ПИРИНГ – ПАЙВАСТИ МУСТАҚИМ БА ОЯНДАИ РАҚАМӢ
![]()
24-25-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Crown Plaza»-и шаҳри Душанбе бори нахуст дар Тоҷикистон Форуми панҷуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ – CAPIF-5 баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (RIPE NCC) дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Тоҷиктелеком» ва бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Форум намояндагони ҷомеаи интернетӣ, провайдерони хидматрасонии интернетӣ, операторони шабака, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои танзимкунанда, инчунин, коршиносони техникиро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо ба ҳам овард. Дар маркази диққат масъалаҳое қарор гирифтанд, ки имрӯз на танҳо барои мутахассисони соҳаи алоқа, балки барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ, маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа аҳамияти рӯзафзун доранд.
Директори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ва директори ҶСК «Тоҷиктелеком» Бахтовар Абдусатторзода дар суханрониҳои худ ба зарурати таҳкими инфрасохтори рақамӣ, густариши ҳамкориҳои техникӣ ва минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди технологияҳои нав таваҷҷуҳ карданд.
Тавре зикр гардид, рушди соҳаи алоқа дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ идома ёфта, то соли 2040 низ самтҳои нави рушди инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, дар мадди назар мебошанд. Дар ин раванд, масъалаи пиринг ва масиргузории дурусти трафики интернетӣ мавқеи муҳим дорад, зеро ҳар қадар масири ҳаракати маълумот кӯтоҳ ва мустақим бошад, ҳамон қадар имкони коҳиш додани таъхир, хароҷоти транзитӣ ва беҳтар намудани сифати хидматрасонӣ бештар мегардад.
Пиринг, ба ибораи сода, пайвасти мустақими ду ё зиёда шабакаи интернетӣ мебошад, ки тавассути он онҳо трафики худро бевосита мубодила мекунанд. Яъне, маълумот дигар аз як қатор шабакаҳои миёнарав намегузарад. Чунин равиш метавонад ба баланд шудани устуворӣ ва самаранокии шабака мусоидат кунад.
Баргузории CAPIF-5 дар Душанбе як паҳлуи дигар низ дорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба ҳам наздиканд, вале хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва набудани баромади мустақим ба баҳр барои рушди инфрасохтори байналмилалии интернетӣ мушкилоти муайян эҷод мекунанд.
Намояндаи дафтари Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) барои Осиёи Марказӣ Наталя Мочу таъкид намуд, ки имрӯз масъала танҳо зиёд намудани шумораи истифодабарандагони интернет нест. Сифат, устуворӣ ва дастрасии боэътимоди интернет аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ба гуфтаи ӯ, вобастагӣ аз инфрасохтори фаромарзӣ ва арзиши транзити байналмилалӣ кишварҳои минтақаро водор месозад, ки ба рушди кабелҳои оптикии байнисарҳадӣ, нуқтаҳои минтақавии мубодилаи трафик ва долонҳои рақамӣ таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими Форум ташкили модели муассири мубодилаи трафики интернетӣ буд.
Бахтовар Абдусатторзода зимни яке аз панелҳои Форум пешниҳодеро муаррифӣ намуд, ки ба се самти асосӣ такя мекунад: пиринг дар сатҳи миллӣ, пиринги минтақавӣ ва транзити ҷаҳонӣ. Пиринги миллӣ, пеш аз ҳама, барои он зарур аст, ки трафики дохилии кишвар то ҳадди имкон дар дохили шабакаҳои миллӣ гардиш кунад. Пиринги минтақавӣ бошад, имконият медиҳад, ки байни кишварҳои Осиёи Марказӣ трафик мустақимтар мубодила шавад. Транзити ҷаҳонӣ низ ҳамчун қисми зарурии дастрасӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад. Ин се самт метавонанд барои ташкили шабакаи устувор ва дорои масирҳои гуногуни интернетӣ замина фароҳам оваранд.
Дар Форум масъалаи рушди ноқилҳои оптикӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди қаламраваш кӯҳистон мебошад, сохтмон ва нигоҳдории инфрасохтори оптикӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст, метавонад хароҷоти молиявии худро дошта бошад. Аммо маҳз рушди чунин инфрасохтор барои баланд бардоштани сифат ва устувории интернет дар минтақаҳо аҳамияти калон дорад.
Намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон ва Озар-бойҷон низ дар панелҳои Форум таҷрибаи кишварҳои худро пешниҳод намуданд.
Баргузории CAPIF-5 дар шаҳри Душанбе имкон дод, ки имкониятҳои техникии кишвар дар назди мутахассисони минтақавӣ муаррифӣ гардида, масъалаҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як майдони касбӣ баррасӣ шаванд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
