Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
28-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯсту заҳматқарини вилоятро ба муносибати Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, хотираи фарзанди некноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, собиқ раиси вилоят, шодравон Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд намуда, бори дигар ба падару модар ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ иброз доштанд. Таъкид гардид, ки шодравон Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки садоқат ба давлату миллат ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаро шиори зиндагии худ қарор дода буд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини вилоят минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва заҳмати содиқона барои ободӣ ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмат хоҳанд кашид.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзгорон Гулзода Мумтоза, Файзиддин Ализода ва собиқадор Исмоил Орифшо доир ба дастовардҳои даврони истиқлол, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, саҳми Пешвои миллат дар шукуфоии ин гӯшаи сарзамин, таъмини зиндагии шоиста ва ғайра, изҳори андеша карданд. Онҳо ба Роҳбари ҷавонпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипос намуданд.
