ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТИИ АВТОМОБИЛӢ
5-уми октябр зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобили ҶДММ «Тоҷик-Алмос» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Хайриддин Бобоев бунёд ёфта, барои рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, васеънамоии имкониятҳои истеҳсолии минтақа ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меорад.
Дар корхона истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ, ба роҳ монда мешавад. Таҷҳизоти технологӣ ва дастгоҳҳои истеҳсолии корхона аз хориҷи кишвар ворид гардида, мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби коршиносони хориҷӣ омӯзонда шуданд. Дар корхона, асосан, занони хонашин аз маҳаллаҳои гирду атроф ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 700 ҳазор дона маҳсулотро ташкил дода, дар марҳалаи фаъолияти пурраи истеҳсолӣ имкони истеҳсоли беш аз 150 номгӯйи ҳавотозакунак пешбинӣ мегардад.
Маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ «Тоҷик-Алмос» ба талаботи бозори муосир мутобиқ буда, бо дарназардошти имкониятҳои истеҳсолӣ, метавонад талаботи бозори дохилиро таъмин намуда, дар оянда ба содирот низ равона шавад. Дар корхона 20 ҷойи кор таъсис ёфта, сокинони маҳаллӣ бо музди меҳнати муносиб таъмин гардиданд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти корхона барои таъмини эҳтиёҷоти техникаи корхонаю ширкатҳои ватанӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, ҳавотозакунакҳои истеҳсолшавандаро метавон дар воситаҳои нақлиёт ва техникаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ки дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикии кишвар, аз қабили сохтмони НБО «Роғун» саҳми назаррас дорад, истифода бурд.
Ба истифода додани корхонаи нави саноатӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, зиёд гардидани номгӯи маҳсулоти саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ мусоидат мекунад.
Фаъолияти чунин корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамчунин, барои ҷалби сармояи ватанӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои истеҳсолии минтақаҳо ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марҳалаи дуюми корхонаи ҶДММ «Тоҷик-Алмос» дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он истеҳсоли ҷузъҳои резинии қисмҳои ҳаракатдиҳандаи воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда мешавад. Дар доираи ин марҳала 30 ҷойи кор таъсис ёфта, иқтидори солонаи истеҳсолии он 400 ҳазор маҳсулотро ташкил хоҳад дод.
