“ҶУМҲУРИЯТ” ИНШООТИ МУҲТАШАМИ МАЪНАВИЕРО БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БА АРМУҒОН ОВАРД

02 октябр 2026, Ҷумъа
16


35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошукӯҳ таҷлил гардид. Намояндагони касбу кори гуногун ба Ҷашни умумимиллӣ армуғони худро эҳдо намуданд. Тибқи иттилои дастрасшуда, бахшида ба ин сана зиёда аз 32000 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Ба ифтихори ин Ҷашн ҳар хиште, ки гузошта шуд, кохи истиқлоли давлатиро тақвият бахшид, ҳар роҳе, ки обод шуд, пайванд миёни имрӯз ва фардоро тавсеа дод, ҳар мактабе, ки дари худро ба рӯйи фарзандони миллат боз кард, моҳиятан чароғе маҳсуб мешавад, ки ҷодаи наслҳои ояндаро равшан мекунад.
Вобаста ба Ҷашни мавриди назар дар радифи эъмори сохтмонҳои бошукӯҳ навъи дигари бунёдкорӣ – таълифи китобҳо низ вусъат пайдо кард. Бо дарки масъулият мегӯям, ки навиштан ё мураттаб намудани китоб, воқеан, аз бунёди иншооти муҳташам кам нест. Ба ибораи дигар, китоб моҳиятан кохи муҳташам ва таълифи он масъулият дар назди гузашта, имрӯз ва оянда мебошад. Бо назардошти ин Фирдавсии бузургвор фармуда буд, ки “пай афкандам аз назм кохе баланд”...
Ба ҳамин маънӣ, таҳия ва рӯнамоии се китоби ба маънои том мондагор: “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ”, “Бозгашти қаҳрамон” ва “Бозгашти қаҳрамон 2” армуғони арзанда ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин, идомаи мантиқии тадбирандешиҳои судманди бетаъхири аҳли “Ҷумҳурият” – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ маҳсуб мешавад. Хеле рамзӣ буд, ки маросими рӯнамоии ин китобҳо дар бинои Парлумони кишвар доир гардид.
Бидуни муболиғаву тамаллуқ, ҳамчун хонанда ва муаллифи доимии “Ҷумҳурият”, метавонам бигӯям, ки ин рӯзнома дар иҷрои рисолати худ комёб аст. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “... Ин рӯзнома ҳарчанд бо тақозои замон чандин бор табдили ному алифбо карда бошад ҳам, вале ҳеҷ гоҳ табдили мақсаду маром накарда, дар иҷрои рисолати таърихии худ – хидмат дар роҳи бедории миллӣ, ҳамеша содиқ мондааст”.
Вобаста ба муҳтавои ин китобҳо мухтасар метавон гуфт, ки онҳо аҳли ҷомеаро дар шинохти қаҳрамонҳои Тоҷикистон: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур амиқтар мебаранд. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон изҳори нигаронӣ намуданд: «Мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман, таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст ва навиштани таърих, инчунин таҳқиқи таърихи адабиёт, бо диди нав ҳанӯз оғоз наёфтааст». Вобаста ба ин таъкид намуданд: «Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки мероси таърихиву адабии гузаштагонамон ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳад». Муҳтавои китобҳои зикршуда андешаро дар бобати он ки нашри онҳо ба ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат бевосита рабт дорад, собит менамояд.
Дар маросими рӯнамоӣ нухбагони кишвар доир ба муҳтавои китобҳо ва ибтикори давоми даҳ соли охир амалинамудаи аҳли “Ҷумҳурият” андешаҳояшонро баён намуданд, ки бо аксари онҳо комилан ҳамфикрам. Ситоиши тадбирандешиҳои “Ҷумҳурият” дар ҳолест ки қисмати аъзами аҳли зиё ба масоили марбут ба арзишҳои милливу давлатӣ то андозае бетафовуту фориғболанд.
Дар ин чорабинӣ андешаҳое баён шуданд, ки мағзҳоро (албатта, на ҳама мағзҳоро) такон бахшид. Хосса, маърузаи муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, ки дар он корҳои амалинамудаи “Ҷумҳурият” таҳлил ва арҷгузорӣ шуданд. Нотиқ ин рӯзномаро ҳувиятсоз номида, барҳақ зикр кард: ““Ҷумҳурият” дар чанд соли охир иқдомотеро рӯйи даст гирифтаву пиёда сохт, ки дар таҳкими идеологияи миллӣ дар доираи имконияти як нашрия, воқеан, бесобиқа бузурганд”.
Таҷриба гувоҳи он аст, ки аксар назари созанда ва андешаҳои бикр аввал дар шакли мақола, очерк ё таҳлили рӯзномавӣ ба ҷомеа пешниҳод мешаванд ва баъдан ба таҳқиқоти мукаммалтар, маҷмуаҳо ва китобҳо роҳ меёбанд. Аз ҷониби дигар, китобҳо низ барои рӯзноманигор сарчашмаи дониш, далел ва андеша мебошанд.
Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҳар рӯз ҳазорон матн навишта мешавад. Аммо на ҳар матн ба хотира табдил меёбад. Барои ба хотира табдил ёфтан, матн бояд арзиши маънавӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ё таърихӣ дошта бошад. Ҷоиз ба зикр алоҳида аст, ки мураттаб намудани китоб танҳо ҷамъ кардани нигоштаҳо нест. Ин амал интихоби мӯшикофона, таҳлил, муқоиса, санҷиши манбаъҳо, муайян намудани робитаи матолиб ва ба низом даровардани андешаҳо мебошад. Мазмуну муҳтавои се китоби нав шаҳодати он аст, ки тими “Ҷумҳурият” ин омилҳоро мадди назар доранд.
Эътироф бояд кард, ки ибтикори “Ҷумҳурият” – тақвият бахшидани қаробати китоб бо рӯзнома муҳим асту саривақтӣ. Рӯзнома номаи рӯз аст. Он бо рӯйдодҳои имрӯз ҳамнаво, бо дарди ҷомеа ҳамдард аст, аз комёбиҳо мужда мерасонад ва мақолаҳои марбут ба мушкилоти рӯзро матраҳ менамояд. Ба ибораи дигар, саҳифаи рӯзнома шабеҳи оинаест, ки вазъи кунунии ҷомеаро инъикос мекунад.
Бинобар ин, ба андешаи инҷониб, зарур ва ногузир аст, ки зиёиён низ баҳри тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тақвияти мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ беш аз пеш фаъол гарданд ва ба маънои томаш ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошанд. Дар шароити кунунӣ мо беш аз ҳар вақти дигар ба мардум талқин намоем, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмикунонии эътирофи рисолати шахсиятҳо ҳаргиз сифату арзишҳои демократии ҷомеа ва давлатҳоро коҳиш намедиҳад, баръакс, ба иттиҳоду ҳамбастагии бештари мардум дар роҳи расидан ба идеалҳои миллӣ боис мегардад. Чунин қадршиносӣ ба равандҳое чун авторитаризму шахсиятпарастӣ ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни шарҳу тавзеҳи корҳои аз ҷониби “Ҷумҳурият” амалишуда дуруст гуфт, ки онҳо “фаротар аз рисолату қудрати як рӯзнома буд, аҳли эҷоди он бо сарбаландӣ аз иҷрои ин ҳадафи бузурги созанда баромаданд. Ҷойи таъкиди махсус аст, ки бе садоқат ба касб ва муҳаббати самимӣ ба Пешвои худ даст ёфтан дар татбиқи чунин иқдомоти мондагор аз эҳтимол дур мебуд”. Ин суханон рамзу ҳикмати зиёд дошта, барои аҳли фаҳм моҳиятан ғизо аст...
Дар маҷмуъ, ибтикори зикршуда беназир ва муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гардиданашон, пеш аз ҳама, ба таъкиди Пешвои миллат, ки дар мулоқоташон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и ҳукуматӣ баён гардида буд, рабт дорад. Лозим ба ёдоварист, ки мулоқоти мазкур 20-уми феврали соли 2019 доир шуда, ҳадаф натиҷагирии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир ҳамчун фишанги асосии тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ва баррасии сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ буд.
– Шумо – роҳбарони воситаҳои ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон бошед, зеро воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ барои анҷом додани ин кор имконияти кофии зеҳнӣ ва техникӣ доранд, – таъкид карда буданд Сарвари давлат.
Дар мулоқоти зикршуда Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дастур дода буданд, ки “намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонанда мазмуну муҳтавои воқеии рӯйдодҳоро расонанд. Дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумат саҳмгузор бошанд”.
Хулоса ин аст, ки тими “Ҷумҳурият” бо ибтикори худ – нашри китобҳои “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ”, “Бозгашти қаҳрамон” ва “Бозгашти қаҳрамон 2” собитқадам буданашонро дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҷузъи асосии он аст, исбот карданд. Илова бар ин, онҳо ҷомеаро мутмаин намуданд, ки ҳар саҳифаи рӯзнома метавонад шаҳодати як давра бошад ва ҳар китоб қодир аст як пора аз таърихи ғании миллатро эмин нигоҳ дорад.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”,
номзади илмҳои сиёсӣ

Санаи нашр: 02.10.2026 №: 190