АЗ БАДАХШОН ТО БӮСТОН
Иҷрои нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар рӯзи аввал
Рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ин мавсим басо мутантан оғоз ёфт. Аввалин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Тоҷикобод аз иҷрои нақша хабар доданд.
Дар ин рӯз аз деҳоти дурдаст то шаҳру вилоят ҳама фазои идона гирифтанд. Садои карнаю сурнай барои гусели наваскарон шаҳодат аз он медод, ки пайвастан ба сафи артиш мояи ифтихору сарфарозист ва ҷавонон бо амри дил роҳи хизмати Ватан пеш гирифтаанд.
Ҷавонони ватандӯсти ВМКБ чун ҳамеша ин мавсим низ садоқат нишон доданд ва вилоят дар рӯзи аввал аз иҷрои барзиёди нақша – 101 дарсад хабар дод.
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи даъватшаванда ва иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал чорабинии тантанавии ҳарбӣ – сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вилояти Суғд бошад, аввалин шуда шаҳри Бӯстон иҷрои нақшаро таъмин намуд.
Ҷавонони Тоҷикобод низ субҳи барвақт дар назди қасри фарҳанги ноҳия саф кашида, чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро карданд.
Боиси хушнудист, ки тайи солҳои охир ихтиёран пайвастани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба ҳукми анъана даромадааст ва ин гувоҳ аз масъулияти баланди шаҳрвандию боло рафтани ҳисси ватандӯстии онҳост.
М. ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
