ТОҶИКОН. МИЛЛАТЕ ИФТИХОРМАНД АЗ ФАРҲАНГ, ГУЗАШТАИ БОШУКӮҲ ВА РЕШАҲОИ ҚАВМИИ ХУД

02 октябр 2026, Ҷумъа
16

Файласуф, нависанда, муҳаққиқ, таърихшинос ва мардумшинос (этнолог)-и покистонӣ Ориф Ҳасанхон Охундзода, ки дар рӯзҳои таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ меҳмони Тоҷикистон буд, хотираҳояшро нисбат ба кишвари мо дар саҳифаи фейсбукияш бисёр бомуҳаббат нашр кардааст, ки ба таври мухтасар пешкаши хонандагон мегардонем. 
– Боиси ифтихор ва хурсандии ман буд, ки аз номи тоҷикони Покистон дар ҷашну маросимҳои давлатӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар конфронси «Пайванд» бахшида ба ваҳдати ҷаҳонии тоҷикон, ки бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок кардам.
Сафар ба Тоҷикистон барои ман бисёр омӯзанда ва андешабарангез буд. Тоҷикистон ҳамчун як воҳаи субот, амният, ободӣ, оромӣ ва қаноат ба назар мерасад. Пойтахти он – шаҳри Душанбе бо вуҷуди иқлими хушк доштан, бисёр покиза аст. Тули 35 соли гузашта Душанбе бо меъмории бошукӯҳи ҷамъиятӣ ва тарҳҳои суннатӣ ва дилнишини осиёӣ шинохта шудааст. Ин тарҳҳо на танҳо ба чашм нохушоянд нестанд ва ҳисси худбузургбинии сохтаву бардурӯғро ба вуҷуд намеоранд, балки дар мардум эҳсоси ифтихор аз фарҳанг ва сармояҳои мадании хешро бедор мекунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон беҳтарин ҷанбаҳои фарҳанги худро ба намоиш мегузоранд. Онҳо мардуми бисёр боадаб ва ростқавл ҳастанд, ки аз фарҳанг, гузаштаи бошукӯҳ ва решаҳои қавмии худ ифтихор мекунанд. Ин эҳсоси ифтихор ҳеҷ ҷанбаи номатлубе надорад, балки ҷузъи муҳими шахсияти онҳост.
Тоҷикистон макони комилан одиву муқаррарӣ менамояд. Занон дар муҳити покизаи шаҳр ва дар тамоми мавқеъҳои иҷтимоиву корӣ дар паҳлуи мардон ба таври баробар ҳузур доранд. Мардон бештар костюму шимҳои расмӣ мепӯшанд, ҳарчанд либосҳои нимарасмӣ ва озода низ ба назар мерасанд. Мардон либосҳои суннатиро тавре намепӯшанд, ки ба онҳо намуди зоҳирии ғайримуосир диҳад; занон бошанд, ҳам либосҳои суннатӣ ва ҳам навъҳои гуногуни либоси муносиб ба сабки аврупоиро ба бар мекунанд.
Рӯйдодҳои ахири Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ намунае аз тавоноӣ ва фарҳанги волои Тоҷикистонро ба намоиш гузоштанд; фарҳанге, ки дар баробари решаҳои амиқи таърихиву миллӣ, мероси даврони шуравиро низ дар худ нигоҳ доштааст.
Дидани ин амният, низом ва шавқу рағбати умумӣ ва расмӣ, ки ҷомеаҳои муосири аврупоиро ба ёд меорад ва ҳамзамон бо суннатҳо ва фарҳанги асили эронӣ омезиш ёфтааст, барои ман бисёр гуворо буд.
Бояд таъкид кунам, ки дар чунин вазъияти нигаронкунанда ва буҳронӣ ман хушҳол ва ифтихормандам, ки аз мероси қавмии тоҷикӣ реша дорам ва бо сиёсати он пайванди ногусастанӣ эҳсос мекунам. Ман тамоми кӯшиши худро барои пешбурди ин роҳ ба кор хоҳам баст.

Санаи нашр: 02.10.2026 №: 190