ТОҶИКИСТОН. ДАСТОВАРДҲО ДАР ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ДИН

23 ноябр 2026, Душанбе
4
Истиқлоли давлатӣ дар баробари фароҳам овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии бунёди давлати миллӣ барои эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа низ имкониятҳои нав ба вуҷуд овард. Яке аз самтҳое, ки дигаргуниҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар он ба таври равшан эҳсос мегарданд, муносибати давлат ба дин, таъмини озодии виҷдон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон мебошад.
Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар сатҳи Конститутсия эътироф кардаву кафолат дод. Маҳз дунявӣ будани давлат барои муносибати баробар ба эътиқодҳои гуногун, дахолат накардани давлат ба озодии дину видҷон ва ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Қонун, ҳамчунин, баробарии ҳамаро дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва мансубияти динӣ, муқаррар кардааст. Ҳеҷ кас вазифадор нест, ки муносибати худро ба дин ошкор намояд ва шахс набояд барои пайравӣ кардан ё накардан ба дин, иштирок намудан ё накардан дар ибодат ва маросими динӣ маҷбур карда шавад.
Бояд бидонем, ки озодии виҷдон танҳо ҳуқуқи шахси диндор барои ибодат намудан нест. Мафҳуми ҳуқуқии он фарохтар буда, ҳам ҳуқуқи эътиқод доштан ва ҳам ҳуқуқи эътиқод надоштан, ҳам иштирок кардан дар маросими динӣ ва ҳам иштирок накардан дар онро фаро мегирад. Маҳз чунин муносибат моҳияти давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро ифода мекунад.
Аммо дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт танҳо бо ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешаванд, барои фаъолияти амалии иттиҳодияҳои динӣ низ шароити васеътар фароҳам гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон дар кишвар беш аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле ки дар даврони шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам таъсис ёфтанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои дигари тағйироти куллӣ имконияти шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра мебошад. Агар дар даврони шуравӣ чунин имконият барои аҳолии Тоҷикистон ниҳоят маҳдуд буд, дар замони соҳибистиқлолӣ сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ба таври муназзам ташкил карда мешавад. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки муносибати ҷомеа ва давлат ба иҷрои фаризаҳои динӣ ба таври куллӣ тағйир ёфтааст.
Бо ташаббуси роҳбарияти кишвар дар Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои минтақа бунёд гардид ва дар расми ифтитоҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳамзамон, соли гузашта бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ба баҳрабардорӣ расид, ки дар он барои таҳқиқ ва илмомӯзӣ тамоми шароити лозима фароҳам гардидааст. Ҷанбаи дигари муҳим ин аст, ки аз файзи истиқлол мероси бузурги маънавии миллат аз нав мавриди омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашр қарор гирифт. Аз ҷумла, соли 2009 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълом гардид. Ин иқдом ҷиҳати шинохти ҳувияти мазҳабӣ, дарки андешаи фиқҳи исломӣ, таҳаммулпазирӣ, дурӣ ҷустан аз андеша ва равияҳои тундрави динӣ барои ҷомеаи мо хеле муассир буд. Дар ин сол, ҳамчунин, бо иштироки олимону донишмандони ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлат 1310-солагии Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит таҷлил гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, солҷашнҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар донишмандону мутафаккирон бо шукӯҳи хосса таҷлил шуда, осори онҳо ба таври васеъ нашр ва муаррифӣ гардид.
Аз муҳимтарин иқдомҳои ин давра тарҷума ва нашри Қуръони карим ба забони тоҷикӣ мебошад. Ҳамагон медонем, ки Қуръони карим дар даврони соҳибистиқлолӣ се маротиба ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуда, ба мардум дастрас гардид. Дастрас намудани маънои Қуръон ба забони модарӣ барои дарки огоҳонаи таълимоти динӣ, боло бурдани маърифати динӣ ва фарқ гузоштан миёни арзишҳои аслии динӣ ва хурофоту таассуб аҳамияти ҷиддӣ дорад, ки ба ин нукта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид намудаанд. Яъне, дар Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш карда мешавад, ки эътиқод ва маърифат дар канори ҳам қарор гиранд, зеро таҷрибаи ҷомеа нишон медиҳад, ки танҳо фароҳам овардани имконияти ибодат кофӣ нест. Барои ҳифзи муҳити солими динӣ шаҳрванд бояд моҳияти таълимоти дини худро низ дуруст дарк намояд. Аз ҳамин ҷост, ки дар баробари фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба рушди диншиносӣ, исломшиносӣ, тарбияи мутахассисон ва омӯзиши илмии равандҳои динӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Дар ин баробар, бояд бидонем, ки озодии виҷдон, мисли дигар ҳуқуқҳои инсон, дар ҳеҷ низоми ҳуқуқӣ мафҳуми берун аз қонун нест. Қонунгузории Тоҷикистон низ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва дигар манфиатҳои конститутсионӣ маҳдудиятҳои муайянро пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, таъмини озодии динӣ ва пешгирии истифодаи дин барои барангехтани кинаву адоват, таассуб ва ифротгароӣ ду вазифаи ба ҳам алоқаманди сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд.
Таҷрибаи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар муносибат ба дин роҳи хоси худро ташаккул додааст: давлати дунявӣ, ҷомеаи дорои мероси ғании динӣ ва ҳуқуқи шаҳрванд ба интихоби озодонаи муносибати худ ба дин. Ин се унсур набояд муқобили ҳам гузошта шаванд. Баръакс, дар доираи қонун онҳо метавонанд ҳамдигарро пурра намоянд. Аз ин ҷиҳат, дастовардҳои даврони истиқлолро танҳо ба шумори масҷидҳо, теъдоди ҳоҷиён ё нашри адабиёти динӣ маҳдуд кардан нашояд, зеро муҳимтар аз ҳама, дар ин солҳо низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии муносибати давлату дин ташаккул ёфт, ҳуқуқ ба озодии виҷдон кафолати конститутсионӣ пайдо кард, фаъолияти ҳазорҳо иттиҳодияи динӣ ба роҳ монда шуд, шароити адои фаризаҳои динӣ васеъ гардид, мероси диниву маънавии гузаштагон эҳёву нашр шуд ва имконияти омӯзишу таҳқиқи илмии масъалаҳои динӣ фароҳам омад.
Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин раванд бо боло бурдани маърифати ҳуқуқиву динӣ, таҳкими таҳаммулпазирӣ, омӯзиши амиқи мероси маънавии ниёгон ва пешгирӣ аз ҳар гуна истифодаи ғаразноки эҳсосоти динӣ боз ҳам устувор карда шавад. Зеро арзиши озодии виҷдон дар он аст, ки инсон тавонад огоҳонаву ихтиёрӣ ва дар фазои сулҳу субот эҳтиёҷоти эътиқодии худро амалӣ намояд, ба эътиқоди дигарон эҳтиром гузорад ва ҳамзамон, худро узви масъули ҷомеа ва давлати худ эҳсос кунад. Маҳз чунин муҳит метавонад ҳам озодии эътиқодро ҳифз намояд ва ҳам динро ҳамчун сарчашмаи ахлоқ, маърифат, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ ба манфиати ҷомеа равона созад.
Саъдулло ХОҶАЗОДА,
прокурори раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 20.11.2026 №: 226