ВАҲДАТ. ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

09 октябр 2026, Ҷумъа
12


Ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Ваҳдат низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ободу зебо гашта, ба туфайли заҳмати содиқонаи фарзандонаш ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гаштааст. Сокинони шаҳри Ваҳдат аз суҳбатҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ дар ободониву пешрафти шаҳри худ дастаҷамъона саъю талош доранд. Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода оид ба дастовардҳо дар замони соҳибистиқлолӣ андешаҳояшро ба хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
– Воқеан, тавре мушоҳида мегардад, шаҳри Ваҳдат дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои намоён ноил гаштааст. Имрӯзҳо дар шаҳраку деҳоти Ваҳдат корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд ва ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мегардад, дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодиро мушоҳида менамояд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат аз 355,4 ҳазор сомонии соли 1998 дар соли 2025 ба 401 миллиону 858,5 ҳазор сомонӣ расид, яъне 113 маротиба афзоиш ёфта, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр мусоидат намуд. Дар шаҳри Ваҳдат ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Захираҳои табиии шаҳр, аз ҷумла кони ангиштсанги Сайёд, кони гранити Хушон, флюорит, масолеҳи бинокорӣ (гаҷ, гил, регу шағал), сангҳои ороишӣ, обҳои маъданӣ, гиёҳҳои шифобахш ва ашёи хоми кишоварзӣ метавонанд ба рушди саноат такони ҷиддӣ бахшанд.
Имрӯз дар шаҳр 134 корхонаю коргоҳи саноатӣ фаъол буда, истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ дар қисми воридоти буҷети маҳаллӣ қариб 70 фоизро ташкил намуд. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ба 781,2 миллион сомонӣ расид, ки аз пешравии назаррас дарак медиҳад.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии шаҳр ба ҳисоб рафта, бобати таъмини аҳолӣ бо озуқа, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо кори доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Соҳаи мазкур низ рӯ ба рушд ниҳода, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. Мавриди зикр аст, ки дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 183,7 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри пешрафти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат мувофиқи стратегия ва барномаҳои миллии рушди соҳа корҳои назаррас ба сомон расиданд. Аз ҷумла, барои хидматрасонии тиббии махсусгардондашуда 8 марказ ташкил гардид. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри амалисозии Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил шуъбаи байниноҳиявии бемориҳои дил бо 40 кат дар заминаи беморхонаи минтақавии №1-и деҳаи Гулрези деҳоти Абдулло Абдулвосиев ташкил ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.
Баҳри амалисозии Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд дар шуъбаи бемориҳои дарунӣ катҳои иловагӣ барои бистаринамоӣ ҷой карда шуданд. Тамоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тандурустӣ ва марказҳои саломатӣ таъмиру тармим гашта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардиданд.
Аз соли 2007 то имрӯз дар шаҳри Ваҳдат 57 бинои маркази саломатии деҳотӣ ва бунгоҳи саломатӣ сохта ва ҳам аз таъмир бароварда шуд. Ҳоло 88 бунгоҳи саломатӣ дар хидмати мардум қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ сохтмони 127 бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз гардида, зиёда аз 30-тои он ба истифода дода шуд. Солҳои шуравӣ дар шаҳр ҳамагӣ ду бинои 9-ошёна мавҷуд буд. Имрӯз шумораи биноҳои аз 7 то 18-ошёна аз 80-то зиёд аст.
Бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 607 иншооти соҳаҳои саноат, тандурустӣ, маориф, варзиш, истироҳатию фарҳангӣ, хидматрасонӣ, савдою хӯроки умумӣ, биноҳои истиқоматию маъмурӣ, пулу роҳҳо ба маблағи 1 миллиарду 885 миллиону 108,8 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. 4380 ҷойи кори нав муҳайё гашт.
Маврид ба ёдоварист, ки шаҳри Ваҳдат бо доштани манзараҳои зебои табиат, маконҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ машҳур аст. Бахусус, дараи Ромит яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кишвар бо мавзеъҳои диданӣ, боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо ва набототу ҳайвоноти нодираш дер боз сайёҳонро мафтун кардааст.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.10.2026 №: 195