МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ. ШУҲРАТИ ОЛАМШУМУЛИ ШОИР
![]()
Осори гаронмояи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, бавижа «Маснавии маънавӣ»-и ӯ имрӯзҳо сайри ҷаҳон мекунад. Бино ба маълумоти сомонаҳои интернетии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупову Амрико дар ду даҳсолаи охир китобҳои Мавлоно аз пурфурӯштарин буда, мароқу шавқмандии хориҷиён ба мағзи андешаҳои ин орифи бузург дар ҳоли афзоиш аст.
ФАРҲАНГИ РУС ВА МАВЛОНО
Ҳанӯз дар асри ХХ омӯзиш ва пажӯҳиши асарҳои Ҷалолуддини Балхӣ дар Россия оғоз шуд. Тарҷумон ва шоирони рус ба ҷон кӯшидаанд, то асолату мағзи осори фалсафиву ирфонии шоирро ба хонандаи худ расонанд.
Бори нахуст дар соли 1986 «Маснавии маънавӣ» бо тарҷумаи Наум Гребнев дар Москва чоп шуда буд. Он бо номи “Поэма о скрытом смысле” муаррифӣ гардида, баргузидаи достонҳои пандомӯзи шоир аз шаш дафтарро фаро мегирад.
Ба китоб О. Ф. Акимушкин охирсухани муфассал навишта, мутафаккири барҷастаи тоҷику порсро ба хонандаи рус ба таври шоиста муаррифӣ кардааст.
Дар нашриёти машҳури “Наука” бо шумораи 75 ҳазор нусха чоп шудани «Маснавии маънавӣ» дар он замон, воқеан ҳам, муъҷизаро мемонд. Танҳо дар китоб номи шоир Румӣ сабт аст.
Баъдтар дар солҳои 2012-2013 тарҷумаи академии «Маснавии маънавӣ» дар Москва рӯнамоӣ шуд, ки шаш китобро фаро мегирифт. Дар тарҷума ва таҳриру такмили шашҷилда Алексей Хисматулин, арабшиносону эроншиносони номвари рус О. Ф. Акимушкин, М. О. Османов, Ю. А. Иоаннесян, Б. В. Норик, О. М. Ястребова, Н. Ю. Чалисова ва М. А. Русанов ширкат доштанд.
Як чизи каме нохушоянд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин аст, ки хонандаи одии рус шоири моро бештар саргарму таблиғгари айшу тараб, хушиҳои муқаррарӣ шинохта, байту масалҳои ӯро бо аксу тасвирҳои занони нимаурён, мардони сархуш ва соғари шароб муаррифӣ мекунанд. Дар ҳоле ки аз уқёнуси бекарони фазли Мавлоно ҳар кас ҳамон қадре мегирад, ки гунҷоиши кӯзааш он аст.
«МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» ДАР ӮЗБЕКИСТОН
Аз нахустинҳо шуда шоири номвар Аскар Маҳкам дар Ӯзбекистон ба тарҷума ва шарҳи “Маснавӣ” пардохт. Ӯ, аслан зодаи имрӯзаи шаҳри Ваҳдат ва дертар ба Тошканд рафта, муқими он ҷо шуда буд. Марги ногаҳонӣ кори ӯро нима гузошт ва ҳоло Абдуллоҳи Зуҳур ба шарҳи «Маснавӣ» машғул аст. Баъдан, «Маснавӣ» дар тарҷумаи шоири ӯзбек Ҷамол Камол чанд маротиба ба табъ расид. Хидмати Ҷамол Камол шоистаи тақдир бошад ҳам, аммо дар “Маснавӣ”-и ӯзбекӣ қофияҳо носозгор, вазн ҳар ҷо хароб ва қариб, ки бидуни истинод чоп мешуданд.
Ин камбудиҳо монеае буданд, ки хонандаи ӯзбек аз мазмуну мундариҷаи ин асар ба таври комил огоҳӣ наёфт. Ба андозаи зарурӣ огоҳӣ надоштани мутарҷим аз маъниҳои ирфонии «Маснавӣ» руҳи асарро барбод додааст.
Ин аст, ки Одил Икром, шоир ва тарҷумони номошнои мо аз шаҳри Исфара бар тарҷумаи комили ин шоҳасар пардохт ва дар давоми 10 сол онро бо фарогирии истинод, луғат ва дигар вижагиҳо ба хонандаи ӯзбек пешниҳод намуд.
Бино ба гуфтаи Одил Икром, тарҷумаро аз рӯйи нусхаи Қунияи Туркия анҷом додааст. Ин нусха куҳантарин ва аслитарин “Маснавии маънавӣ” маҳсуб мешавад, зеро пас аз панҷ соли даргузашти Мавлоно китобат шуда.
– Хушбахтона, тарҷумаи банда аз ҷониби аҳли адаби ӯзбек хуш пазируфта шуд ва ҳар дафтари он дар Тошканд ба теъдоди 5-ҳазорнусхагӣ, ҷамъулҷамъ, 30 ҳазор нусха ба нашр расид. Дар баробари ин, банда ҳикоятҳо аз «Маснавии маънавӣ»-ро дар шаш дафтар, ки ҳамчун изҳороти насрӣ барои кӯдакон ва хонандагони хурдсол аст, тарҷума кардам ва он низ бо теъдоди 30 000 нусха (ҳар дафтар 5000-нусхагӣ) дар Тошканд чоп шуд, – афзудааст тарҷумон.
Бояд гуфт, ки барои ин кори хубу шоиста Одил Икром барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.
ШИНОХТИ МАВЛОНО ДАР АМРИКО
Дар хабаргузории «Ҳамшаҳриён»-и порсӣ мусоҳибаи яке аз мавлоношиносони амрикоӣ, устоди забон ва адабиёти порсии Донишгоҳи Чикаго доктор Франклин Левис (Franklin Lewis) интишор ёфт, ки нуктаҳои ҷолиб дорад. Ӯ муаллифи китоби «Мавлоно, аз дирӯз то имрӯз, аз Шарқ то Ғарб» аст.
Бино ба андешаи ӯ, чизе, ки амрикоиҳоро ба Мавлоно ҷазб мекунад, ваҳдатофаринии осори ӯст. Яъне, ин орифи ҳақбин байни динҳои гуногун, одамони мухталифмашраби сайёра, миллату қавмҳо тафриқа намегузорад. Ҳамаро баромада аз як мағз, мағзи маърифат медонад. Аммо тарҷумаҳои қобили дастрас аз осори Мавлоно дар Амрико чандон эътимоднок нестанд. Бештари тарҷумаҳо аз тарафи афроде сурат гирифтаанд, ки аз забони порсӣ, бавижа аз муҳтавои ирфонии шоир, огоҳии камтар ё аввалия доранду бас.
Аз ин гуфтаҳои пажӯҳишгар бармеояд, ки амрикоиҳо шоири тоҷикро на ба он сатҳ маърифат кардаанд, ки мо шинохтаем ва ин, албатта, ҳолати табиӣ аст, зеро муҳит, ҷаҳоннигарӣ, андеша, тасаввуру тахайюл ва оину анъанаҳои онҳо дигар аст. Аз ин сабаб, бозшинохташон низ фарқ мекунад.
Франклин Левис сабабҳои таваҷҷуҳи амрикоиҳоро, махсусан ба «Маснавии маънавӣ», чунин шарҳ додааст: «Чеҳрае, ки аз Мавлоно дар Амрико муаррифӣ шуда, фардеро нишон медиҳад, ки бидуни қишргирӣ ва сахтгирӣ ба масоили динӣ бархӯрд мекунад. Фард чи масеҳӣ, чи мусалмон ва чи зардуштӣ бошад, дидгоҳи бози Мавлоноро мепазирад. Махсусан, достонҳои хурд-хурди «Маснавӣ» маъруфияти бештар доранд».
![]()
Ёдовар мешавем, ки заминаи боз ҳам бештар шинохта шудани Мавлоно ва арҷгузории хидматҳои мондагори ӯро дар адабу фарҳанги ҷаҳон Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2007 гузошт ва аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон пажӯҳишгарону таърихнигорон ва коршиносони соҳаву адёни гуногунро ба фалсафаи башардӯстонаи ин нобиғаи асри XIII ошно намуд. Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки масъалаи шинохти Мавлоно дар ҷаҳон пажӯҳиши густурдаву доманадорро мехоҳад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
