БАНКОМАТ ВА ТЕРМИНАЛҲОИ ХУДКОР. СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД!
Яке аз воситаҳои муҳими хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ банкоматҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон мебошанд. Онҳо ҳамчун воситаи худхизматрасонӣ ба муштариён имкон медиҳанд, ки бидуни муроҷиат ба корманди бонк амалиёти гуногуни молиявиро дар ҷойи дилхоҳ анҷом диҳанд. Мутаассифона, бо вуҷуди ин пешравиҳо, имрӯз сатҳи хизматрасонии аксари таҷҳизоти номбурда ба талабот ҷавобгӯ набуда, боиси нигаронии муштариён гаштаанд.
АҲАМИЯТИ БАНКОМАТҲО ДАР НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ
Бартарии асосии инфрасохтори пардохтӣ, асосан, дар он аст, ки муштарӣ метавонад дар вақти нисбатан мувофиқ ва бидуни навбат амалиёти зарурии молиявиро анҷом диҳад. Истифодаи васеи банкомат ва терминалҳо ҳам барои бонк ва ҳам муштарӣ манфиат дорад. Барои бонк онҳо имкон медиҳанд, ки як қисми хизматрасониҳо бе иштироки мустақими кормандон анҷом дода шаванд. Барои муштарӣ дастрасии зудтарро ба хизматрасониҳои молиявӣ, аз қабили гирифтани пули нақд, санҷиши бақияи суратҳисоб, интиқоли маблағ, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, ва як қатор амалиёти дигар таъмин мекунанд.
Тибқи маълумот ва ҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 1 139 банкомат ва 2 828 терминали худкори худхизматрасон насб гардидааст. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ бошад, ба ҳолати санаи зикршуда 3 913 банкомат ва 6 955 терминали худкори худхизматрасон насб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта шумораи банкоматҳо 17,3 фоиз афзуда, теъдоди терминалҳои худкори худхизматрасон 3,9 фоиз коҳиш ёфтааст.
ХИЗМАТРАСОНИИ НОКИФОЯИ БАНКОМАТҲО
Ин ҷо танҳо дар мавриди банкомату терминалҳое, ки дар кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт насб шудаанд, ибрози назар мекунем. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар назди истгоҳҳо, корхонаҳо, роҳравҳои пиёдагардон дар масофаи муайян банкоматҳо мавҷуданд. Бо вуҷуди он ки истифодабарандагони ин гуна дастгоҳҳо хеле зиёданд, вале дар амал вобаста ба фаъолияти онҳо мушкилоти гуногун ба назар мерасанд. Масалан, баъзан терминалҳо пули нақд надоранд, пайвасти техникӣ зуд-зуд қатъ мешавад ё иҷрои амалиёт вақти зиёдро талаб мекунад. Чанде аз чунин таҷҳизот солҳо инҷониб фаъол нестанд. Аз ҷумла, дар кӯчаи Маяковский, маҳаллаи 32 чунин дастгоҳҳои фарсударо дар назди роҳравҳои сераҳолӣ дидан мумкин аст. Аз сабаби муддатҳои зиёд корношоям будану истифода накардан, дар рӯйи онҳо ягон навиштаҷоте нест, экранашон аз чангу хок хира гаштаанду ба кадом бонк тааллуқ доштанашон низ номуайян мебошад. Мавҷуд будани чунин таҷҳизот зебоии кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро танҳо коста мегардонанду халос. Аксари чунин дастгоҳҳо дар ҷойҳои номувофиқ, масалан, зери шуои Офтоб насб шудаанд, ки хондан ва дидани ҳарфҳои рӯйи экран ҳангоми амалиёт ба мизоҷон мушкилӣ эҷод мекунад.
– Чанд сол инҷониб ман аз мағозаҳои кишвар техникаҳои маишии рӯзгор, умуман молу маҳсулоти зарурии худро ба воситаи бонкҳо, аз қабили «Алифбонк», ба тариқи насия мехарам, – изҳор дошт Усмон Сафаров, сокини пойтахт. – Аз ҳамин сабаб, барои пардохти ҳармоҳа аз терминалҳои сарироҳӣ истифода мебарам. Аксар вақт як мушкилӣ маро сарсон мекунад: бештари терминалҳо пули нави 50 сомонӣ ва 100 сомониро қабул намекунанд. Аз чи сабаб бошад, ки ҳангоми пули навро ворид намудан фаврӣ посух медиҳад, ки «пул номуайян аст» ва онро бармегардонад. Сипас, маҷбур мешавам, ки маблағи заруриро ба пули фарсуда иваз намоям, то ки терминал онро қабул намояд. Баъзан, ҳолатҳое мешаванд, ки пули фарсударо ҳам қабул намекунанд.
Марҳабо Давлатова, шаҳрванди дигар низ, аз хизматрасонии пасти аксари банкоматҳои сарироҳии кӯчаҳои пойтахт изҳори нигаронӣ намуд.
