МЕҲРГОН ҶАШНИ ХУДСОЗӢ ВА ҲУВИЯТМАДОРӢ
Аслан, ҷашну оинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, руҳияи миллию мардумиро дар тули зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Ба василаи иҷрои маросими ҷашнию оинӣ ҷомеа ва мардум зиндагии худро як навъ сару сомон мебахшанд ва аз ҳузури фаъоли худ дар арсаи вуҷуд дарак медиҳанд.
Муҳаққиқони муосир, аз ҷумла дар робита бо Ҷашни Меҳргон бар ин таъкид мекунанд, ки дар рӯзшумории куҳани Эрон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст. Ҷашни Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ (Наврӯзу Тиргон ва Сада) ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ (фалакӣ), кишоварзӣ ва маданӣ дорад. Зимнан, таҷлили Ҷашни Меҳргон бо ҳаводиси устуравии пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок иртиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ, ки доир ба зиндагии оинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гузоштааст, дар «Ат-Тафҳим» нигоштааст: «Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад».
Бузургони адабу фарҳанги миллӣ Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ аз Ҷашни Меҳргон ва махсусиятҳои он ёд кардаанд. Масалан, Дақиқӣ гуфтааст:
Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,
Он куҷо Гов беҳ парвардаш Бармоюно.
Ба дунболи ин, ҳаким Фирдавсӣ дар достони «Фаридун» ҳудуди даҳ байтро ба таъсиси Ҷашни Меҳргон, иллати зуҳур ва маросими он ихтисос додааст:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.
Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёникулоҳ.
Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар кас раҳи Эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойин яке ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.
Майи рӯшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон нав зи доду сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоию хӯрдан ойини ӯст.
Агар ёдгор аст аз ӯ моҳмеҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
Ба ин маъно, Меҳргон рӯзи Фаридун аст, чунонки Наврӯз рӯзи Ҷамшед талаққӣ шудааст. Пас, Фаридун зиндакунандаи оини куҳани Ҷамшедӣ аст ва табиист, ки хуршедкирдор мебошад.
Асадии Тӯсӣ, ки суннати шоҳноманависиро пас аз Фирдавсӣ идома бахшидааст, дар интисоби ин Ҷашн ба Фаридун мегӯяд:
Фаридуни фаррух ба гурди набард,
Зи Заҳҳоки тозӣ баровард гард.
Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз Хӯша Меҳр,
Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.
Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,
Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барфарохт.
Дар бораи таҷлили Ҷашни Меҳргон ва иҷрои маросими меҳргонӣ қабл аз ислом донишмандон, муаррихон ва шоиру нависандагон изҳори назар кардаанд. Ҷиддитарин нукотро дар заминаи Ҷашни Меҳргон ва мушаххасоти таҷлили маросими меҳргонӣ фарҳангшиноси шаҳири асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ баён доштааст. Ба таъкиди Берунӣ диққат медиҳем: «Ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати Офтоб буд ба сар мегузоштанд ва дар ин рӯз барои ирониён бозоре барпо мешуд…».
Аз он ҷо, ки Меҳргон ба ҳусни зиндагии рӯзмарраи мардумӣ ҳусни дигар афзудааст, тули таърих мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоиро маҷзуб намудааст. Рози ҷазбаи ҷашнӣ ва маросимии Меҳргон дар хамираи ҳувиятии он, ки бо мушаххасоти маҳосини ахлоқию отифии меҳр, муҳаббат, илтифот, самимият, хирад, фазилат, садоқат, шарофат, мурувват, саховат ва мунтаҳо, инсоният омезиш ёфтааст, ниҳон аст. Агарчи Наврӯз бо муҳтавои ботинию зоҳириаш ҷуғрофиёи бузургтареро мусаххар карда буд, Меҳргон аз он монданӣ надошт ва дар фазою муҳитҳои гуногун таҷлил гардида, роҳро барои тавсеа додани ҷуғрофиё ҳамвор мекард. Кор то ба ҳадде расида будааст, ки замоне ҳар ду моҳ – меҳрмоҳ ва фарвардинмоҳро, ки ба тартиб оғози эътидоли пойизӣ ва баҳорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробарии рӯзу шаб иттифоқ меафтад, ба унвони соли нав ҷашн мегирифтанд.
Ба гумони ғолиб, Меҳргон на ба хотири он ки номи моҳ ба рӯзи моҳ баробар мешудааст, мавриди таҷлил қарор мегирифтааст, балки ба ифтихори шарофату волоияти зиндагӣ ва арзиши умри инсонӣ таҷлил мегардидааст. Ба ин маъно, Меҳргон эҳсоси зиндагипарастии мардумро ифода мекунад. Чун Меҳргон бо аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртиботи зотӣ ва маъноӣ дорад, сатҳу сифати зиндагидӯстӣ ва зебоиписандии одамонро боло мебарад. Ин навъи биниши арзишманди миллӣ ва мардумиро дар густурдани хони меҳргонӣ, ки аз анвои меваҷоту сабзавот таркиб ёфтааст, мушоҳида кардан мумкин аст.
Пешина ва собиқаи устурӣ ва таърихии Ҷашни Меҳргон ифодагари он аст, ки мардуми форсу тоҷик дар ҳама давру замон, новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ, тааллуқоти нажодию миллӣ ва динию имонӣ, ба зиндагӣ ва инсон арзиши баланд қоил будаанд ва тавассути таҷлили ҷашну маросим, қабл аз ҳама, иттиҳоду ҳамбастагии инсонҳоро мехостаанд. Вежагии фарогирии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, раванди баҳамойӣ ва ҳамшарикии мардумиро дар умури иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад. Маҳз ҳамин вежагӣ аз бомдоди таърихи зуҳури ҷашнҳои миллӣ то имрӯз дар бистари оину маросими бумӣ ҳамчунон боқист.
Нозим НУРЗОДА,
муҳаққиқ
