МАҲБУБИ ДИЛҲО. НИГОҲЕ БА ЗИНДАГИНОМАИ ОРИФИ ОЛАМШУМУЛ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

09 октябр 2026, Ҷумъа
10


“Орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар тамоми Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андарзҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо шавқу завқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ, қироат мекунанд”.
Эмомалӣ Раҳмон


Ҳар сол 30-юми сентябр дар кишвар Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз танҳо як ҷашни одӣ нест, балки арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги адабӣ, маънавӣ ва фалсафии тоҷик аст, ки бо андешаҳои инсонпарварона ва ашъори мондагори худ дили миллионҳо нафарро дар Шарқу Ғарб тасхир кардааст.
Бо гузашти беш аз ҳашт аср аз замони зиндагии Мавлоно, осори ӯ аҳамияти худро гум накардааст. Баръакс, имрӯз низ андешаҳои ӯ дар бораи инсон, муҳаббат, ахлоқ, маърифат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта барои ҷомеаи башарӣ муҳим мебошанд.
Ба гуфтаи доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ, Мавлоно дар фалсафа ва тасаввуф роҳи хоси худро дошт, ки онро “роҳи сеюми Ҷалолиддини Балхӣ” меноманд. Дар маркази андешаҳои ӯ эҳтиром ба инсон, таҳаммулпазирӣ ва муносибати нек ба пайравони динҳо ва эътиқодҳои гуногун қарор дорад. Ин андешаҳои Мавлоно барои ҷомеаи муосир низ аҳамияти хос доранд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар маҷмуъ, як Фаридуни ҷаҳони маънавист, ки дар тамоми ақсои олам маълуму машҳур аст.


СИРРИ МАҲБУБИЯТИ МАВЛОНО ДАР ЧИСТ?
Саволе ба миён меояд чаро баъди садсолаҳо Мавлоно ҳамоно маҳбуби миллионҳо нафар аст?
Устоди шодравони тоҷик Расул Ҳодизода дар ин маврид таъкид кардааст, ки Мавлоно андешаҳои мураккаби фалсафиро тавассути ҳикоят, афсона, масал ва мисолҳои содаи мардумӣ баён мекард. Аз ин рӯ, “Маснавии маънавӣ” на танҳо барои аҳли илму адаб, балки барои мардуми одӣ низ фаҳмо ва ҷолиб гардидааст.
Мавлоно роҳи шоирони бузург Саноӣ ва Атторро идома дода, сухани ирфонӣ ва фалсафиро ба зиндагии мардум наздик кард. Ӯ аз усули “қисса андар қисса” моҳирона истифода бурда, андешаҳои амиқро бо забони равон, сода ва таъсирбахш баён намуд. Шеъри ӯ инсонро ба андеша, худшиносӣ ва покии ботин ҳидоят мекунад.
Маҳз ҳамин содагӣ, самимият ва умқи маънавии осори Мавлоно боис гардидааст, ки номи ӯ аз марзҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ гузашта, дар қалби мардумони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷой гирад.


МАВЛОНО ВА ҶАҲОНИ ҒАРБ
Дар кишварҳои Ғарб Мавлоноро ҳамчун яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони Шарқ мешиносанд. Андешаҳои ӯ таваҷҷуҳи донишмандону адибони зиёди ҷаҳонро ба худ ҷалб кардаанд.
Аз охири асри XX ба ин сӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои англисзабон таваҷҷуҳ ба осори Мавлоно ба таври назаррас афзуд. Яке аз омилҳои асосии ин раванд тарҷумаҳои осори ӯ ба забони англисӣ мебошад. Шоири амрикоӣ Колман Баркс аз маъруфтарин тарҷумонҳои осори Мавлоно ба забони англисӣ ба шумор меравад. Тарҷумаҳои ӯ барои шинохти ашъори Мавлоно дар миёни хонандагони англисзабон заминаи муҳим фароҳам оварданд. Дар баробари ин, муҳаққиқони кишварҳои гуногун ба омӯзиши зиндагӣ, осор ва ҷаҳонбинии Мавлоно таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар бораи ӯ асарҳои илмӣ ва адабӣ ба нашр расонданд.


ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Мероси маънавии Мавлоно кайҳо аз ҳудуди як миллату як минтақа берун рафта, ба як падидаи умумибашарӣ табдил ёфтааст. Соли 2007 ба муносибати 800-солагии Мавлоно дар сатҳи байналмилалӣ чорабиниҳои зиёди илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардиданд.
7-8-уми июни соли 2024 бо ташаббуси Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бахшида ба 815-солагии Мавлоно Конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд. Дар он донишмандону муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун иштирок намуда, паҳлуҳои мухталифи мероси адабӣ ва фалсафии Мавлоноро баррасӣ карданд.
Дар маҷмуъ, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нишонаи арҷгузорӣ ба мероси бузурги маънавию адабии миллати тоҷик мебошад. Андешаҳои Мавлоно моро ба дӯст доштани инсон, эҳтироми дигарон, таҳаммулпазирӣ, худшиносӣ ва ҳифзи сулҳу дӯстӣ даъват мекунанд.
Мероси Мавлоно мисли чароғи равшанест, ки пас аз ҳашт аср ҳам роҳи инсонро ба сӯйи маърифат, муҳаббат ва инсондӯстӣ мунаввар месозад.

М. МУҚАДДАМОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.10.2026 №: 195