ТОҶИКИСТОН. АҲАМИЯТИ ТАШАББУСИ НАВ ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ҶАҲОНӢ

09 октябр 2026, Ҷумъа
4


Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ бо суръати бесобиқа тағйир меёбанд, масъалаи донистан, фаҳмидан ва дуруст истифода бурдани ҳуқуқ ба яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа табдил ёфтааст. Имрӯз ҳуқуқи инсон танҳо маҷмуи меъёри дар санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ пешбинишуда нест, балки яке аз пояҳои асосии муносибатҳои солими иҷтимоӣ, эътимоди шаҳрвандон ба давлат, суботи ҷомеа ва рушди давлатдории муосир ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро ҷомеае, ки шаҳрвандони он аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳанд, нисбат ба қонун муносибати масъулиятнок доранд ва роҳҳои қонунии ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро медонанд, барои пешгирии қонуншиканӣ ва таҳкими адолат имкониятҳои бештар дорад.
Маҳз бо назардошти чунин воқеияти ҷаҳони муосир ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, ки бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 12-уми декабри соли 2025 қабул гардид, аҳамияти хос дорад. Ин рӯйдодро метавон аз чанд ҷиҳат арзёбӣ кард. Аз як тараф, он аҳамияти афзояндаи маърифати ҳуқуқиро дар сатҳи байналмилалӣ нишон медиҳад. Аз ҷониби дигар, ташаббуси мазкур барои Тоҷикистон имконияти иловагӣ фароҳам меорад, ки таҷрибаи миллӣ дар самти рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳо ва таҳкими волоияти қонунро дар доираи муколамаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Аз нигоҳи дигар, қабули Қатъномаи мазкур масъулияти давлатҳо, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва худи шаҳрвандонро барои ба сатҳи нав баровардани маърифати ҳуқуқӣ бештар мегардонад.
Шаҳрванди дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ на танҳо ҳангоми поймол шудани ҳуқуқи худ ба қонун муроҷиат мекунад, балки пеш аз содир намудани амал оқибатҳои ҳуқуқии онро низ ба назар мегирад. Ӯ медонад, ки озодии шахсӣ маънои беэътиноӣ ба ҳуқуқи дигаронро надорад. Ӯ мефаҳмад, ки ҳуқуқ ва уҳдадорӣ ду мафҳуми ба ҳам алоқаманданд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бояд, ҳамзамон, ба рушди ҳисси масъулиятнокии шаҳрвандӣ равона карда шавад.
Аз ин рӯ, Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ бояд на танҳо соли омӯзиши қонунҳои классикӣ, балки соли мутобиқ намудани донишҳои ҳуқуқӣ ба воқеияти нави иҷтимоӣ ва технологӣ низ бошад. Ҷаҳони рақамӣ сарҳадҳои анъанавии муносибатҳои ҳуқуқиро тағйир медиҳад. Як амал дар фазои маҷозӣ метавонад дар якчанд сония ба ҳазорон нафар таъсир расонад. Аз ин рӯ, масъулияти ҳуқуқии инсон дар муҳити рақамӣ бояд ба яке аз самтҳои муҳими маърифати ҳуқуқӣ табдил ёбад. Дар ин робита Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ метавонад барои рушди чунин фарҳанги иттилоотӣ имконияти хуб фароҳам оварад.
Аҳамияти байналмилалии ташаббуси Тоҷикистон маҳз дар ҳамин ҷо бештар намоён мегардад. Тоҷикистон бо пешниҳоди масъалаи маърифати ҳуқуқӣ ба рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид масъалаеро пешниҳод кард, ки ба тамоми давлатҳо дахл дорад. Ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ масъалаҳои марбут ба як давлат ё як минтақа нестанд. Онҳо арзишҳое мебошанд, ки барои ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти умумӣ доранд.
Ҳамин аст моҳияти асосии ташаббуси байналмилалӣ: ҳуқуқ танҳо дар қонун навишта нашуда, он бояд дар шуури инсон, дар рафтори шаҳрванд, дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дар муносибатҳои байни одамон таҷассум ёбад. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамон неруест, ки метавонад пайванди байни қонун ва ҳаёти воқеиро мустаҳкам намояд. Аз ин рӯ, Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ метавонад як қадами муҳим дар роҳи ташаккули ҷомеаҳои бештар огоҳ, қонунмеҳвар, масъулиятшинос ва адолатпеша бошад.
Самариддин ҒИЁСИДДИНЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 08.10.2026 №: 195