СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Русия Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз доштанд.
Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Роҳбари давлат таъкид сохтанд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.
Дар идомаи суҳбат сарварони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён баргузор гардид.
Муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо табрикоту таманиёти нек Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона шодбош гуфтанд. Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар минбаъд ҳам дар масири густариши бемайлон қарор хоҳанд гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Эрон хоҳони сулҳу субот ва рифоҳи доимӣ шуданд.
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Ӯзбекистон Сарвари давлати моро нахустин шуда, занг заданд ва ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии комилу дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат сарварони ду кишвар ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карда, аз идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суҳбат, ҳамзамон, оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Президенти Қазоқистон зимни суҳбат Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатияшон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Сарварони давлатҳо, ҳамзамон, оид ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ибрози назар карда, ҷиҳати идомаи саъю талошҳои муштарак барои пешбурди босамари равобити ду кишвар омодагияшонро изҳор доштанд.
Дар зимн, президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом дода, ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи сатҳи олии дарпешистодаро баррасӣ карданд.
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Муҳтарам Валентина Матвиенко Сарвари давлати моро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.
Дар рафти суҳбат оид ба паҳлуҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, бо шумули масъалаҳои робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди ду кишварро таъкид сохта, изҳори итминон намуданд, ки ин робитаҳо минбаъд ҳам дар руҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони Тоҷикистон ва Русия рушд хоҳанд кард.
