ХАТЛОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ СЕ НОҲИЯИ ҶАНУБ

01 октябр 2026, Панҷшанбе
5


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, бунёди иншооти мухталиф ва шунидани арзи сокинон ба ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав сафар кард.
Дар ноҳияи Қубодиён Давлаталӣ Саид дар кори ҷамъоварии ҳосили пахтаи хоҷагии деҳқонии «Ҳайталӣ», воқеъ дар деҳаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти Вобканд, иштирок кард. Хоҷагии деҳқонии «Ҳайталӣ» 7 гектар замин дошта, дар 6 гектар пахта ва дар 1 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт шудааст. Кишоварзон то имрӯз ду маротиба чиниши пахтаро анҷом дода, 11 тонна пахта, яъне 61 дарсади нақшаро ҷамъоварӣ кардаанд.
Зимни суҳбат бо хоҷагидорон таъкид гардид, ки ҳосили пахта бояд дар муҳлати муайяншуда ва бе талаф ҷамъоварӣ гардида, барои таъмини иҷрои нақшаи истеҳсолӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода шаванд.
Дар ноҳияи Шаҳритус раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Эшмуродбобо», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Тоҷдорон, шинос шуд. Хоҷагии мазкур дар масоҳати умумии 15 гектар доман паҳн карда, деҳқонон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва дар заминаи риояи талаботи агротехникӣ ба парвариши як қатор зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд. Тибқи маълумоти масъулони хоҷагӣ, соли ҷорӣ дар заминҳои хоҷагӣ 7 гектар пунбадона ва 5 гектар чормағзи заминӣ кишт карда шудааст. Ҳамзамон, дар майдони 2 гектар боғ бунёд гардида, 1 гектар замин барои парвариши беда истифода мешавад. Парвариши чормағзи заминӣ дар хоҷагӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзон ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва ба гардиши пурраи кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои замин мусоидат мекунад. Ин иқдом, инчунин, ба баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Дар раванди корҳои мавсимӣ, аз ҷумла корҳои вобаста ба кишт ва нигоҳубини зироатҳо, 16 сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин карда шудааст.
Раиси вилоят ба масъалаи истифодаи самараноки замин, нигоҳубини саривақтии зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, интихоби дурусти зироатҳо ва истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ноҳияи Носири Хусрав Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Миргузари Ҷамоати деҳоти Хуталон шинос шуд. Корҳои ободониву созандагӣ дар ин мавзеъ бо ташаббусу дастгирии соҳибкорон ва сокинони деҳаи Миргузар амалӣ гардида, ҳадафи он беҳтар намудани ҳолати роҳу фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракат барои нақлиёт мебошад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони деҳа ташаббуси онҳоро дар самти ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал намунаи ибрат ва нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ муҳим мебошад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.09.2026 №: 189