– Ман низ аз ин таҷҳизот ҳамеша истифода мебарам ва борҳо ба мушкилоти хизматрасонии банкоматҳо рӯ ба рӯ гаштаам. Як мушкили дигари маъмул ин норасоии маблағи нақд дар баъзе терминалҳо, аз қабили «Душанбе Сити», «Амонатбонк», «Пайванд», мебошад. Ин мушкил, махсусан дар рӯзҳои гирифтани маош, идҳо ва дигар давраҳое, ки талабот ба маблағ зиёд мегардад, бештар эҳсос мешавад, – иброз дошт мусоҳиби мо.
Дарвоқеъ, чунин мушкилот имрӯзҳо ҷой доштаву муштариён бо он мувоҷеҳ мегарданд. Мавриди зикр аст, ки истифодаи банкомату терминалҳои бонки дигар метавонад барои муштарӣ, ки корти онро надорад, боиси пардохти комиссия гардад. Ҳамчунин, баъзе банкоматҳо барои гирифтани маблағ маҳдудияти муайян доранд. Агар муштарӣ пешакӣ дар бораи комиссия, лимити гирифтани маблағ ва дигар шартҳо маълумот надошта бошад, ин метавонад боиси норозигӣ гардад.
ШУМОРАИ НОКИФОЯ ВА ҶОЙГИРШАВИИ НОМУВОФИҚИ БАНКОМАТҲО
Самаранокии фаъолият ва дастрасии хизматрасонии банкомат танҳо аз мавҷудияти худи дастгоҳ вобаста нест. Суръати кор, устувории шабака, мавҷудияти маблағи нақд, бехатарӣ, сифати хизматрасонии техникӣ, шумора ва ҷойгиршавии дурусти онҳо низ дар ин раванд нақши калон доранд. Агар чунин дастгоҳҳо бештар дар марказҳои шаҳр ҷойгир шуда, дар маҳаллаҳои сераҳолӣ ё минтақаҳои дурдаст кам бошанд, бешак, қисми муайяни аҳолӣ ба онҳо дастрасии кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, ҳангоми васеъ намудани шабакаи банкоматҳо бояд на танҳо шумора, балки ҷойгиршавии онҳо низ дар асоси талаботи воқеии аҳолӣ, бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳо, ба назар гирифта шавад.
МАСЪУЛОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар робита ба масъалаи мазкур чунин посух дод: “Таъмини фаъолияти мунтазам ва босифати банкоматҳо ва хизматрасонии техникии онҳо, пеш аз ҳама, ба зиммаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун молик ва истифодабарандаи ин таҷҳизот вогузор мебошад. Онҳо уҳдадоранд банкоматҳоро сари вақт бо пули нақд таъмин намуда, фаъолияти техникии онҳоро зери назорат гиранд ва нуқсонҳои ҷойдоштаро фавран бартараф созанд. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар доираи ваколатҳои назоратӣ ва танзимии худ иҷрои талаботи мазкурро тавассути таҳлили ҳисобот, натиҷаи санҷишҳо ва баррасии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон назорат мекунад. Ҳамзамон, дархостҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба пешниҳоди пули нақд аз ҷониби БМТ пурра ва сари вақт қонеъ карда мешаванд.
Сабаби қабул нагардидани банкнотаҳои 100 сомонии намунаи соли 2021 аз ҷониби баъзе терминалҳои худкори худхизматрасон, асосан, ба номувофиқ будани таҷҳизоти пулқабулкунак ва таъминоти барномавии онҳо вобаста мебошад. Бо мақсади бартараф намудани мушкили мазкур, БМТ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати навсозӣ ё иваз кардани таҷҳизоти пулқабулкунак ва мутобиқсозии таъминоти барномавии терминалҳо дастурҳои дахлдор додааст. Айни замон, қисми зиёди ташкилотҳои қарзии молиявӣ ин камбудиро бартараф карда, ташкилотҳои дигар корҳои навсозиро марҳала ба марҳала идома дода истодаанд. Сабаби тул кашидани ин раванд, пеш аз ҳама, шумораи зиёди таҷҳизот ва хароҷоти зарурӣ барои мутобиқсозии техникии онҳо мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ минбаъд низ ҷиҳати навсозии инфрасохтори пардохтӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба онҳо, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдасти кишвар, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд”.
Ба гуфтаи масъулони БМТ, коҳиши шумораи терминалҳо, асосан, ба фарсудашавӣ ва корношоям гардидани баъзе дастгоҳҳо, инчунин, номувофиқ будани таҷҳизоти пулқабулкунаки онҳо ба талаботи қабули банкнотаҳои намунаи нави пулӣ вобаста мебошад. Бо назардошти хароҷоти зиёди навсозӣ ва самаранок набудани истифодаи баъзе дастгоҳҳои куҳна, ташкилотҳои қарзии молиявӣ қисме аз онҳоро аз фаъолият боздоштаанд.
ХУЛОСА
Беҳтар намудани фаъолияти банкомат ва терминалҳо метавонад ба рушди низоми бонкӣ, таҳкими эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо, рушди пардохтҳои рақамӣ ва густариши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат намояд. Дар ин замина, таъмини дастгоҳҳо бо забони тоҷикӣ ва интерфейси фаҳмо, баланд бардоштани сатҳи амнияти кортҳои бонкӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва истифодаи усулҳои муосири пардохт, нигоҳдории мунтазами таҷҳизот, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ба сифат ва пешрафти самти мазкур мусоидат хоҳад кард.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.11.2026 №: 226
