иқтисодии вилоят ва сатҳи некуаҳволии сокинон маҳз аз файзи истиқлол ва назари хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва мардуми меҳнатқарини он сарчашма мегирад.
САФАРЗОДА Шарифхон Нураҳмад,
раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
