ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АЪЗОИ РАЁСАТИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АЪЗОИ РАЁСАТИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ

06 июн 2023, Сешанбе
15
0

 
5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот карданд.

Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони вохӯриро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал табрику таҳният намуданд.
Зикр гардид, ки Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмуи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод. Инчунин, дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар давраи Раёсат дар Фонд барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби он тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад.
Сарвари давлат нақши муҳими Раёсатро дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ зикр намуда, аҳамияти қарорҳои қабулкардаи Раёсатро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байни кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии об ва мушкилоти экологӣ таъкид намуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҷаласаҳои Раёсати Фонд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул гардид.
Дар мулоқот, инчунин, масъалаи ҷоннок намудани кор бо саҳмгузорон ва шарикони рушде, ки ба Фонд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, таъкид шуд.
Зикр гардид, ки Фонд дар Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар моҳи марти соли ҷорӣ фаъолона иштирок кард.
Тавре маълум аст, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика низ, таҳти таваҷҷуҳи доимии сарварони кишварҳои минтақа қарор дорад.
Аз ин рӯ, зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, афзоиши шумораи аҳолии минтақа, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишварҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва дигар масоили марбут ба обу иқлим, андешаронӣ карданд.
Пешниҳод гардид, ки бояд ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва усулҳои обёрӣ, инчунин, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шаванд.
Айни замон, ҷаҳон бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ аст, ки дар баробари тағйирёбии иқлим ва дигар офатҳои табиӣ вазъи кунунии минтақаро душвор мегардонад. Ин беш аз ҳарвақта аз кишварҳои минтақа муттаҳидӣ ва муборизаи муштарак бо ин таҳдиду хатарҳоро тақозо менамояд.
Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими нақши Фонд дар ин раванд, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Санаи нашр: 06.06.2023 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив