САФАРИ КОРИИ ВЛАДИМИР ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН

23 ноябр 2026, Душанбе
5
Истиқболи Президенти Федератсияи Русия
20-уми ноябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
20-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардид.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Владимир Путинро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат намуданд.
Дар бораи таъмини амният ва субот дар минтақа мубодилаи судманди афкор анҷом гирифт.
Ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва нақлиёт, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасонии электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар бахшҳои гуманитарӣ сарварони ду давлат ба рушди робитаҳо дар самтҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе низ аз мавзуъҳои суҳбат буд.
Дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ дар руҳияи созандагӣ таъкид шуд.
Дар рафти гуфтушунид вазъияти минтақа, мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, зуҳуроти радикализм, таҳдидҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир, муфассал муҳокима гардид.
Сатҳи ҳамкории хуби ҳамоҳангшудаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар баланд арзёбӣ шуд.
Изҳори бовар гашт, ки густариши ҳамкории минбаъда имкон медиҳад, то шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар бо муҳтавои нави амалӣ ба манфиати ҳар ду мардум ғанӣ гардад.
Дар ҷараёни суҳбат мусоҳибон атрофи масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Анҷоми сафари кории Президенти Федератсияи Русия
Нимаи дуюми рӯзи 20-уми ноябр сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Зимни мулоқоти сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доираи васеи масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ гардид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гусел намуданд.
Санаи нашр: 20.11.2026 №: 226