DITE – 2026: ДУШАНБЕ МАЙДОНИ МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИД
24-26-уми сентябр дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2026) баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуда, намояндагони соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар субъектҳои соҳаҳоро ба ҳам овард.
Намоишгоҳи имсола дар ҳоле баргузор гардид, ки таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи имкониятҳои нави технологӣ дар ин соҳа афзоиш меёбад. Дар миёни иштирокдорон намояндагони ниҳодҳо ва ширкатҳои соҳаи сайёҳӣ аз кишварҳои узви ИДМ, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаластин ҳузур дошта, имкониятҳои сайёҳӣ, маҳсулот ва хизматрасониҳои кишварашонро муаррифӣ намуданд. Ҳузури намояндагони кишварҳои гуногун дар Намоишгоҳ барои барқарор ва густариши робитаҳои корӣ, табодули таҷриба ва пайдо намудани самтҳои нави ҳамкорӣ замина фароҳам меорад.
Дар баробари ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, дар намоишгоҳ ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ имкониятҳои худро муаррифӣ карданд.
Ҳадафи асосии DITE-2026 муаррифӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо байни субъектҳои соҳа, ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани замина барои татбиқи лоиҳаҳои нави сайёҳӣ мебошад.
Дар доираи Намоишгоҳ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва рекреатсионии кишвар, инчунин, маҳсулоти сайёҳӣ ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, ба меҳмонон ва иштирокдорон муаррифӣ шуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”
