ҲАВОПАЙМОИ НАВ БАРОИ ИҶРОИ ПАРВОЗҲОИ МИНТАҚАВӢ
Парки Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» бо ҳавопаймои нави L 410 NG пурра гардид. Ҳавопаймои мазкур барои иҷрои парвозҳои минтақавӣ пешбинӣ шуда, оғози марҳалаи нави рушди Ширкат ва тавсеаи парки ҳавопаймоии он ба ҳисоб меравад.
То имрӯз парки «Шоҳин Эйрлайнз», асосан, аз чархболҳо иборат буд. Аз ин рӯ, қабули L 410 NG нахустин иқдоми Ширкат дар самти рушди ҳамлу нақли мусофирон тавассути ҳавопаймо ба шумор меравад. L 410 NG ҳавопаймои муосир буда, барои истифода дар хатсайрҳои кӯтоҳ ва минтақавӣ пешбинӣ шудааст. Яке аз бартариҳои муҳими он қобилияти фаъолият дар шароити гуногун, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ мебошад. Ин хусусият барои Тоҷикистон, ки дорои релефи мураккаб ва минтақаҳои кӯҳии зиёд аст, аҳамияти хос дорад.
Ҳавопаймо дорои 19 ҷойи нишаст буда, бо нишондиҳандаҳои беҳтаршудаи истифодабарӣ, самаранокии истифодаи сӯзишворӣ ва дурпарвозӣ фарқ мекунад. Ин имкониятҳо L 410 NG-ро барои ташкили интиқолоти минтақавӣ ва рушди алоқаи ҳавоӣ байни минтақаҳо мувофиқ месозанд.
Ба гуфтаи директори генералии «Шоҳин Эйрлайнз» Зафар Аҳмадзода, ворид намудани L 410 NG қадами муҳим дар татбиқи стратегияи рушди Ширкат мебошад.
– Мо ин ҳавопайморо ҳамчун заминаи мусоид барои афзоиши минбаъдаи имкониятҳои Ширкат дар соҳаи ҳамлу нақли минтақавии мусофирон ва рушди равобити ҳавоии дохилӣ арзёбӣ менамоем, – мегӯяд Зафар Аҳмадзода.
