ТАБРИКОТИ РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ХОДИМОНИ НАМОЁНИ ДАВЛАТИВУ ҶАМЪИЯТӢ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ ҶАНОБИ ОЛӢ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

08 октябр 2026, Панҷшанбе
12


Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, самимитарин табрикоти маро ба муносибати рӯзи таваллудатон бипазиред.
Фаъолияти Шумо дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкиди худро меёбанд. Шумо барҳақ дорои обрӯву эътибори баланд ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошед.
Саҳми шахсии Шумо дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистону Русия сазовори баҳои баланд аст. Аз идомаи муоширати созандаву дӯстонаи мо ва кори муштараки самарабахш оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ шод хоҳам буд.
Аз таҳти дил ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам».


Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати рӯзи таваллудатон изҳор намоям.
Моҳи майи соли ҷорӣ Шумо ба Чин сафари давлатии бомуваффақият анҷом додед ва мо бо Шумо мулоқоти пурмаҳсул доир намуда, нақшаи бузурги рушди муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чину Тоҷикистонро дар давраи нав тарҳрезӣ кардем.
Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям; дӯстии амиқи байни моро қадр мекунам ва омодаам, ки якҷоя бо Шумо барои пешбурди сохтмони «Ҷомеаи дорои тақдири ягонаи Чин ва Тоҷикистон» аз нуқтаи оғози болотар кӯшиш ба харҷ диҳам, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистонро дар ҳамдастӣ ба зинаи нав барорем ва ба халқҳои ду кишвар манфиати бештар оварем.
Ба Шумо саломатии бардавом, некуаҳволии комил ва дар фаъолияти наҷибатон дастовардҳои нав ба нав орзу дорам».


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо аз самими қалб бо рӯзи таваллудатон табрик гуфта, самимитарин ва некутарин таманниёти худро изҳор менамоям.
Дар Ӯзбекистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсатмадори ботаҷрибае, ки эҳтироми амиқи халқи худро соҳиб гаштааст ва дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин, таҳкими обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми бебаҳо мегузорад, баланд арзёбӣ мекунанд.
Бо қаноатмандии бузург мехоҳам таъкид намоям, ки муносибатҳои мо бо Тоҷикистон – ҳамсояи наздик ва кишвари бародари мо – дар солҳои охир ба сатҳи баланд баромаданд, ки ба иқтидор ва имкониятҳои ҳар ду давлат ҷавобгӯ мебошад. Ин натиҷаи иродаи устувори сиёсӣ ва талошҳои муштараки мо мебошад.
Бовар дорам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ муносибатҳои серпаҳлу ва дарозмуддати шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро ба нафъи ояндаи дурахшони мардумонамон ба таври пурмаҳсул рушд хоҳем дод.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Музокироти пурмаҳсуле, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Ӯзбекистон дар соли ҷорӣ сурат гирифтанд ва мувофиқаҳои муҳиме, ки дар самтҳои калидии ҳамкорӣ ба даст омаданд, бешак, марҳалаи нави шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳоямонро оғоз хоҳанд бахшид.
Шуморо бори дигар бо ин санаи фараҳбахш ва хотирмон табрик мегӯям.
Ба Шумо – бародари гиромӣ, сиҳатмандии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон зафарҳои нав, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».


Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати рӯзи таваллудатон қабул фармоед!
Ҳамчун Пешвои эътирофшудаи миллат ва арбоби давлатии сатҳи байналмилалӣ, Шумо дар ташаккули Тоҷикистони соҳибихтиёр, таъмини сулҳу ризоият дар кишвар ва рушди дарозмуддати он саҳми таърихӣ гузоштаед.
Итминон дорам, ки стратегияи хирадмандонаи давлатии Шумо минбаъд низ ба мардуми бародари тоҷик ҳамчун раҳнамо дар роҳи ҳаракат ба сӯйи некуаҳволӣ ва пешрафт хизмат хоҳад кард.
Нақши бузурги Шуморо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунам. Шаке нест, ки бо кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои серпаҳлуи байнидавлатии мо минбаъд низ ба нафъи ҳар ду давлат босуръат рушд хоҳанд кард.
Ба Шумо – Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии комил, неруи бепоён, некуаҳволии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон дастовардҳои нав ба нав орзу дорам».


Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона табрик мегӯям.
Сиёсати давлатие, ки Шумо пеша кардаед, ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, баланд бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва таҳкими обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бовар дорам, ки ҳамкории байни Кирғизистону Тоҷикистон дар руҳияи эҳтироми ҳамдигар, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек пайваста таҳкиму таъмиқ хоҳад ёфт. Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, рифоҳ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».


Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.
Имрӯз Тоҷикистон бо бовар мавқеи худро устувор ва таҳаввулоти густурдаро татбиқ намуда, ҳамкориҳои байналмилалии худро тавсеа мебахшад. Дар ин раванд, таҷрибаи ғании давлатӣ, роҳбарии хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Шумо, ки ба таъмини рушди устувор ва рифоҳи мардуми тоҷик равона шудаанд, аҳамияти хос доранд.
Муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигариро, ки байни Туркманистону Тоҷикистон барпо шудаанд, хеле арзишманд медонам. Бовар дорам, ки ба шарофати бовари барпогардида ва ҳамкории зич, давлатҳои мо минбаъд низ муносибатҳои ба ҳар ду ҷониб судоварро таҳким бахшида, имкониятҳои нави ба ҳам наздик гардидани мардумони бародари моро фароҳам хоҳанд кард.
Аз ин фурсати фараҳбахш истифода намуда, ба Шумо – Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом, баракати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиятон муваффақият, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям».


Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко:
«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам!
Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред.
Хидмати содиқонаи Шумо ба нафъи ҷомеаи тоҷик ва муносибати ғамхорона ба мероси фарҳангиву таърихиятон намунаи пешвоии барҷастаи давлатӣ буда, сиёсати дурбинонаи Шумо имкони пешрафти устуворро фароҳам месозад.
Ман дӯстии деринаамонро, ки ба боз кардани уфуқҳои нави ҳамкории Минску Душанбе мусоидат менамояд, арзишманд медонам ва онро қадр мекунам.
Ба Шумо – Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, аз самими қалб сиҳатмандии бардавом, хушбахтӣ, некуаҳволӣ ва ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаатон неруву тавоноӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрик намуда, беҳтарин таманниёти худро мерасонам.
Тамоми дастовардҳои Тоҷикистон дар тули даврони истиқлол, инчунин, обрӯи баланди кишваратон дар арсаи байналмилалӣ ба таври ногусастанӣ бо номи Шумо рабт доранд. Зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба пешрафти назаррас ноил гардида, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор намуд.
Ба шарофати меҳнати фидокоронаи Шумо, дар кишвар лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ амалӣ гардида, ба таври мунтазам сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон баланд гардида истодааст. Бовар дорам, ки Тоҷикистон бо роҳнамоии ҳадафманди Шумо минбаъд низ дар ҷодаи рушду созандагӣ бомаром пеш хоҳад рафт.
Саҳми шоистаи Шуморо дар тақвият бахшидани муносибатҳои байнидавлатии Озарбойҷону Тоҷикистон, баровардани онҳо ба сатҳи сифатан нави шарикии стратегӣ, инчунин, дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигар, ки тули асрҳо мардумони бародари моро ба ҳам мепайвастанд, хеле арзишманд медонам.
Дар ин рӯзи сарнавиштсоз ба Шумо – Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом, саодатмандӣ, неруи бепоён ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиятон комгорӣ, ба мардуми бародари Тоҷикистон рифоҳу шукуфоӣ орзу дорам».


Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган:
"Ҷаноби Президент, бародари азиз!
Ба муносибати зодрӯзатон аз номи миллатам ва шахсан худам аз сидқи дил табрик намуда, ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ ва умри дарози босаодат орзумандам.
Ман самимона бовар дорам, ки равобити наздики дӯстонаи мо, ки аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои муштараки мо сарчашма мегирад, бо талошҳои муштарак, ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба, боз ҳам таҳкиму васеътар хоҳанд гардид.
Бинобар ҳамин, аз истиқболи Шумо бародари гиромӣ дар кишварамон ҷиҳати иштирок дар Саммити роҳбарони СОР31, ки он санаҳои 11 – 12-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, хушнуд хоҳам гардид.
Бо истифода аз фурсати муносиб барои тансиҳативу саодатмандии Ҷаноби Олӣ ва рифоҳу осоиштагии мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳтарин таманниётро мерасонам".


Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян:
«Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона табрик менамоям.
Таҷриба ва обрӯи Шумо ба рушди пайвастаи Тоҷикистон, баланд бурдани сатҳи некуаҳволии кишвар, инчунин, нақши фаъоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хидмат менамоянд.
Бовар дорам, ки анъанаҳои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ки байни мардумони Арманистону Тоҷикистон барпо шудаанд, минбаъд низ чун пояи устувор барои таъмиқи муносибатҳои байнидавлатии барои ҷонибҳо судовар ва татбиқи зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории байни давлатҳоямон хидмат хоҳанд кард.
Муколамаи самимиеро, ки байни мо барқарор шудааст, қадр менамоям ва аз пазироии Шумо дар Саммити роҳбарони COP17, ки дар Ереван баргузор мегардад, шод хоҳам буд.
Ба Шумо саломатии бардавом, дар ҷодаи давлатиатон дастовардҳои нав ва беҳтарин хушиҳои зиндагӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ хоҳонам.
Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред».


Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи Ҳукумати Федератсияи Русия ва аз номи худам Шуморо ба муносибати рӯзи таваллудатон аз таҳти дил табрику таҳният мегӯям.
Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистони дӯст дар роҳи давлатсозӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Мехоҳам саҳми назарраси Шуморо дар таҳкими муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, ки бар асоси усулҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба ҳам мепайванданд, махсусан қайд намоям. Барои иҷрои қарорҳои дар сатҳи олӣ қабулшуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию технологӣ, инчунин, амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтори нақлиётӣ, маориф, илм, фарҳанг ва дигар самтҳо кори мунтазам бурда мешавад.
Тақвияти ҳамкориҳоро дар сатҳи ҳукуматҳо бо мақсади рушди минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷониба муҳим мешуморам. Итминони комил дорам, ки ин ба манфиатҳои дарозмуддати Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ҷавобгӯст.
Мулоқотҳоямро бо Шумо, ки ҳамеша дар фазои созанда ва ҳусни эътимод сурат мегиранд, бо самимият ба ёд меорам. Хурсанд хоҳам буд, ки муоширати ошкоро ва пурмазмуни худро бо Шумо идома диҳам.
Ба Шумо – Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, аз таҳти дил саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон дастовардҳои нав ба нав орзу дорам».


Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрик менамоям.
Шумо барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, афзоиши иқтисоди он ҳама корро анҷом дода, ба эътирофи мардум ва обрӯ дар арсаи байналмилалӣ ноил гардидаед.
Саҳми Шумо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои ба ҳам дӯсти мо шоёни эҳтироми амиқ мебошад.
Ба Шумо саломатии бардавом ва беҳтарин хушиҳоро орзу менамоям».


Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев:
«Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред.
Тули солҳои дароз Шумо бо азми қатъӣ ва бовари комил соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Тоҷикистонро ҳифз намуда, кишварро дар ҷодаи рушд ва таъмини сатҳи шоистаи зиндагии мардуми тоҷик роҳнамоӣ менамоед.
Ба шарофати сиёсати ҳадафмандона ва пайгиронаи Шумо, дар пайвастагӣ бо талошҳои назарраси шахсиятон, нуфузи Тоҷикистон дар арсаҳои байналмилаливу минтақавӣ густариш ёфта истодааст.
Зери роҳбарии Шумо Душанбе ба тавсеаи ҳамкории судманд ва муносибатҳои амалӣ дар Созмони Шанхай муносибати созанда намуда, ташаббусу пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон рӯзномаи бисёрҷанбаи иттиҳодияи моро ба таври назаррас ғанӣ карда истодаанд.
Иҷозат фармоед, ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дастовардҳои навро ба нафъи шаҳрвандони Тоҷикистони дӯст орзу намоям».


Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Таалатбек Масадиков:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, самимонатарин табрикоти маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред!
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо иқтидорҳои иқтисодӣ ва низомии худро бомуваффақият ва дилпурона афзун мегардонад; манфиатҳои миллиашро дар арсаи байналмилалӣ қатъиян ва пайваста ҳимоя мекунад; дар таҳкими сулҳу субот дар фазои Авруосиё нақши назаррас мебозад. Барои таваҷҷуҳи хоси Шумо ба фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он миннатдорем.
Иҷозат диҳед ба Шумо – муҳтарам ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои нав ба нав ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намоям».

Санаи нашр: 05.10.2026 №: 191