ДОРО НАҶОТ. ЁДЕ АЗ ДОРОИИ “ҶУМҲУРИЯТ”

19 ноябр 2026, Панҷшанбе
8
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Доро Наҷот баҳори имсол ҷашн дошт, ҷашни камоли 80-солагӣ. Зиндагии зебои ин равшанфикри тоҷик ва маргаш ҳам шоирона сурат гирифт, дар баҳорони соли 1946 дар водии Зарафшон ба ҷаҳон омаду дар хазонрези соли 2026 рахти сафар баст ва мазори Лучоби шаҳри Душанберо маъвои охират намуд. Ӯ аз номвартарин шоирони мо дар ҳавзаи порсизабонон аст, ки ҳам шеъри сапед ва ҳам фарҳанги фароҳамсохтааш дар Эрону Афғонистон баҳои сазовор гирифтааст. Ҳатто намунаҳои шеърҳои Доро Наҷотро ба барномаҳои дарсии кишварҳои ёдшуда ворид сохтаанд, ки воқеан, баҳои баланд ба осори як тоҷики фарҳангист.
13 СОЛ БО РӮЗНОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ»
Баъди ба поён расондани хидмати низомӣ муддате дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ кор кард. Соли 1978 ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» («Тоҷикистони советӣ») ҳамчун хабарнигор ба кор омад. 13 сол бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» боқӣ монд ва то сардории шуъбаи фарҳанг расид. Азбаски фазои рӯзнома мутахассиспарвар аст, аз идораи мо дар соли 1991 ба вазифаи сардабири ҳафтаномаи “Сомон” таъин гашт. Медонем, ки «Сомон» ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони порсии тоҷикӣ буд, ки муассисонаш устодон Лоиқ, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва як зумра равшанфикрони дигар буданд. Минбаъд корманди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, то бознишастагӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ранҷ бурд.
ПЕШТОЗИ ШЕЪРИ САПЕД
Доро Наҷот муаллифи китобҳои шеърии «Соҳиби кӯҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулуе дар ғуруб» (1998), “Маҳтобе хамида дар рукуъ” (2006), «Меоям аз шигифт» (2013), “Озарахши озароин” (2021), “Девони Доро” (2026), “Найнаво” (2026) мебошад. Силсилаи чакомаҳои ӯ ба забонҳои хориҷӣ низ тарҷума ва ба табъ расидаанд. Маҷмуаи шеърҳояш ҳам борҳо дар Эрон чоп ва рӯнамоӣ шудаанд. Бавижа, “Озарахши озароин”-ро нашриёти "Меҳр"-и Лондон чоп кард ва аз тарафи адабиётшиносон баҳои шоиста гирифт.
Доро аз саромадон ва гӯяндагони тавоно ва огаҳи шеъри сапед дар Тоҷикистон аст. Адабиётшинос Анзурати Маликзод чи хуш хулоса намуда: “Агар бигӯем, ки гунаи миллӣ ва тоҷиконаи шеъри сапед дар адабиёти тоҷикӣ ба номи Доро Наҷот пайванд мегирад, шояд, саҳве нахоҳад шуд, зеро Доро дар шеъри сапеди тоҷикӣ бо вожагон, бо дид, назар ва сабки тозаи худаш ворид шуд. Вожагони шеърро низ нав кард”.
Ин шоири озода мавзуъҳои рӯз, ба мисли Меҳан, “Роғун” ва тамаддуни ориёиро ҳам ба қолаби шеъри сапед оварда, ки тару тозаанд:
“Роғун” дил аст,
Ки метапад дар синаи миллат!
Ва бартар аз ҳазор дили данкойӣ
медурахшад субҳи Меҳанро бо табассуми тулуъ
Ва чароғаки шабнами боли гулпаракҳо.
Шеърҳои машҳури шоирро бо номи “Эҳё” бо садои устод Зафар Нозим ва ғазалҳои “Ман худамро борҳо мирондаам”, “Аз олами чуну чаро хоҳӣ-нахоҳӣ меравем”-ро бо садои Афзалшоҳи Шодӣ мову шумо хуб дар ёд дорем.
“ФАРҲАНГИ ДОРО” – ДОРОИИ МИЛЛАТ
Доро Наҷот ба ҷуз аз шоиру рӯзноманигор будан, инчунин, пажӯҳишгар ва фарҳангнависи хушкори мо буд. Аз ҷумла, рисолаи Шайх Абулқосими Гургонӣ, ки дар он масъалаҳои марбут ба таърихи тасаввуф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд ва «Фарҳанги Доро» (2012, 2026) аз ҷустуҷӯҳои тулонии мавсуф паём мерасонанд. «Фарҳанги Доро» дар ду чоп ба истиқболи гарми забоншиносону фарҳангнигорон сабаб шуд. Ин китоб дар чопи нахуст (соли 2012) панҷ ҳазор вожаву ибораро фаро гирифта, дар чопи нави соли 2026 дар ду ҷилд бисту панҷ ҳазор вожаро ба ҳам овардааст. Бино бар навиштаи худи фароҳамсоз, 25 соли умри ӯ ба ҷамъоварии ин ганҷина сарф шудааст.
Вақте «Фарҳанги Доро»-ро варақ мезанед, дар ҳайрат мешавед, ки фароҳамсоз то куҷо бо сарчашмаҳои адабиву забоншиносии ҷаҳони порсизабонон ошност ва барои ба субут расондани асолати як вожа чӣ қадар китобу рисола, луғатномаҳо ва ҳатто матбуоти кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро хондааст. Ин китоб аз он ҷиҳат қобили мулоҳиза аст, ки бештар вожаҳои навро аз осори адибон, аз забони мардум, аз асарҳои фаромӯшшуда эҳё, решаковӣ ва муаррифӣ кардааст. Ҳамзамон, вожаҳоеро низ ошно месозад, ки дар ҳавзаи порсизабонон барои фанноварӣ, илм ва тавлиди колову технологияи ҷадид фаровон истифода мешаванд. Ростӣ, «Фарҳанги Доро» барои фароҳамсозии луғатномаҳои илмӣ, иқтисодӣ, фаннӣ, сиёсӣ, варзишӣ, ҷомеашиносӣ ва мардумшиносӣ ёвари беғараз хоҳад буд.
Ин шоири озода пас аз солҳои дарози ҷустуҷӯ, пажӯҳиш ва шабзиндадориҳои эҷодӣ, гӯё ба чунин хулоса расида, ки поёни ёдвораи мо хоҳад буд:
То даме ки будро тағйир ҳаст,
Ҳар куҷо вайронаро таъмир ҳаст,
Зарраи худсозро тадбир ҳаст,
Қосиди эъҷозро табшир ҳаст;
Асли мо моро таваллуд мекунад,
Насли мо моро таҷаддуд мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.11.2026 №: 225