ТЕАТРИ МИЛЛӢ. ШОҲАСАРИ МЕЪМОРИЕ, КИ МУАЛЛИФАШ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСТ
Ба Театри миллӣ ворид мешавам. Дар дару девори он зебоипарастии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш баставу руҳи бузургон зинда аст. Ин ҷо аз Курушу Кова то Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Турсунзодаву Ғафуров фарҳанги миллатро оинадорӣ мекунанд. Борбади Марвазӣ бо уди эъҷозофаринаш дилҳоро ба шӯр меорад; Сомонӣ бо ҳама нусрату бузургӣ ба вориси сониаш Эмомалӣ Раҳмон дуруд мегӯяд. Ба фарзанде, ки дар дили кӯҳ "тамаддуни зеризаминӣ" – "Роғун" сохт ва дар қалби Душанбе намунае аз шоҳасари меъмории тоҷик – Театри миллиро. Бале, муаллифи ин шоҳасар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд.
Ин бино, ки намоди ҳунари воло, санъати асил ва фарҳангии чандинасраи миллати бостонии мост, дар қалби Душанбе қомат афрохта. Дар баробари Қасри миллат, биноҳои Ҳукумату Парлумон ва Майдони Исмоили Сомониву Боғи Парчами давлатӣ ба маркази пойтахт шаҳомати хос мебахшад ва шаҳри моро ба макони воқеии сайру саёҳат табдил медиҳад.
Бунёди ин Театр орзуи Сарвари давлат буд, ки ҳанӯз панҷ сол қабл – замони таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин макон гузаштани Ҷашни 35-солагии Истиқлолро ваъда дода буданд. Ва ин бурҷи санъатро низ иродаи Ҷаноби Олӣ сохт. Тамоми ин муддат аз рафти сохтмон хабар мегирифтанд, бо хишт-хишт баланд шудани он ормонҳояшон дар роҳи созандагӣ сабз мегашт. Билохир, дар ин бино хоҳиш, ҳунар, санъат, зебоипарастӣ ба ҳам омад ва муъҷизаи меъморӣ офарида шуд. Бале, ин театр муъҷиза аст, муъҷизаи дастони одамӣ, ки қодир аст аз чӯбу санг ба ин шаҳомат биное офарад.
Сохтмони театр 11 сол идома ёфт ва дари худро айёми таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлол ба рӯйи ҳаводорони санъат, адабиёт ва зебоӣ боз кард.
Ин қасри бошукӯҳ ҳосили заҳмати 11-солаи муҳандисону тарроҳон, устоҳои гулкору мусаввирони хушкор аст.
Ҳамаи онҳо тули ин муддат заҳмат кашиданд, то ба мо азамати театрро нишон диҳанд; нишон диҳанд, ки ба ҷуз ҳунарпеша саҳна низ "рақс" мекунад, саҳна руҳ дорад, инсонро эҳсос мекунад.
Ин саҳнаҳо сохта шуданд, то тавассути онҳо ба гӯши мо садои таърихи дирӯз, қиссаҳои ватансозони имрӯз, роҳи дарпешистодаи фардоиён бирасад.
Ин саҳнаҳои бузург сохта шуданд, то мо ба театр чун ба дунёи зебоӣ амиқтар дил бандем, онро дӯст дорем, аз дарси он, аз панди он баҳравар гардем.
Ин саҳнаҳои бузург сохта шуданд, то мо ба театр биравем.
Ин саҳнаҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар ихтиёри аҳли ҳунар гузошта шуданд, то рӯйи онҳо шоҳасарҳои санъат эҷод гарданд, мусиқии мо оламро тасхир кунад. Ин бино қомат афрохт, чун рамзи садоқати Пешвои миллат ба аҳли ҳунар, ки "Фарҳанг – ҳастии миллат" гуфта буданд…
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.11.2026 №: 226
