МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ ЛАВРОВ
6 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.
Маҷмуи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар ин зимн, муҳимияти таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур таъкид гардид.
Сарвари давлати мо раванди рушди бомароми муносиботи ду кишварро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак қайд карда, аҳамияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавиро бахусус таъкид карданд.
Дар чорчӯби суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)