МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ КИШВАРҲОИ ИДМ

02 октябр 2026, Ҷумъа
13

1-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазирони корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ба ҳузур пазируфтанд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ комёбӣ орзу намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми солҳои гузашта Шуро худро ҳамчун майдони соҳавӣ барои ҳамкории байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷинояткорӣ муаррифӣ кардааст.
“Шуро имрӯз ҳамчун механизми муҳими ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки мақомоти корҳои дохилии кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва таҳкими субот дар ҷомеа нақши калидӣ дорад”, – иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир водор месозад, ки чораҳои амниятӣ минбаъд тақвият ва ҳамкории байналмилалӣ густариш ёбад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои муборизаи самаранок бо ҷинояткорӣ, бахусус шаклҳои фаромиллӣ ва муташаккили он, муҳим шумурда, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, қочоқи инсон ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллиро самти асосии фаъолияти сохторҳои марбута донистанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба рушди босуръати ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нави коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор, ки боиси нигаронии хос дар паҳн кардани идеологияи радикалӣ мегардад, изҳори андеша карданд.
Дар зимн, баланд бардоштани фаврияти мубодилаи иттилоот ва таъмини вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои фаромиллӣ зарур дониста шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар мавзуъҳои мубрами ҳамкории сохторҳои корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Санаи нашр: 02.10.2026 №: 190