ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ АБАРМАРДИ ДАВЛАТСОЗ ДАР ЭҲЁ, БОЗШИНОСӢ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
![]()
Дар таърихи ҳар миллат марҳалаҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо масъалаи шинохти гузашта ба масъалаи дарки имрӯз ва муайян намудани роҳи оянда бо ҳам тавъаманд. Имрӯз, ки шароити ҷаҳонишавӣ таъсири худро бараъло нишон дода истодааст, марзҳои фарҳангӣ тадриҷан боз ҳам фаротар шуда, ҷомеаҳо таҳти таъсири равандҳои гуногуни иттилоотӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ қарор мегиранд, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Барои давлатҳои соҳибистиқлол ин масъала танҳо ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ё омӯзиши гузаштаи миллат маҳдуд намешавад. Он ба яке аз масъалаҳои муҳими давлатсозӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи миллат дар ҷаҳони муосир табдил меёбад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвари мо низ, дар баробари бунёди ниҳодҳои нави сиёсиву иқтисодӣ зарурати бозшиносии решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии миллат ба миён омада, дар ин раванд масъалаи тамаддуни ориёӣ тадриҷан ба яке аз мавзуъҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва ҳувиятсозии давлати Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.
Албатта, дар ин самт саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва ташаббускори сиёсати эҳёи хотираи таърихӣ назаррас аст. Муҳимтарин хусусияти фаъолияти Пешвои миллат дар он зоҳир мешавад, ки таърих ва фарҳангро танҳо ба унвони мавзуи гузашта баррасӣ накарда, онҳоро бо масъалаҳои худшиносии миллӣ, давлатдорӣ, тарбияи шаҳрвандӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваст намуданд. Аз ҳамин нуқтаи назар, сухан гуфтан дар бораи нақши Сарвари давлат дар ташаккули тамаддуни ориёӣ ба маънои он нест, ки гӯё як шахс метавонад тамаддуни чандҳазорсоларо ба вуҷуд оварад. Тамаддун маҳсули фаъолияти тулонии наслҳо ва равандҳои мураккаби таърихист, аммо як роҳбари сиёсӣ метавонад муайян кунад, ки ҷомеа ба кадом фаслҳои хотираи таърихии худ таваҷҷуҳ менамояд, онҳоро чи гуна ба рӯзномаи давлатӣ ворид месозад ва барои омӯзишу муаррифии онҳо чи гуна заминаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ фароҳам меорад. Маҳз дар ҳамин маъно саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи таваҷҷуҳи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба мероси ориёӣ аҳамияти хос пайдо мекунад.
Дар асарҳо ва суханрониҳои Роҳбари давлат масъалаи таърихи тоҷикон, давлатдории миллӣ ва пайванди марҳалаҳои гуногуни таърихӣ пайваста матраҳ гардидаанд. Силсилаи асарҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих". "Аз Ориён то Сомониён" дар ин раванд ҷойгоҳи махсус дорад. Худи унвони асар аз кӯшиши баррасии таърихи миллат ҳамчун як раванди тулонӣ ва пайваста шаҳодат медиҳад. Ин ташаббус баъдан дар осори дигар, аз ҷумла «Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оғози асри XXI», «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин», «Наврӯз – шиносномаи миллат» ва махсусан, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» идома ёфт. Соли 2006 ин фарогард аҳамияти махсус пайдо кард. Дар ҳамин сол таваҷҷуҳ ба масъалаи тамаддуни ориёӣ ба марҳалаи нави сиёсиву фарҳангӣ ворид шуд ва ин ҳам маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Сарвари давлат дар мақолаи худ бо номи «Ориёиҳо ва эътирофи тамаддуни ориёӣ» зарурати омӯзиши ин меросро таъкид намуда, ҳамзамон мавқеи худро нисбат ба кӯшишҳои пайвастани мавқеи ориёӣ ба масъалаҳои нажодӣ ва зиддиятҳои динӣ баён карданд. Ҷойи таъкид аст, ки ин иқдом танҳо номи рамзии як сол набуд. Дар доираи он таваҷҷуҳ ба омӯзиши таърихи Бохтару Суғд, мероси давраҳои пешазисломӣ, арзишҳои фарҳангии ориёӣ ва марҳалаҳои ташаккули давлатдории тоҷикон бештар гардид. Баргузории Симпозиуми байналмилалӣ оид ба тамаддуни ориёӣ дар Душанбе ва иштироки намояндагони кишварҳои гуногун дар он нишон дод, ки масъала танҳо дар доираи баҳси дохилии таърихӣ боқӣ намондааст, балки ба мавзуи муколамаи илмии байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Мероси ориёӣ ҳазорсолаҳо пеш вуҷуд дошт, аммо масъалаи он ки ҷомеаи муосир ин меросро чи гуна меомӯзад, ба наслҳои нав чи гуна муаррифӣ мекунанд ва дар фарҳанги миллии худ чи ҷой медиҳанд, масъалаи давраи муосир аст. Дар Тоҷикистон ин раванд дар давраи истиқлол, замоне ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ба таври махсус фаъол шуд. Аз ин зовия, фаъолияти Пешвои миллатро метавон талош барои ба вуҷуд овардани фазои васеътари илмӣ ва фарҳангӣ дар атрофи мероси қадимии минтақа арзёбӣ кард. Агар қаблан чунин масъалаҳо бештар дар доираи таҳқиқоти алоҳидаи таърихшиносон, бостоншиносон, забоншиносон ва шарқшиносон баррасӣ мешуданд, дар давраи истиқлол онҳо тадриҷан ба бахши муҳими сиёсати фарҳангии давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз чораҷӯйӣ намоянд. Ин ташаббусро метавон марҳалаи нави сиёсати эҳёи мероси таърихӣ арзёбӣ кард, зеро агар соли 2006 таваҷҷуҳ ба тамаддуни ориёӣ тавассути соли махсус ва ҳамоишҳои илмӣ ба ҷомеа муаррифӣ шуда бошад, ҳоло масъала ба самти ташкили инфрасохтори махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ҳаракат мекунад. Ҳатто муҳимтар аз ин, дар муҳити илмии Тоҷикистон масъалаи таъсиси чунин ниҳод бо зарурати омӯзиши сарчашмаҳои нав ва ҳамкории байналмилалӣ пайваст мешавад. Масалан яке аз муҳаққиқони шинохта, доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов таъкид менамояд, ки барои таҳқиқи амиқи тамаддуни ориёӣ бояд сарчашмаҳои дар осорхонаҳо, марказҳои хаттӣ ва муассисаҳои илмии хориҷӣ маҳфузбуда ҷамъоварӣ ва мавриди омӯзиш қарор гиранд. Ӯ зарурати ҷалби олимони марказҳои илмии маъруфи ҷаҳон ва истифодаи равиши муқоисавиро низ таъкид мекунад. Ин ҷиҳати масъала махсусан муҳим аст, зеро агар ҳадаф аз ташаккули Конуни тамаддуни ориёӣ танҳо таҷлили гузашта мебуд, таъсиси чунин ниҳод зарурати илмии кофӣ надошт. Аммо вақте сухан дар бораи ҷамъоварии сарчашмаҳо, таҳқиқоти муқоисавӣ, рақамикунонӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии натиҷаҳои илмӣ меравад, масъала ба сатҳи нави академӣ мебарояд. Дар чунин ҳолат ташаббуси сиёсӣ метавонад ба рушди воқеии илмҳои таърихӣ ва фарҳангшиносӣ такон бахшад.
Маҳз ҳамин равиш метавонад яке аз муҳимтарин натиҷаҳои дарозмуддати сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, яъне табдил додани таваҷҷуҳ ба мероси таърихӣ аз як масъалаи хотиравӣ ба масъалаи таҳқиқотӣ ва институтсионалӣ. Дар ин сурат мероси ориёӣ танҳо мавзуи ифтихори миллӣ набуда, балки ба объекти таҳқиқоти муназзам, муқоисавӣ ва байналмилалӣ табдил меёбад.
Маҳз ҳамин андеша дар суханрониҳои Пешвои миллат низ таъкид шудаанд, ки мероси гузашта бояд омӯхта, идома дода ва барои наслҳои оянда ҳифз карда шавад. Аз ин ҷиҳат, мероси ориёӣ метавонад барои Тоҷикистон на танҳо объекти худшиносии дохилӣ, балки воситаи дипломатияи фарҳангӣ низ бошад. Ҳар як тамаддун вақте ба арзиши байналмилалӣ табдил меёбад, ки ҷомеа тавонад онро бо забони илм, фарҳанг ва муколамаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад. Таърихи Бохтару Суғд, Наврӯз, осори хаттӣ, фарҳанги зардуштӣ, анъанаҳои шаҳрсозӣ ва дигар унсурҳои мероси қадимӣ метавонанд дар ҳамин самт ба захираи муҳими муаррифии Тоҷикистон табдил ёбанд.
Гулҳаё МАДИМАРОВА,
ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
